03.07.2026
Имрӯз, 3 июли соли 2026 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти металлургия» баргузор гардид.
Ҳамоиш дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди муосир баргузор гардид.
Ҳамоиш таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи саноат ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.
Нахуст, вазири маориф ва илми ҳамоишро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаи металлургия имрӯз яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ таъкид намудаанд: «Захираҳои маъдан ва ашёи хоми кишвар имконият медиҳанд, ки дар оянда як қатор корхонаҳои металлургияи ранга ба кор дароварда шуда, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад».
Таъкид гардид, ки маҳз дар заминаи чунин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар кишвар барои рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Вазир иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи саноат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат муайян гардида, масъалаҳои саноатикунонии босуръати кишвар, рушди металлургия, саноати кӯҳӣ, нафту газ ва робитаи зичи илм бо истеҳсолот пайваста дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла, тилло, нуқра, сурб, руҳ, сурма, мис, ангишт ва дигар канданиҳо мебошад. Коркарди пурраи ин захираҳо дар дохили мамлакат метавонад ба афзоиши арзиши иловагӣ, баланд гардидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, вазир масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисосро яке аз омилҳои асосии рушди устувори саноат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои таълимии худро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таҷдид намуда, ҳамкории худро бо корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам тақвият бахшанд. Ба гуфтаи вазир, донишҷӯён бояд таҷрибаомӯзии истеҳсолиро бевосита дар корхонаҳои саноатӣ гузаранд, то истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва таҷҳизоти навтаринро аз худ намоянд.
Сипас, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қ. Давлатзода оид ба вазъи омодасозии кадрҳо дар самти металлургия гузориш пешниҳод намуда, аз имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ, барномаҳои таълимӣ, ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи соҳа маълумот дод.
Ҳамчунин, директори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Д. Давлатзода вобаста ба омодасозии муҳандисон ва мутахассисони соҳаи кӯҳию металлургӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди таълим суханронӣ намуд.
Дар идомаи ҳамоиш рӯнамоии фаъолияти лабораторияи Филиали Донишкадаи миллии тадқиқотии технологии «МИСИС»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷӯраев М. баргузор гардида, имкониятҳои нави таълимӣ ва илмии он барои омодасозии кадрҳои баландихтисос муаррифӣ шуданд.
Дар қисмати музокираҳо доктори илмҳои техникӣ, профессор М. Ҳақдод, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон М. Акрамов ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Шарифзода вобаста ба масъалаҳои такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат, таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истеҳсолот, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки иқтидори илмӣ дар рушди соҳаи металлургия андешаронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки рушди соҳаи металлургия бе омода намудани мутахассисони рақобатпазир, густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, тақвияти заминаи моддию техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ имконнопазир буда, дар ин самт ҳамоҳангии ҳамаи сохторҳои дахлдор аҳаммияти калидӣ дорад.
Иштирокчиёни ҳамоиш зимни мубодилаи афкор масъалаҳои такмили мазмуни таҳсил, мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат, густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат ва истифодаи самараноки иқтидори илмӣ танҳо дар сурати омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот натиҷаҳои назаррас ба бор меорад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадоранд фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи рушди иқтисоди миллӣ ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият бахшанд.