09.06.2026
9 июни соли 2026 бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар мутахассисони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми марбут ба такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилоти умумиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ҳамчун ҳуҷҷати калидии танзимкунандаи соҳа, асоси муайянсозии мазмун ва сохтори таҳсилот, заминаи ягонаи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, низоми арзёбӣ ва фаъолияти касбии омӯзгорон мебошад.
Қайд карда шуд, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи бознигарӣ ва мутобиқсозии стандарт ба талаботи ҷомеаи муосир ба миён гузошта шуда, лоиҳаи нави он бо дарназардошти тағйироти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, талаботи бозори меҳнат ва тамоюлҳои ҷаҳонии таҳсилот таҳия гардидааст.
Иштирокдорон зикр намуданд, ки дар лоиҳаи пешниҳодшуда ба масъалаҳои рушди тафаккури интиқодӣ, малакаҳои ҳалли масъала, қобилияти муошират ва ҳамкорӣ, инчунин омодагӣ ба зиндагии мустақил таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ҳамзамон, дар он ҳифз ва тақвияти арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху мероси фарҳангии тоҷикон ҳамчун унсурҳои муҳимми сиёсати давлатии маориф таъмин гардидааст.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки яке аз вижагиҳои асосии лоиҳа гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим мебошад, ки дар он диққати асосӣ ба истифодаи амалии дониш ва рушди салоҳиятҳои ҳаётӣ равона мегардад.
Ҳамчунин, иштирокдорон масъалаҳои вобаста ба таъмини робитаи мантиқӣ байни ҳадафҳои таҳсилот, натиҷаҳои интизории омӯзиш, барномаҳои таълимӣ, раванди таълим, арзёбӣ ва омодасозии омӯзгоронро баррасӣ намуда, ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳуҷҷат пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Таъкид шуд, ки татбиқи самараноки ислоҳоти пешниҳодгардида танҳо дар асоси ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои соҳавӣ, олимону мутахассисон ва шарикони рушд имконпазир буда, муҳокимаҳои озоду созанда дар ин раванд нақши муҳим доранд.
Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои муҳокимаҳо барои такмили минбаъдаи лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ заминаи устувор фароҳам оварда, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди низоми маорифи миллӣ мусоидат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон