Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки 30 январи соли 2026, соати 09:00, дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи А. Адҳамов-11/2, рӯ ба рӯйи Литсейи № 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.

Намояндагони ВАО метавонанд шакли электронии маълумот оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 (варақаи иттилоотӣ)-ро аз телеграми вазорат https://t.me/vazoratimaorif дасрас намоянд. Ҳамзамон, барои дарёфти маълумоти бештар ва пешниҳоди саволҳо ба Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм (227-37-06, 988-68-76-08, press@maorif.tj) муроҷиат кунанд.