08.05.2026
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Гулистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқот баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки имрӯз соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва рушди инфрасохтори соҳа тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ мегарданд.
Дар идомаи суҳбат ба масъалаҳои ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба барои баргузории аттестатсияи давлатии хатми хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ бояд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ гирифта, барои истиқболи арзандаи ин санаи муҳим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар вохӯрӣ инчунин ба масъалаи пешгирии ҷамъоварии маблағ аз хонандагону падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, масъулин вазифадор шуданд, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин самт қатъиян риоя намоянд.
Таъкид шуд, ки пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ бояд пурра ба тариқи электронӣ анҷом дода шавад, то шаффофият ва самаранокии хизматрасонӣ таъмин гардад.
Дар анҷоми мулоқот вазири маориф ва илм ба масъулини соҳаи маорифи шаҳри Гулистон ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои тарбиявӣ миёни хонандагон дастуру супориҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон