10.12.2025

 img

10 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳсил доранд, вохӯрӣ ва суҳбати озоду самимӣ гузаронд.

 

Зимни мулоқот вазири маориф ва илм иброз дошт, ки донишҷӯён ояндаи кишвар ва неруи илмӣ ва касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад.

 

Вазир таъкид намуд, ки имкониятҳои таҳсили байналмилалӣ, ки донишҷӯён имрӯз истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  Федератсияи Россия намунаи равшани ҳамкории стратегӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду давлат – Тоҷикистону Россия мебошад. Сарони ду давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин заминаи устувор барои рушди захираи инсонӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмиро муҳайё кардаанд. Ин вазъият ба донишҷӯёни мо имкон медиҳад, ки дар муҳити пешрафтаи академӣ таҷриба ва малакаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳосил намоянд. 

 

Зимни мулоқот маълумот дода шуд, ки дар соли таҳсилии 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 8 177 шаҳрвандони Тоҷикистон қабул гардиданд. Дар маҷмуъ, дар Федератсияи Россия 27 490 донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи баланди ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Федератсияи Россия мебошад.

 

Дар суҳбати худ бо донишҷӯён вазир таъкид намуд, ки солҳои таҳсил дар Федератсияи Россия бояд барои донишҷӯён давраи рушди касбӣ, афзоиши таҷриба, мустаҳкам намудани дӯстӣ мебошад. Донишҷӯёни мо бояд Тоҷикистонро дар берун аз кишвар муваффақона муаррифӣ кунанд ва ҳамчун мутахассисони тавоно ва боэътимод ба рушди кишвар саҳмгузор бошанд. 

 

Дар рафти мулоқот донишҷӯён фаъолона вобаста ба дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароит, имкониятҳои таҳсил ва ғайраҳо иброзӣ назар намуданд. Ҳамзамон онҳо вобаста ба масъалаҳои гуногуни таҳсил саволҳои худро ба вазир пешниҳод намуданд.

 

Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм ба донишҷӯён саломатӣ, барору комёбиҳо дар таҳсил ва дастовардҳои назаррас орзу намуда, таъкид кард, ки онҳо бояд донишгоҳро бо сари баланд хатм карда, ба Ватан баргарданд ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон фаъолона иштирок намоянд.

  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия зиёда аз 27 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд Дар соли таҳсили 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия 8 ҳазору 177 шаҳрванди Тоҷикистон қабул гардиданд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия таҳсил доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.   Вохӯрии Вазири маориф ва илм бо донишҷӯёни тоҷик 10 декабр дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия баргузор шуд. Иброз гардид, ки дар маҷмуъ дар Федератсияи Русия 27 ҳазору 490 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад.   Зимни вохӯрӣ Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иброз дошт, ки донишҷӯён ояндаи мамлакат, неруи илмию касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаи касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад.   Вазир таъкид намуд, ки имконияти таҳсили байналмилалие, ки имрӯз донишҷӯён аз он истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия намунаи равшани ҳамкории стратегӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду давлат – Тоҷикистону Русия мебошад. Сарони ду давлат- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои рушди захираи инсонӣ ва густариши ҳамкории фарҳангию илмӣ заминаи устувор муҳайё намудаанд. Ин вазъият ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити пешрафтаи академӣ таҷриба ва малакаи сатҳи байналмилалӣ ҳосил намоянд.   Дар суҳбат бо донишҷӯён вазир таъкид намуд, ки солҳои таҳсил дар Федератсияи Русия бояд барои донишҷӯён давраи рушди касбӣ, афзоиши таҷриба ва мустаҳкам намудани дӯстӣ бошад. Донишҷӯёни мо бояд Тоҷикистонро дар берун аз мамлакат муваффақона муаррифӣ карда, ҳамчун мутахассисони тавоно ва боэътимод дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.   Зимни мулоқот донишҷӯён доир ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароиту имконияти мусоиди таҳсил ибрози назар намуданд.

    17

    11.12.2025
  •  img
    ИШТИРОКИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР 11-УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТ ВА МАҲОРАТҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД Дар шаҳри Манилаи Филиппин 11-умин Форуми байналмилалии таҳсилот ва маҳоратҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) таҳти унвони «Нигоҳи нав ба иқтидори сармояи инсонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» иштирок намуданд.   Форум аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳавии БОР буда, сиёсатмадорон, роҳбарон, коршиносон ва мутахассисони пешсафи соҳаи маорифро аз мамлакатҳои гуногун гирд овард. Ҳадафи он мубодилаи таҷриба, баррасии тамоюлҳои ҷаҳонии таълим, истифодаи технологияҳои нав, рушди маҳоратҳои навбатии бозори меҳнат ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки сармоягузории стратегӣ дар соҳаи маориф буд.   Дар доираи форуми макзур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Аз ҷумла, муовини якуми вазир бо муовини директори БОР ҷаноби Йонг Йе мулоқот намуд. Дар меҳвари гуфтугӯҳо масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, таъмини дастрасии баробар ба маориф, рушди маҳорати ҷавон, мутобиқсозии таълим ба талаботи бозори меҳнат ва густариши ҳамкориҳои минбаъда қарор доштанд. Роҳбарияти БОР омодагии худро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои маорифӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд.   Дар ҷараёни ҷаласаҳои интерактивӣ ва сессияҳои мавзуии форум намояндагони кишварҳо таҷрибаи худро оид ба амалисозии лоиҳаҳои БОР муаррифӣ карданд. Дар ин қисмат муовини якуми вазир суханронӣ намуда, зарурати ислоҳоти муассири таълим, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва нақши лоиҳаҳои БОР-ро дар рушди устувори кишварҳо муҳим арзёбӣ кард.   Ҳамчунин, менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» А. Бобохон дар қисмати муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории БОР баромад карда, оид ба ҷараёни татбиқи ду лоиҳаи калидӣ - «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» ва «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намуд.   Дар қисмати мубоҳисаҳои форум масъалаҳои марбут ба истифодаи энергияҳои сабз, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионии омӯзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Форум бо натиҷаҳои созанда, мубодилаи таҷрибаи муфид ва ташкили заминаҳои нав барои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи лоиҳаҳои соҳаи маориф дар минтақа анҷом ёфт.

    73

    08.12.2025
  •  img
    ҲАВАСМАНДСОЗИИ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «IJSO-2025» 8 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» маросими ҳавасмандсозии ғолиби Олимпиадаи байналмилалии фанҳои табиатшиносӣ International Junior Science Olympiad – IJSO-2025 баргузор гардид.   Дар маросими ҳавасмандсозӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Равшан Азам, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дигар шахсони масъул иштикор намуданд.   Аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан Азам, ба Артём Батрудинов, хонандаи Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфуз бо муваффақият намояндагӣ намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардидааст, бо сипоснома қадрдонӣ шуд.   Ҳамзамон, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорону мураббиён, устоди роҳбарикунанда Умаров Руҳулло барои омодасозии хонандаи лаёқатманд ва саҳми арзандааш дар расидан ба ин дастоварди байналмилалӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.   Муовини вазир зимни суханронӣ зикр кард, ки дастоварди Артём ва заҳмати омӯзгоронаш натиҷаи талошҳои пайваста, кори дастаҷамъона ва дастгирии давлату Ҳукумат аз истеъдодҳои ҷавон мебошад.

    85

    08.12.2025