24.11.2025

 img

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор гардид.

 

Дар роҳпаймоии мазкур аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд.

 

Роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳпаймоии мазкур фаъолона ширкат намуданд.

  • ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ img
  • ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ img
  • ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.   Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.   Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.   Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.   Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад.   Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.   Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем: Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ, Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ. Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш, Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».   Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст.   Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.   Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад.   Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд.   Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.   Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.   Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.   Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.   Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.   Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.   Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.   Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.   Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.   Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.   Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.   Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям.   Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    37

    24.11.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ ТАШКИЛОТИ АКАДЕМИИ «BRIGHT» Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо роҳбари Ташкилоти академии «Bright» Довлет Кличнийязов мулоқот анҷом дод.   Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самти рушди ҳаракати олимпӣ ва боло бурдани сатҳи тайёрии хонандагони болаёқат мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Зикр гардид, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти академии «Bright» бомақсади тақвияти иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Ташкилоти «Bright» таҷрибаи ғании баргузории 17 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла Angkor Mathematics Competition, Kangaroo, Komodo Math Competition, Spirit of Math, International Math Challenge, IMEC, Young Master Challenge, World Scholar’s Cup, Teen Eagle, HIPPO, Bright Youth Model United Nations, Owlypia, Genius, IWISE, VILIPO, STEMCO ва дигар мусобиқаҳои бонуфузро дорост. Хонандагони тоҷик солҳо боз дар ин олимпиадаҳо фаъолона ширкат мекунанд.   Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки консепсияи ҳамкорӣ ҳадафҳои стратегӣ ва амалии дуҷонибаро дар бар гирифта, ҷанбаҳои илмӣ, методӣ ва технологиро фаро мегирад. Зимни суҳбат ҷонибҳо барномаҳои ҳамкории муштарак, аз ҷумла, фароҳамовардани шароити мусоид барои иштироки хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии АМС, бароҳ мондани баргузории олимпиадаи байналмилалии Хайём «KhIMIO» аз фанҳои математика ва информатика дар Тоҷикистон бо ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои хориҷ, такмили ихтисоси омӯзгорон бо истифода азтехнологияҳои рақамӣ ва усулҳои муосири таълим, ташкили курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони мактабҳои президентӣ, гимназияҳо ва литсейҳои барои хонандагони болаёқат, ки бо забони англисӣ дарс мегӯянд, барқарорсозии синфҳои англисизабон дар муассисаҳои махсус барои хонандагони боистеъдод, омодасозии омӯзгорони кор бо хонандагони боистеъдод, баргузор намудани курсу семинарҳои махсус, ташкили лагерҳои истироҳатӣ-таълимӣ барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, роҳнамоии ғолибон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва дарёфти стипендияҳо, ташкили табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои Тоҷикистон бо мутахассисони «Bright» ва ғайраро баррасӣ намуданд.   Муовини вазир ҳамкории навро барои рушди ҳаракати олимпӣ, дастгирии хонандагони боистеъдод ва боло бурдани сатҳи таълим дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.   Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи нақшаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

    35

    22.11.2025
  •  img
    МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ ТИББИИ ДОНИШГОҲИ ҲАКЕНСАК ДАР НЮ-ЙОРК Дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ  Тоҷиддини Баҳриддин бо роҳбарияти Маркази тиббии Донишгоҳи Ҳакенсак мулоқоти корӣ баргузор намуд.    Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти тиббӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Ҷонибҳо бахусус вобаста ба имкониятҳои гузаронидани резидентураи тиббӣ, ташкили таҷрибаомӯзии амалӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби мутахассисони ҷавони тоҷик ба барномаҳои таълимии Маркази тиббии Донишгоҳи Ҳакенсак табодули назар намуданд.   Роҳбарияти Маркази тиббӣ омодагии худро ҷиҳати баррасии роҳҳои нави ҳамкорӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва ҷалби донишҷӯён ва табибони ҷавон аз Тоҷикистон изҳор кард.   Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди ҳамкориҳои тиббӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои клиникии ҷаҳонӣ ба таҳкими кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб мусоидат хоҳад кард.

    38

    22.11.2025