Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки барои дарёфти ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2026 Озмун эълон менамояд.

Озмун бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти ҷеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккули афкори солим, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию меҳанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими зеҳни миллии ҷавонон, равона намудани онҳо ба илмомӯзӣ, бедор намудани завқи китобхонӣ ва илмдӯстӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳозирҷавобӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими захираи луғавӣ, фаъолгардонии раванди забондонӣ, беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимии магистрантон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи банди 1.4 Низомномаи Озмуни мазкур магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ метавонанд иштирок намоянд;

Тибқи талаботи банди 1.5. Низомнома, Озмун дар давоми соли таҳсил дар ду давр - даври якум дар муассиса (миёни магистрантони курсҳои 1 ва 2) нимаи дуюми моҳи феврал ва даври дуюм, ки даври хотимавӣ (ҷумҳуриявӣ) маҳсуб меёбад, миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ аз                       1 то 31 март гузаронида шуда, макони баргузории онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

Тибқи талаботи банди 3.3. Низомнома, Озмун аз рӯйи бахшҳои зерин гузаронида мешавад:

–Илмҳои табиатшиносӣ (математика, механика, астрономия, физика, химия, биологияи физикӣ - химиявӣ, биологияи умумӣ, физиология);

–Илмҳои техникӣ (мошинсозӣ ва мошиншиносӣ, энергетика, техникаи электрикӣ, абзорсозӣ ва ченакшиносӣ, радиотехника ва алоқа, иттилоот - техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ, филизшиносӣ, маводшиносӣ, технология (аз рӯйи соҳаҳо: химиявӣ, хӯрокворӣ, мавод ва маҳсулоти саноати бофандагӣ ва сабук, хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва азнавкоркарди чӯб), дастгоҳҳои агроинженерӣ, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, электроника ва наноэлетроника, экология, бехатарии фаъолияти инсон);

–Илмҳои кишоварзӣ (агрономия, байторӣ, зоотехния, ҷангалшиносӣ);

–Илмҳои гуманитарӣ (ҳуҷҷатнигорӣ ва китобхонашиносӣ, таърих, бостоншиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, санъатшиносӣ, санъат, фарҳангшиносӣ, туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш);

–Илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ (иқтисодиёт, ҳуқуқ, педагогика, равоншиносӣ, сотсиология, сиёсатшиносӣ);

–Илмҳои тиббӣ (тибби клиникӣ, тибби беҳдоштӣ, биологияи тиббӣ, фарматсия); 

–Илмҳои заминшиносӣ (география, геология, геодезия ва заминсозӣ).

Бинобар ин довталабон метавонанд тибқи тартиботи муқарраргардида бевосита дар Озмуни мазкур иштирок намоянд. 

Масъули баргузории Озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати илм ва инноватсия мебошад.

Кумитаи тадорукоти Озмун:

Тел.: 227-32-59