10.06.2026
7 июн дар ҷашнвораи китоб дар «Майдони Сурх»-и шаҳри Москва даври ниҳоии XV Озмуни байналмилалии хонандагон «Классикаи зинда» («Живая классика») баргузор гардид. Имсол дар ин озмун аз ҳамаи 89 минтақаи Федератсияи Россия ва намояндагон аз 65 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар даври ниҳоии озмун 12 хонандаи беҳтарин – 6 нафар аз Россия ва 6 нафар аз кишварҳои дигар (Тоҷикистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон) буданд. Дар иҷрои довталабон матнҳо аз асарҳои нависандагон Юрий Яковлев, Борис Василев, Андрей Жвалевский, Михаил Зошенко ва Мария Ботева садо доданд.
Хушнуд Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, порчаеро аз асари Михаил Зошенко «Таърихи беморӣ» («История болезни») бо маҳорати баланд қироат кард ва баҳои баланди ҳайати ҳакамонро соҳиб гардид. Роҳбари ӯ омӯзгори забон ва адабиёти рус Галина Юревна Бауэр қайд мекунад, ки ин муваффақият натиҷаи меҳнати зиёд, мақсаднокӣ, матонат ва муҳаббати самимӣ мебошад. Хушнуд сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва талош барои такмили маҳорати худро нишон дод.
«Классикаи зинда» бузургтарин озмуни адабии русзабон дар Федератсяи Россия ва берун аз он ба шумор меравад, ки ҳадафаш баланд бардоштани шавқу рағбати кӯдакон ва наврасон ба мутолиа мебошад. Ҳар сол дар он зиёда аз 1 миллион хонандаи мактаб иштирок мекунанд. Ҳамаи марҳалаҳои 15-умин озмуни «Классикаи зинда» аз давраҳои интихобӣ оғоз гардида, аз сатҳи мактабӣ ва шаҳрӣ гузашта, бо баромади дурахшони иштирокчиёни даври ниҳоӣ анҷом ёфт. Дар байни онҳо беҳтарин қироаткунандагон аз Россия ва кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Хушнуд Душанбиев, ки аз миёни зиёда аз 400 иштирокчӣ аз кишварҳои гуногун пеш гузашт, беҳтарин аз беҳтаринҳо эътироф гардид.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкурро ҳунармандони театру кино ва нависандагон баҳогузорӣ намуданд ва дар он доираи васеи тамошобинон ҳузур доштанд. Интихоби матн ва пораҳо аз асарҳои адибон мустақилона аз ҷониби довталабон сурат гирифта, ҳар яке бо маҳорати баланд иҷро менамуданд.
Шоистаи таъкид аст, ки фонди «Классикаи зинда» 15 сол боз фаъолият дорад. Дар ин муддат дар он зиёда аз 10 миллион хонанда аз минтақаҳои Федератсияи Россия ва 86 кишвари хориҷӣ иштирок кардаанд.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»