24.02.2026
Бо ибтикор ва мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврали соли 2026 Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мизбони намояндагони ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир гардид. Ҳайати меҳмононро ҷаноби Петер Бургман роҳбарӣ мекард.
Мулоқоти расмӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Н. Ғафуриён ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардид.
Зимни суханронӣ муовини вазири маориф ва илм меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони англисӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои татбиқи барномаҳои навин ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ пайваста тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.
Ҷаноби Петер Бургман дар навбати худ аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик, зебоии шаҳри Душанбе ва имкониятҳои мусоиди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ширкати «Эфекта» омода аст барои омӯзгорон ва донишҷӯёни Тоҷикистон семинарҳои илмӣ ва дарсҳои назариявию амалӣ ба таври ройгон роҳандозӣ намояд.
Дар анҷоми ҳамоиш миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ҳадафи санади мазкур роҳандозии платформаи муосири омӯзиши забони англисӣ барои беш аз 300 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба таври ройгон мебошад. Боиси ифтихор аст, ки зиёда аз 100 нафар омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аллакай ба ин барнома номнавис шудаанд.
Дар поёни маросим бо нишони эҳтиром ба суннатҳои дерини меҳмоннавозии тоҷикон ба ҷаноби Петер Бургман туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.
Иқдоми мазкур қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди босифати забономӯзӣ дар низоми таҳсилоти олии кишвар арзёбӣ мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон