Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки барои дарёфти ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 Озмун эълон менамояд.

Озмун бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология ва принсипҳои сиёсати илмӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин тадбир имконият фароҳам меорад, ки бо роҳи ҳавасмандгардонии донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи онҳо, инчунин ҷалби бештари онҳо ба корҳои илмию инноватсионӣ ва техникию технологӣ, инчунин барои баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар ин замина ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ, инкишоф додани нерӯи зеҳнии онҳо гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи банди 15 Низомнома, Озмун барои дарёфти ҷоизаи «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ҳамасола дар давраҳои зерин баргузор карда мешавад:

- даври якум - муассисавӣ, нимаи якуми моҳи феврал - дар муассисае, ки довталаб дар он ҷо таҳсил мекунад;

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври якум барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) то 10 март муқаррар карда шудааст.

- даври дуюм - ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) моҳи март дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад;

Бинобар ин довталабон метавонанд тибқи тартиботи муқарраргардида бевосита дар Озмуни мазкур иштирок намоянд. 

Масъули баргузории Озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати илм ва инноватсия мебошад.

Кумитаи тадорукоти Озмун:

Тел.: 227-32-59