ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» 18-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи дуюми Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» доир гардид. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва мушовирони маҳаллӣ иштирок намуданд. Сараввал, вазири маорфи ва илм ҳозиринро бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» роҳандозӣ гардид, ки мақсад аз амалигардонии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар ҳар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар натиҷаи ба пуррагӣ ва самаранок иҷро шудани иқдомоти ба нақша гирифташудаи лоиҳаи мазкур муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бо шумораи бештари таҷҳизоти фаннӣ ҷиҳозонида мешаванд, муҳити таълим замонавӣ ва имконияти таҳсилоти босифат фарох мегардад. Сипас, маърӯзаи муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода вобаста ба нуқтаҳои асосии фаъолияти лоиҳа оид ба дастгирии таҳияи «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Дар идома, Музаффарзода Бадриддин - ҳамоҳангсози лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» вобаста ба рафти татбиқи лоиҳаи болозикр ва аъзоёни шуро вобаста ба самтҳои гуногуни лоиҳа баромад намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
345
18.03.2024
-
Баррасии масъалаҳои лоиҳакашии ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Фархор Баррасии масъалаҳои лоиҳакашии ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Фархор, дар вохӯрӣ бо гурӯҳи лоиҳаи LEARN, ширкатҳои лоиҳакашӣ, намояндагон ва меъморони Бонки Ҷаҳонӣ.
313
19.02.2024
-
Дастурамали тадбиқи лоиҳа барои солҳои 2023 - 2029. Гурӯҳи лоиҳаи LEARN дар ҷаласа барои муҳокимаи масъалаҳои Дастурамали тадбиқи лоиҳа барои солҳои 2023 - 2029.
331
16.02.2024
Эълон
Бештар-
25.12.2024
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала методистов отделов образования школ по проекту LEARN
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала методистов отделов образования школ по проекту LEARN Бештар -
25.12.2024
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала директоров школ по проекту LEARN
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала директоров школ по проекту LEARN Бештар -
25.12.2024
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала учителей истории по проекту LEARN
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала учителей истории по проекту LEARN Бештар
Ҳамаи элонҳо