03.07.2026
Садаи XXI дар пешорӯи инсоният таҳаввулоти бесобиқаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологиро вогузор намуд, ки боис ба зуҳури тағйироти фаровон дар саросари ҷаҳон шуд. Ҳарчанд пешрафти илм ва технология имконоти васеи рушди ҷомеаро фароҳам овардааст, дар канори ин мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои табиӣ ва нобаробарии иқтисодӣ ба амният ва суботи ҷаҳонӣ таҳдид мекунанд. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими сулҳ ҳамакнун рисолати умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Натиҷаи маърифати дурусти ин шароити муосири ҷаҳонӣ омил бар он шуд, ки дар таърихи 23 сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Саммити оянда (2024) ва қабули «Паймони оянда» таъкид доштанд, ки Қатъномаи нави «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул карда шавад. Дар фосилаи наздик ба ду соли манзури ин пешниҳод кишварҳои узви СММ зарурат ва аҳамияти ин ташаббуси сулҳофари Пешвои миллатро ба шоистагӣ истиқбол намуда, барои мавриди амал қарор додани он раъйи худро доданд. Дар натиҷа, бегоҳии 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ бо истиқбол аз ин пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул намуд. Басо рамзист, ки ин ҳуҷҷати муҳимми дорои аҳаммияти байналмилалӣ дар таърихе қабул гардид, ки дар Тоҷикистони мо 29 сол қабл Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида буд. Агар ҳуҷҷати аввал барои таъмини сулҳ дар тамоми Тоҷикистон нақши муассир гузошта бошад, ҳамакнун қатъномаи мазкур роҳи сулҳу субот ва амнияту осоишро дар сайёра ҳамвор мекунад.
Мусаллам аст, ки сулҳ барои рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди иқтисодиёт ва пешрафти илму фарҳанг заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ташаббуси навбати Пешвои миллат барои ҳифз ва таҳкими сулҳ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати байналмилалӣ табдил ёфта, ҷиҳати таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, муайян намудани нақши давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва илм дар ин раванд муассир хоҳад буд.
Мавриди амал қарор гирифтани ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат, ки аз ибтидои соли 2027 шуруъ мешавад, аҳли ҷомеаро водор месозад, ки дар амри пайванди ин ғояи бузург дар амал талошу кӯшишҳои шоистаеро аз худ ба намоиш гузоранд. Аз ҷумла, тарғиби андешаҳои созандаи Пешвои миллат дар робита ба фарҳанги сулҳ, аҳаммияти ҳамгироӣ дар ҷаҳони муосир, инчунин, ғояҳои сулҳпарваронаи ниёгони шарафманди мо яке аз вазифаҳои муҳимми аҳли илму маориф мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафи наҷиб, зарур аст, ки силсилаи пажуҳишҳо дар самти қадима будани андешаи сулҳхоҳӣ ва сулҳпарварӣ миёни тоҷикон анҷом дода, натиҷаҳои онро дар миёни мардумони олам тавассути тарҷума бо забонҳои мухталифи ҷаҳонӣ нашру тарғиб намоянд.
Аз ҷониби Пешвои миллат манзур шудани ин ташаббуси ҷаҳонӣ бори дигар дар миёни анҷумани кишварҳои олам собит сохт, ки тоҷикон аз дергоҳи таърих ғояву андешаи сулҳпарвариро миёни бани башар тарғиб намуда, чун мардуми сулхоҳу ваҳдатшиор маъруфият ёфтаанд. Дар мақолаву суханрониҳои Пешвои миллат тарғиб шудани ғояҳои сулҳпарварӣ аз ҷониби Куруши Кабир, Деваштичу Спитамен, афкори ваҳдатсози Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлонои Балхӣ худ гувоҳи он аст, ки таҷрибаҳои нодир ва афкори бузурги ниёгони шарафманди мо дар татбиқи ин қатъномаи бузург нақши муҳими сарчашмавӣ гузоштаанд. Дар оянда низ ин андешаҳо чун меҳвари муҳимми татбиқи ҳадафҳои қатънома қарор гирифта, барои то ба мардуми олам расидани моҳият ва муҳтавои он нақши муассир мегузоранд.
Татбиқи нуктаҳои меҳварии қатънома омил бар он мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии низоъҳо ва таҳкими амнияти байналмилалӣ ташаббусҳои зиёдеро роҳандозӣ намояд. Ин тадбирҳо барои коҳиши шиддати низоъҳо ва баланд бардоштани эътимоди байни давлатҳо мусоидат мекунанд. Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки камбизоатӣ, бекорӣ ва нобаробарӣ низ аз ҷумлаи сабабҳои муҳимми сар задани низоъҳо мебошанд. Дар сурати боло рафтани сатҳи зиндагӣ, имкон дорад, ки сатҳи ҷинояткорӣ паст шуда, имкониятҳои таҳсил бештар гарданд. Дар канори ин, муҳоҷират коҳиш ёфта, суботи сиёсӣ тақвият меёбад. Ин нукта шаҳодати он хоҳад буд, ки рушди иқтисодӣ ва сулҳ бо ҳамдигар робитаи зич доранд ва бояд тамоми кишварҳо дар амри расидан ба ин ҳадафи бузург дар ҳошияи муҳтавои Қатънома устуворона саҳм бигиранд.
Дар асоси қатънома маълум мегардад, ки илм яке аз воситаҳои муҳимтарини фарҳанги сулҳофарӣ эътироф шудааст. Таҳқиқоти илмӣ барои пешгирии муноқишаҳо, таҳияи механизмҳои дипломатӣ ва омӯзиши омилҳои низоъ мусоидат мекунанд. Бар ин асос, дар назди муассисаҳои таълимӣ дар замони ба амал пайвастаи меҳварҳои қатънома вазифаҳои муҳимме қарор мегирад. Пеш аз ҳама, низоми илму маориф фаъолияти хешро дар самти тарғиби фарҳанги сулҳ, таълими таҳаммулпазӣ, бол бардоштани саводи ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён, тақвияти қобилияти муколама ва ҳаллу фасли низоъҳо равона менамояд.
Ба ибораи дигар, мактабу донишгоҳ фазои ташаккули ҷаҳонбинӣ, фарҳанги таҳаммул, эҳтиром ба гуногунандешӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мебошанд. Насле, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ, адолат, эҳтироми қонун, ҳамдигарфаҳмӣ ва арзишҳои сулҳ тарбия меёбад, дар оянда худ ҳомӣ ва ҳифзкунандаи сулҳ хоҳад шуд. Аз ҳамин ҷиҳат, татбиқи Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», пеш аз ҳама, ба сифати низоми маориф, мазмуни барномаҳои таълимӣ, сатҳи омодагии омӯзгорон ва густариши пажуҳишҳои илмӣ вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои таълимӣ парвариши инсоне мебошад, ки сулҳро ҳамчун арзиши олӣ дарк намуда, масъулияти ҳифзи онро дар сатҳи оила, ҷомеа, давлат ва муносибатҳои байналмилалӣ эҳсос кунад. Хушбахтона, муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар амри иҷрои ин вазифаҳои бузург ҳамеша пешсаф ва пешқадам ҳаст ва боқӣ мемонад. Ниҳодҳои илмии кишвар дар роҳи татбиқи қатъномаи мазкур вазифадор ҳастанд, ки тадбирҳои зеринро ҳамчун тамоюлҳои таҳқиқотии хеш муқаррар намуда, барои анҷоми пажуҳишҳое, ки самараи онҳо раванди амалишавии меҳварҳои онро суръат хоҳад бахшид, иқдом намояд.
Дар умум, қабқули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бори дигар собит мекунад, ки сулҳ арзиши бунёдии ҷомеаи инсонӣ ва шарти асосии рушди устувор мебошад. Муҳтавои ин ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ муқаррар месозад, ки сулҳи пойдор танҳо дар натиҷаи ҳамгироии омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба даст меояд. Ҳамгирроии тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ, фаъолияти созмонҳои ҷаҳонӣ, рушди дипломатия, густариши маориф ва илму технология, инчунин, иштироки фаъоли ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи қатънома метавонанд барои таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам оваранд.
Дар шароити муосир ҳар як давлат ва ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи сулҳ масъулият дорад. Танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои умумии инсонӣ, ҳамкории созанда ва татбиқи ташаббусҳои илмӣ дар саросари ҷаҳон, ки ҳадафи аслии пешниҳоди Пешвои миллатро аз ин Қатънома мушаххас мекунанд, метавон сулҳи пойдорро дар сайёра таъмин намуд. Таъмини ин сулҳи ҷовидонӣ симои Пешвои миллати моро ҳамчун сиёсатмадори сулҳофар ва меъмори сулҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» боз як далели равшани он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираи иштирокчии равандҳои байналмилалӣ гузашта, ба яке аз ташаббускорони муҳимми ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Барои Тоҷикистон бошад, ин қатънома идомаи мантиқии таҷрибаи сулҳофаринии миллӣ ва далели эътирофи ҷаҳонии мактаби давлатдории сулҳпарваронаи Пешвои миллат аст. Бешак, татбиқи амалии ин ташаббуси бузург на танҳо ба таҳкими сулҳу субот дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард, балки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанги фарҳанги сулҳ, муколама ва ҳамгироии байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ намуда, номи Пешвои миллатро дар саҳифаҳои таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ ҳамчун меъмори ташаббусҳои сулҳофар ва ҳомии манфиатҳои наслҳои оянда ҷовидона хоҳад сохт.
Обидҷон МАҲМУДЗОДА,
муовини директор оид ба илм ва инноватсияи
Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор