БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ЗАБОНҲОИ РУСИЮ АНГЛИСӢ ВА МУШОВИРОНИ РАЁСАТУ ШУЪБАҲОИ МАОРИФ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ШУРУЪ ГАРДИД 20-уми декабри соли равон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба кабинетҳои лингафонӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русию англисӣ ва мушовирони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маориф баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он муовини якуми вазири маориф ...
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба истифода доданд. Бинои нави таълимӣ дар доираи нақшаи ...
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид, ки дар он директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Ҷаласаро Л.Абдулхолиқзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ...
Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст ва Шаҳло Сайдалиева барандаи “Шоҳҷоиза” гардид 17-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ...
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”: 45 НАФАР ПАДАРУ МОДАР СОҲИБИ НИШОНИ “МАЪРИФАТПАРВАР” ГАРДИД Нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М.Сатториён, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Абдуллозода, вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон А.Азизӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ...