17.11.2026
17 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид ал-Амирӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм ва намояндагони ҳайати сафорат иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, барои саҳми арзандаашон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт изҳори сипос намуд. Зимни суҳбат вазир таъкид кард, ки муносибатҳои ду кишвар дар тӯли беш аз се даҳсола бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимод рушд ёфта, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024 ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба такони тоза бахшид. Ҳамзамон, рушди соҳаи маориф ва илм яке аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар идома вазир оид ба афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёду таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳоро манзур кард. Аз ҷумла, масъалаҳои густариши робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, анҷом додани таҳқиқоти муштарак, зиёд намудани шумораи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯйи ихтисосҳои муҳандисӣ, тиббӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ, инчунин ҷалби маблағгузории иловагӣ барои сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазир ҳамчунин барои дастгирии Ҳукумати Давлати Кувайт ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодии араб дар самти сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид ал-Амирӣ суханронӣ намуда, аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Кувайт изҳори қаноатмандӣ кард. Мавсуф таъкид дошт, ки робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак рушд намуда, соҳаи маориф ва илм яке аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ӯ омодагии ҷониби Кувайтро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳа ва дастгирии ташаббусҳои пешниҳодшуда иброз дошта, таъкид намуд, ки ҷониби Кувайт барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун омода мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, роҳҳои амалисозии пешниҳодҳои зикршуда ва тақвияти робитаҳои минбаъда миёни муассисаҳои таълимӣ ва илмии ду кишварро баррасӣ намуда, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд изҳори омодагӣ карданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон