08.12.2025
8 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» маросими ҳавасмандсозии ғолиби Олимпиадаи байналмилалии фанҳои табиатшиносӣ International Junior Science Olympiad – IJSO-2025 баргузор гардид.
Дар маросими ҳавасмандсозӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Равшан Азам, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дигар шахсони масъул иштикор намуданд.
Аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан Азам, ба Артём Батрудинов, хонандаи Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфуз бо муваффақият намояндагӣ намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардидааст, бо сипоснома қадрдонӣ шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорону мураббиён, устоди роҳбарикунанда Умаров Руҳулло барои омодасозии хонандаи лаёқатманд ва саҳми арзандааш дар расидан ба ин дастоварди байналмилалӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Муовини вазир зимни суханронӣ зикр кард, ки дастоварди Артём ва заҳмати омӯзгоронаш натиҷаи талошҳои пайваста, кори дастаҷамъона ва дастгирии давлату Ҳукумат аз истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Хабарҳои дигар
-
ИШТИРОКИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР 11-УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТ ВА МАҲОРАТҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД Дар шаҳри Манилаи Филиппин 11-умин Форуми байналмилалии таҳсилот ва маҳоратҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) таҳти унвони «Нигоҳи нав ба иқтидори сармояи инсонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» иштирок намуданд. Форум аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳавии БОР буда, сиёсатмадорон, роҳбарон, коршиносон ва мутахассисони пешсафи соҳаи маорифро аз мамлакатҳои гуногун гирд овард. Ҳадафи он мубодилаи таҷриба, баррасии тамоюлҳои ҷаҳонии таълим, истифодаи технологияҳои нав, рушди маҳоратҳои навбатии бозори меҳнат ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки сармоягузории стратегӣ дар соҳаи маориф буд. Дар доираи форуми макзур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Аз ҷумла, муовини якуми вазир бо муовини директори БОР ҷаноби Йонг Йе мулоқот намуд. Дар меҳвари гуфтугӯҳо масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, таъмини дастрасии баробар ба маориф, рушди маҳорати ҷавон, мутобиқсозии таълим ба талаботи бозори меҳнат ва густариши ҳамкориҳои минбаъда қарор доштанд. Роҳбарияти БОР омодагии худро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои маорифӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд. Дар ҷараёни ҷаласаҳои интерактивӣ ва сессияҳои мавзуии форум намояндагони кишварҳо таҷрибаи худро оид ба амалисозии лоиҳаҳои БОР муаррифӣ карданд. Дар ин қисмат муовини якуми вазир суханронӣ намуда, зарурати ислоҳоти муассири таълим, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва нақши лоиҳаҳои БОР-ро дар рушди устувори кишварҳо муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» А. Бобохон дар қисмати муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории БОР баромад карда, оид ба ҷараёни татбиқи ду лоиҳаи калидӣ - «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» ва «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар қисмати мубоҳисаҳои форум масъалаҳои марбут ба истифодаи энергияҳои сабз, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионии омӯзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Форум бо натиҷаҳои созанда, мубодилаи таҷрибаи муфид ва ташкили заминаҳои нав барои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи лоиҳаҳои соҳаи маориф дар минтақа анҷом ёфт.
33
08.12.2025 -
Фурӯғи чеҳраҳои озмун Даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва роҳандозӣ мегардад, ҷамъбаст шуд. Ҳангоми баргузории озмун равшан эҳсос гардид, ки довталабон нисбат ба солҳои пеш хеле фаъол буда, ҳатто интихоби ғолибон дар ҳамаи бахшҳо ба мушкилӣ сурат мегирад. Ин душворӣ, пеш аз ҳама, бастагӣ ба он дорад, ки дар ҳамаи зинаҳо довталабон бештар аз ҳарсола ашъор аз бар кардаву китобҳои зиёдеро мутолиа намудаанд. Новобаста ба мушкилоти мавҷуда, барои хонандагони зинаҳои макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик онҳо кӯшишҳои муваффақонае барои аз бар намудани ашъор ва мутолиаи огоҳмандонаи осори бузургони адабиёти классикии мо намуданд. Бо итминон метавон изҳор дошт, ки сатҳи донишу биниш, мутолиаву маърифати довталабон имсол нисбат ба солҳои қаблӣ хеле боло рафтааст. Агар як гурӯҳи онҳо бо сабаби таҷрибаҳои чандсолаи ширкат дар озмун дар ин ҷода муваффақ шуда бошанд, гурӯҳи дигар бо такя бар завқу салиқаи баланди хеш дар ин роҳ тавфиқ ёфтаанд. Омодагӣ ба озмун, албатта, дар заминаи қиёси синнусолӣ наметавонад дар як сатҳ бошад, вале агар аз нигоҳи зинаҳои камолоти маънавӣ ба ин масъала ворид шавем, равшан мегардад, ки бемуҳобо, кӯдакони синни хурди мактабӣ хеле фаъоланд, новобаста ба он ки онҳо тоза ба майдони омӯзишу мутолиа ворид шудаанд. Бахусус, ширкати чанд нафар хонандаи синфҳои 1 ва 2, ки миқдори зиёди ашъорро аз бар намудаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин насли тозафикру тозаандеша дар ин ҷода хеле муваффақанд. Интихоби ашъор ва осори мутолиашуда аз ҷониби онҳо қобили таваҷҷуҳ аст, зеро аксаран пораҳои манзум ва мансурро ҳаҷман зиёд ҳифз намудаанд. Соҳиби чунин ганҷинаи бузурги маънавӣ гардидан баҳри иштирокчиён барои он шарафи бузурге хоҳад буд, ки тамоми умр эшонро ҳамроҳӣ намуда, дар камолоти фикриву андешавиашон нақши муассир хоҳад гузошт. Махсусан, натиҷаҳои шоиставу шоёни таъсири мутолеаи адабиёт ба кӯдакону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро, ки нисбат ба табақаҳои дигар хеле фаъоланд ва бо завқу шавқи баланд дар озмун ширкат варзидаанд. Масалан, дар миёни довталабони ғолиб нафароне ҳастанд, ки аз 180 то 250 ғазал аз бар намуда, тақрибан то чаҳор ҳазор байтро аз ёд медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол доираи мутолиа ва фарогирии мероси адабиёти гузаштаи мо аз сӯйи довталабон вусъати бештар касб мекунад. Барои ман бисёр хушоянд буд, ки дар дафтари аксари ширкаткунандагони озмун чандин намуна аз ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар адабиёти мо бо номи «Абулмаъонӣ» маъруф аст, мавҷуд буд. Чанд нафар пораҳое аз маснавии «Комде ва Мадан»-ро низ аз ёд кардаанду нафарони дигар қасидаҳоеро аз маҳсули хомаи ин шоир медонанд. Бавижа, қасидаи «Саводи аъзам», ки дар посухи «Дарёи аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ суруда шудааст. Мухаммасҳое низ аз Бедил дар бастаҳои чанде аз довталабон ҷой дошт. Қобили таъкид аст, ки мардуми тоҷик бештар аз дусад сол аст, ки Бедил мехонанд ва мавҷудияти нусхаҳои фаровони хаттии девони шоир дар хонаҳои одамон гувоҳи ҳақиқати ин амр аст. Ҳоло аз ёд кардани ашъори Бедил барои хонандагону донишҷӯён худ қадами аввал дар маърифати андешаҳои ин суханвари мумтоз аст. Ин гоми устувор роҳеро дар шинохти рамзу рози калом ва афкори Бедил боз хоҳад намуд. Мо медонем,ки дар гузашта дар бозору чойхонаҳо мардуми тоҷик маҳфилҳои бедилхонӣ меоростанд, ки устод Айнӣ ҳам дар китоби «Ёддоштҳо» ва ҳам дар асари «Мирзо Абдулқодири Бедил» аз маҷолиси фаҳми шеъри ин суханвар ёд кардааст ва намунаҳои шуруҳи шифоҳие аз ин маҳофилро Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» зикр намуда. Ман чунин меандешам, ки таваҷҷуҳи наслҳои мухталиф ба аз бар намудани намунаҳои ашъори Бедил дар доираи озмун бо шеваи дигар ва ҷадид нусхае тоза аз чунин маҳофили суннатист, ки дар партави ин иқдоми Пешвои миллат эҳё ва ба мазҳари умум роҳ меёбад. Дар канори ин, намунаҳое аз ашъори шоироне, чун Урфии Шерозӣ, Калими Кошонӣ, Толиби Омулӣ, Қудсии Машҳадӣ, Сипандӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон ба чашм расид, ки вусъати фарогирии мероси адибони классики тоҷикро аз сӯйи довталабон бозгӯӣ мекунад. Ин, албатта, падидаи қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба нуфузи сатҳи маърифати ҷомеа таъкид меварзад. Аммо баробари ин, ба мушоҳида мерасад, ки бастаҳои довталабон бештари маврид такрори ҳамдигаранд. Аксар намунаҳои ғазалу қасида, анвои дигари шеърӣ дар бастаҳо якхеланд. Ин ҳолат бештари маврид дар маводи ширкаткунандагони як шаҳру ноҳия ба мушоҳида мерасад. Масалан, қасидаи «Шикоят аз пирӣ», «Васфи Бухоро», «Модари май»-и устод Рӯдакӣ ва чанд қасидаи дигар аз Сайфи Фарғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Хоқонии Шарвонӣ дар бештар аз ҳаштод дар сади бастаҳо мушоҳида мешавад. Ҳарчанд шуморашон хеле кам аст, аммо довталабоне низ ҳастанд, ки қасидаҳои 100-байтӣ ва бештар аз онро ба сурати комил аз ёд намудаанд. Масалан, довталабе аз шаҳри Душанбе қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро, ки сад байт аст, ба сурати комил аз ёд қироат кард. Аз ҳар ҷойи ин қасида, ки ба сурати мунтахаб пурсида шуд, посух гуфт. Аммо бештари довталабон қасоидро гоҳо маврид панҷ-шаш байт интихоб мекунанд, яъне, ба назари онҳо миқдори муқарраршуда дар низомнома ҳосил шавад, кофист. Бештар онҳо ба сурат кор мегиранд, на ба маънӣ. Ман, албатта, ин дидгоҳҳои хешро бар пояи таҷрибаҳои ҳосилшуда изҳор доштам ва фикр мекунам, ки дар номинатсияҳои дигар низ бояд чунин бошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо гузашти ҳафт сол ҳанӯз бастаҳои довталабон ғалатҳои зиёде доранд. Онҳо аксар намунаҳои ашъорро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд, ки дар мавриди мансубияти онҳо ба ин ё он шоир баҳсҳои фаровон аст. Масалан, ғазале бо матлаи Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем, касе ёри касе нест. аз номи Мавлонои Балхӣ дар аксари бастаҳо ҷой дорад ва онро довталабон аз худ кардаанд. Аммо дар нусхаҳои хаттӣ ва чопии муътамади «Девони Шамс» ин ғазал мавҷуд нест. Чанд намунаи ғазали дигар низ бо чунин шеваи мансубият ба шоирони дигар низ ҷой дорад. Чунин мушоҳидаҳо дар бахши рубоиёт низ ба чашм мерасад. Дар амри муқаррар намудани сарҳади жанрҳои суннатӣ низ мушкилот ҷой доранд. Гоҳо ғазалҳои тӯлонии хоси шоироне, чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Бедил, Сайидо, Шавкати Бухороӣ ва дигаронро ба гурӯҳи қасоид шомил кардаанд. Баъдан, достонҳоро ба сурати пароканда интихоб мекунанд. Чун ҳадафи озмун танҳо ҳифз намудани шеър нест, балки дарку маърифати адабиёт низ ҳаст, зарур аст, ки бахши интихоби намунаҳои ашъор таҷдиди назар шавад. Аз нигоҳи аввал, интихоби гузидаи достон метавонад ба маърифати ноқиси матолиб омил гардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки довталабони чунин достонҳо ва қасоидро ба сурати комил аз бар намуда ҳам кам нестанд. Ба андешаи мо, дар оянда ба сурати мукаммал ҳифз намудани як бахши достонҳои таркиби осори ҳамосӣ, ки тамомияти маъноиву сужавии муайян доранд, бояд тавсия шавад. Ҳамзамон, ба сабаби дақиқияти сарҳади жанрҳои суннатӣ бояд довталабон ё матни қасоидро комилан азбар намоянд ё ҳадди ақал на камтар аз бист байтро ҳифз кунанд. Вобаста ба ин, ба андешаи мо, таҳияи китобе бо номи «Баёзи фурӯғ» зарур аст, чун дар заминаи омода шудани чунин китоб имкони пешниҳоди гунаҳои комили достонҳо, қасоид, инчунин, матнҳои осори манзуми мутанаввеъ ба миён меояд. Таҷриба нишон дод, ки бархе довталабон то панҷ-шаш сол ширкаткунандаи даври ниҳоии озмун ҳастанд. Аммо таҳлили вазъи намунаҳои ашъори азбарнамуда ва осори мутолиакардаи онҳо ин нуктаро равшан месозад, ки миқдоран эшон дар давоми ин солҳо пеш нарафтанд. Аксаран бо ҳамон 100 ғазалу 100 байт қасидаи соли аввал азбарнамуда ҳамасола ширкат кардаанд. Ба андешаи мо, бо сабаби ду баробар афзудани ҳаҷми ҷоизаҳои озмун, зарурати таҷдиди назар ба меъёрҳои озмун пеш омадааст. Ҳадди ақал миқдори ғазалҳо то ба 150 байт, қасида то 200 байт, рубоиву дубайтӣ 150 адад боло бурда шавад. Ин омил метавонад барои боло рафтани шавқу кӯшишҳои довталабон таъсири пурфайз гузорад. Дар фароварди сухан, як нуктаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам. Имрӯз зарурати дар як ниҳоди ҷамъиятӣ муттаҳид намудани ғолибони ин озмун пеш омадааст, то аз зарфияти фикрии онҳо дар оянда ҳамаҷониба ба хотири пешрафти ҷомеа истифода шавад. Дур намеравем, таҷрибаи истифодаи чанд нафар аз ғолибон ба ҳайси довар дар озмун самараи матлуб ба бор овард. Фикр мекунам, ки дар оянда низ аз ин қувваи бузург барои пешрафти кор дар ҳама самтҳо босамар кор гирифта шавад. Нуралӣ НУРЗОД, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, узви ҳайати ҳакамони даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик
56
07.12.2025 -
Пиряхҳо – хазинаи тиллоии Тоҷикистон ва кафили бақои инсоният Об барои мо манбаи ҳаёт, омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва чун василаи муҳимтарини ҳамгироии минтақавӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ин ҳифзи ҳаёт дар рӯйи замин аст. Муқаддима Дар оғози асри XXI инсоният бо яке аз ҷиддитарин хатари таърихӣ – тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ рӯ ба рӯ гардид. Имрӯз сайёраи мо ба «бемор»-е монанд аст, ки ҳарорати баданаш рӯз то рӯз баланд мешавад ва агар ҳарчи зудтар пеши роҳи он гирифта нашавад, тақдири сайёраи замин ба фоҷиа меанҷомад. Дар чунин шароит, пиряхҳо на танҳо ҳамчун захираи бузурги оби тоза, балки ҳамчун «тавозун»-и табиат нақши ҳаётиро иҷро мекунанд ва барои ҳаёту зиндагии инсоният бисёр заруранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ифтихор «хонаи об»-и Осиёи Марказӣ номида мешавад, дар саргаҳи ин набард барои бақои табиат қарор дорад. Пиряхҳои сарзамини мо танҳо қуллаҳои барфпӯши зебо нестанд, онҳо хазинаи тиллоии миллат, сарчашмаи рӯшноӣ ва кафили амнияти озуқавории тамоми минтақа мебошанд. Ҳадафи ин мақола таҳлили вазъи имрӯзаи пиряхҳо, инъикоси хатарҳои экологӣ ва арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи наҷоти онҳост. Пиряхҳо – сармояи стратегии миллат Дар Тоҷикистони азизи мо, ки 93% ҳудудашро кӯҳҳо, аз ҷумла, кӯҳҳои осмонбӯси ҳамеша барфпӯш ташкил медиҳанд, сарвати аз ҳама бебаҳо, фаровон ва ояндасоз об аст, оби рӯдҳои шӯху пуртуғёни кӯҳӣ. Маҳз истифодаи босамари ҳамин сарвати гаронбаҳо, ки табиат ба Тоҷикистон фаровон ато кардааст, метавонад таъмингари зиндагии шоистаи мардуми кишвар бошад. Агар чунин аст, пас мардуми Тоҷикистон ҷуз истифодаи сарчашмаҳои пурғановати обию энергетикӣ барои таъмини фардои дурахшони Ватани азизи худ роҳи дигар надорад. Дар Тоҷикистон 60% оби минтақаи Осиёи Марказӣ тавлид мегардад. Мутаассифона, аз ин ганҷи бебаҳои табиат самаранок истифода намебарем. То имрӯз ҳамагӣ панҷ фоизи обҳои диёрамонро истифода мебарему халос. Агар Неругоҳи барқт обии «Роғун» сохта ва пурра ба кор андохта шавад, имконоти шодобгардонии боз садҳо ҳазор гектар замин дар ин минтақа ба миён меояд. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд фаровон баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон набуда, ба нафъи кулли минтақа аст. Иқтидори лоиҳавии неругоҳи «Роғун» бо 6 чарх, 3600 мегаватт буда, сарбанди обанбораш бояд 335 м бардошта шавад. Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва оби судбахшаш 10,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Чунин ҳаҷми об бояд давоми 15-17 сол ҷамъоварӣ шавад. Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан, ин неругоҳ метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол намояд. Тибқи таҳқиқотҳои илмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8500 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин захираи бузург сарчашмаи асосии дарёҳои бузурги минтақа, аз ҷумла, Амударё ва Сирдарё мебошад. Аҳаммияти стратегии пиряхҳоро дар ду самти калидӣ дидан мумкин аст: – Гидроэнергетика. Зиёда аз 98% неруи барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ («Норак», «Роғун» ва ғ.) истеҳсол мешавад. Ин "энергияи сабз" маҳз аз обҳои пиряхҳо ҳосил мегардад. – Кишоварзӣ. 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, миллионҳо гектар заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистонро шодоб мекунанд. Дар ҳудуди мо пиряхи нодири Федченко ҷойгир аст, ки дарозтарин пиряхи водигӣ дар ҷаҳон (берун аз минтақаҳои қутбӣ) ба шумор рафта, дарозии он зиёда аз 70 километр аст. Он ҳамчун "барометр"-и иқлими минтақа хизмат мекунад. Таҳдиди гармшавии глобалӣ ва вазъи имрӯза Бо таассуф бояд қайд кард, ки вазъи пиряхҳо нигаронкунанда аст. Таҳлилҳои олимони соҳаи пиряхшиносӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир таъсири антропогенӣ (фаъолияти инсон) ва гармшавии умумии сайёра боис шуданд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях пурра аз байн равад. Сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо инҳоянд: – Баландшавии ҳарорат: афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ (карбон) ба атмосфера. – Омили чангу намак: хушк шудани Баҳри Арал боиси ба ҳаво хестани миллионҳо тонна чангу намак мегардад. Ин ғубор ба рӯйи пиряхҳои Помиру Тиён-Шон нишаста, ранги онҳоро тира мекунад ва нури офтобро бештар ҷаббида, раванди обшавиро 2-3 маротиба метезонад. Агар ин раванд пешгирӣ карда нашавад, то соли 2050 мо метавонем қисми зиёди пиряхҳои хурдро аз даст диҳем. Ин ҳолат ба оқибатҳои фоҷиабор, аз қабили камобӣ, норасоии барқ, низоъҳо барои об, селҳои харобиовар ва муҳоҷирати экологии аҳолӣ оварда мерасонад. Тоҷикистон – пешсафи ҷаҳон дар масъалаҳои об ва иқлим Дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Тоҷикистон на танҳо мушкилотро баён мекунад, балки роҳҳои ҳалли онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Силсилаи ташаббусҳои дар хусуси об обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Аммо муҳимтарин дастоварди таърихӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо 14 декабри соли 2022 ба вуқуъ пайваст. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномаи махсусро қабул кард, ки мувофиқи он: – Соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. – Рӯзи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар карда шуд. – Дар назди СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ин иқдом исбот намуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои башарият дар масъалаи иқлим эътироф шудааст. Роҳҳои ҳифзи пиряхҳо: вазифаи мо чист? Эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо танҳо оғози кор аст. Барои амалан ҳифз намудани ин сарват, бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд. Вазифаи мо – насли ҷавон ва зиёиён аз инҳо иборат аст: – Дастгирии илм: мониторинги доимии пиряхҳо тавассути технологияҳои кайҳонӣ ва таҳқиқоти муосир. – Гузариш ба «иқтисоди сабз». Истифодаи самараноки неруи барқ ва ҷорӣ намудани нақлиёти барқӣ барои кам кардани партовҳои газӣ. – Бунёди ҷангалзорҳо. Дарахтон ва растаниҳо «шуш»-и сайёра мебошанд. Маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар доманакӯҳҳо иқлимро муътадил месозад. – Маданияти истифодаи об: ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки исрофкории об дар рӯзгор ва кишоварзӣ бояд аз байн бардошта шавад. Хулоса Пиряхҳо танҳо як падидаи табиӣ нестанд; онҳо кафили бақои на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки миллионҳо сокини сайёра мебошанд. Аз байн рафтани пиряхҳо маънои аз байн рафтани рӯдҳо ва дар ниҳоят, нобудии ҳаётро дорад. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо мояи ифтихор ва ҳамзамон, масъулияти бузург аст. Мо – ворисони ин сарзамини куҳанбунёд, бояд дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳмгузор бошем. Ҳифзи пиряхҳо аз ҳар як қатраи оби сарфашуда, аз ҳар як ниҳоли шинондашуда ва аз ҳар як амали неки мо нисбат ба табиат оғоз меёбад. Биёед, бо шиори «Пиряхҳо – тоҷи сари Тоҷикистон» табиати биҳиштосои худро ҳифз кунем ва ба оламиён нишон диҳем, ки мо посбони сазовори ин хазинаи тиллоӣ ҳастем. Мубориз Сабзаев донишҷӯи курси якуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
53
07.12.2025