22.11.2025
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо роҳбари Ташкилоти академии «Bright» Довлет Кличнийязов мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самти рушди ҳаракати олимпӣ ва боло бурдани сатҳи тайёрии хонандагони болаёқат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти академии «Bright» бомақсади тақвияти иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Ташкилоти «Bright» таҷрибаи ғании баргузории 17 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла Angkor Mathematics Competition, Kangaroo, Komodo Math Competition, Spirit of Math, International Math Challenge, IMEC, Young Master Challenge, World Scholar’s Cup, Teen Eagle, HIPPO, Bright Youth Model United Nations, Owlypia, Genius, IWISE, VILIPO, STEMCO ва дигар мусобиқаҳои бонуфузро дорост. Хонандагони тоҷик солҳо боз дар ин олимпиадаҳо фаъолона ширкат мекунанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки консепсияи ҳамкорӣ ҳадафҳои стратегӣ ва амалии дуҷонибаро дар бар гирифта, ҷанбаҳои илмӣ, методӣ ва технологиро фаро мегирад. Зимни суҳбат ҷонибҳо барномаҳои ҳамкории муштарак, аз ҷумла, фароҳамовардани шароити мусоид барои иштироки хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии АМС, бароҳ мондани баргузории олимпиадаи байналмилалии Хайём «KhIMIO» аз фанҳои математика ва информатика дар Тоҷикистон бо ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои хориҷ, такмили ихтисоси омӯзгорон бо истифода азтехнологияҳои рақамӣ ва усулҳои муосири таълим, ташкили курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони мактабҳои президентӣ, гимназияҳо ва литсейҳои барои хонандагони болаёқат, ки бо забони англисӣ дарс мегӯянд, барқарорсозии синфҳои англисизабон дар муассисаҳои махсус барои хонандагони боистеъдод, омодасозии омӯзгорони кор бо хонандагони боистеъдод, баргузор намудани курсу семинарҳои махсус, ташкили лагерҳои истироҳатӣ-таълимӣ барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, роҳнамоии ғолибон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва дарёфти стипендияҳо, ташкили табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои Тоҷикистон бо мутахассисони «Bright» ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Муовини вазир ҳамкории навро барои рушди ҳаракати олимпӣ, дастгирии хонандагони боистеъдод ва боло бурдани сатҳи таълим дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи нақшаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.