16.11.2026
Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ба амнияти башар, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсиву мафкуравӣ аз ҷониби бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пайомадҳои ҷиддии иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавӣ низ ба вуҷуд меоранд.
Мубориза бо ин зуҳурот дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва талқини ақидаҳои носолим метавонад дар муҳити маҷозӣ ба зудӣ паҳн шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори баъзе афрод таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар пешгирии он бояд дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.
Яке аз омилҳои муҳимми осебпазирии шаҳрвадон ин сатҳи нокифояи дониш ва малакаи таҳлил намудани иттилоот мебошад. Агар шахс манбаи хабарро насанҷад, далелҳоро бо маълумоти дигар муқоиса накунад ва ҳар паёми эҳсосангезро ҳамчун ҳақиқат қабул намояд, эҳтимоли осебпазирӣ ва шомилшавии ӯ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ зиёд шуда метавонад.
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии шаҳрвадон, махсусан, ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин фазо иттилооти гуногун, аз ҷумла, овозаҳо, хабарҳои бардурӯғ, наворҳои таҳрифшуда ва паёмҳои эҳсосангез паҳн мешаванд. Баъзе таблиғгарон аз ин фурсат истифода бурда, афродро ба қабули ақидаҳои тундгароёна водор карданӣ мешаванд.
Дар чунин шароит саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, манбаи иттилоотро муайян кунанд, сана ва муҳтавои хабарро бисанҷанд, далелҳоро бо сарчашмаҳои мустақил муқоиса намоянд ва пеш аз паҳн кардани маводи шубҳанок, дурустии онро дида бароянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва қабули қарорҳои дуруст дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон хеле муҳим аст.
Дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳити оила низ дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Оила нахустин муҳити рушди ҷаҳонбинӣ ва хислати инсон аст. Муносибати самимӣ, эҳтироми ҳамдигар, гӯш кардани мушкилоти фарзанд ва дастгирии ӯ дар ҳолатҳои душвор барои эътимод ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меоранд.
Волидайн бояд бо фарзандон дар бораи арзишҳои инсонӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва хатарҳои таблиғоти хушунатомез суҳбат кунанд. Дар ин раванд, на тарсонидану айбдоркунӣ, балки фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб ва эътимод ба ҳамдигар натиҷаи беҳтар дода метавонад.
Муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Дар мактабу донишгоҳҳо гузаронидани семинарҳои илмӣ-маърифатӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва мутахассисони соҳаи иттилоот метавонад ба дарки амиқтари масъала мусоидат кунад.
Донишҷӯ ё хонанда бояд тавонад маводи шубҳанокро муайян кунад, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандии худро дарк намояд, ихтилофро бо роҳи муколама ҳал кунад ва ҳангоми дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намояд.
Ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти дахлдор метавонад барои сари вақт пешгирӣ намудани ҷавонон аз амалҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам оварад.
Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм бояд ба чанд самти асосӣ такя намуд:
Якум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шиносоии шаҳрвандон бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, қонунгузории дахлдор ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои террористию экстремистӣ.
Дуюм, рушди саводи расонаӣ. Омӯзонидани усулҳои санҷиши иттилоот, шинохти манбаъҳои боэътимод ва муайян кардани таблиғоти ғаразнок.
Сеюм, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри рушди ҷавонон. Дастгирӣ барои таҳсил, касбомӯзӣ, шуғл, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ.
Чорум, таҳкими ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ. Фароҳам овардани муҳити эътимод, шунидани мушкилоти ҷавонон ва дастгирии саривақтии онҳо.
Панҷум, густариши фарҳанги муколама. Тарбияи эҳтиром ба гуногунандешӣ, малакаи ҳалли осоиштаи ихтилофҳо ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигарон.
Шашум, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон. Ҳамаи чораҳои муқовимат бояд дар асоси қонун, далелҳои санҷидашуда ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амалӣ карда шаванд.
Ҳафтум, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҷомеа. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, оилаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад барои пешгирии саривақтии хатарҳо мусоидат намояд.
Муқовимат бо терроризму экстремизм ҳамкории пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди насли ҷавон аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву расонаӣ ва тарбияи наврасону ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос аҳаммияти махсус дорад. Дар ин раванд ҳар як омӯзгор, волидайн, донишҷӯ, рӯзноманигор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо муносибати оқилона ва риояи қонун саҳми худро гузорад.
Афзал БОСОЛИЕВ,
муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров