25.02.2026
25 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир ҷаноби Петер Бургман баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ёддошти тафоҳум, ки 24 феврали соли ҷорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта» ба имзо расида буд, мавриди баррасии муфассал қарор гирифт. Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки аҳаммияти ин санад пеш аз ҳама дар таҳкими иқтидори кадрии соҳа, густариши имкониятҳои рушди касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани дастрасӣ ба захираҳои муосири рақамии таълимӣ ифода меёбад.
Қайд гардид, ки татбиқи платформаи рақамии ширкати «Эфекта», ки дорои муҳтавои фарогири интерактивӣ, маводи гуногуни видеоиву аудиоӣ ва маҷмуи васеи машқҳои таълимӣ мебошад, метавонад ба болоравии сатҳи касбии омӯзгорон ва беҳтар гардидани сифати таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат намояд.
Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, лоиҳаи пилотӣ дар 30 рӯзи аввал бақайдгирии 1 000 донишҷӯ ва ҷалби 200 омӯзгорро пешбинӣ менамояд. Зикр шуд, ки иштироки фаъоли омӯзгорон дар раванди санҷишии платформа имконият фароҳам меорад, то самаранокии истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиши забони англисӣ ба таври амалӣ санҷида шуда, дар асоси натиҷаҳои бадастомада қарорҳои минбаъда қабул гарданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки платформаи мазкур зиёда аз 3 000 соати муҳтавои интерактивӣ, беш аз 20 навъи машқҳо, зиёда аз 500 видеоматериали истисноӣ ва беш аз 10 000 намунаи аудиоиро дар бар мегирад. Чунин иқтидори захиравӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба мутобиқсозии низоми таълим ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Вазири маориф ва илм лоиҳаи мазкурро ҳамчун қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки татбиқи бомуваффақияти марҳилаи пилотӣ метавонад заминаи устувор барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани васеътари платформа дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар гардад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориро муайян намуда, аз ҷумла, ба тадриҷан тавсеа додани доираи фарогирии лоиҳа, ташкили семинару омӯзишҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати истифодаи платформа, ҳамгироии унсурҳои он ба барномаҳои таълимии миллӣ, ташаккули модели устувори маблағгузории дарозмуддат, инчунин роҳандозии механизми мунтазами ҳисоботдиҳӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак вобаста ба натиҷаҳои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории судманд бо ширкати «Эфекта» ба баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ, рушди иқтидори зеҳнии омӯзгорон ва таҳкими мавқеи байналмилалии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон