Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки барои дарёфти ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 Озмун эълон менамояд.

Озмуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ, кашфиёт, навоварӣ ва эҷодкорӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи олимону омӯзгорон дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотии сатҳи баланд, тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ ва инкишоф додани неруи зеҳнии онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Тибқи талаботи Низомнома, Озмун барои дарёфти ҷоизаи «Олими сол» ҳамасола дар ду давра баргузор карда мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври якум (муассисавӣ) барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) то 10 март соли 2026 муқаррар карда шудааст

Даври дуюми озмун моҳи март дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Тибқи талаботи банди 2.12. Низомнома, Озмун аз рӯйи бахшҳои зерин гузаронида мешавад:

–Илмҳои табиатшиносӣ (математика, механика, астрономия, физика, химия, биологияи физикӣ - химиявӣ, биологияи умумӣ, физиология);

–Илмҳои техникӣ (мошинсозӣ ва мошиншиносӣ, энергетика, техникаи электрикӣ, абзорсозӣ ва ченакшиносӣ, радиотехника ва алоқа, иттилоот - техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ, филизшиносӣ, маводшиносӣ, технология (аз рӯйи соҳаҳо: химиявӣ, хӯрокворӣ, мавод ва маҳсулоти саноати бофандагӣ ва сабук, хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва азнавкоркарди чӯб), дастгоҳҳои агроинженерӣ, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, электроника ва наноэлетроника, экология, бехатарии фаъолияти инсон);

–Илмҳои кишоварзӣ (агрономия, байторӣ, зоотехния, ҷангалшиносӣ);

–Илмҳои гуманитарӣ (ҳуҷҷатнигорӣ ва китобхонашиносӣ, таърих, бостоншиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, санъатшиносӣ, санъат, фарҳангшиносӣ, туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш);

–Илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ (иқтисодиёт, ҳуқуқ, педагогика, равоншиносӣ, сотсиология, сиёсатшиносӣ);

–Илмҳои тиббӣ (тибби клиникӣ, тибби беҳдоштӣ, биологияи тиббӣ, фарматсия);

–Илмҳои заминшиносӣ (география, геология, геодезия ва заминсозӣ).

Тибқи талаботи банди 2.4 Низомномаи Озмуни мазкур олимон ва омӯзгороне, ки дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро доранд.

Бинобар ин довталабон метавонанд тибқи тартиботи муқарраргардида бевосита дар Озмуни мазкур иштирок намоянд. 

Масъули баргузории Озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати илм ва инноватсия мебошад.

Кумитаи тадорукоти Озмун:

Тел.: 227-32-59