18.07.2026

 img

«То 7-солагӣ бо кӯдак бозӣ намоед, аз 7 то 14-солагӣ ӯро омӯзонед ва аз 14 то 21-солагӣ дӯсташ бошед».

 

Ин андеша ба яке аз мавзуъҳои пурбаҳс табдил ёфтааст. Ҳазорон нафар онро мубодила мекунанд, баъзеҳо онро кашфиёти нави психологияи муосир меҳисобанд. Ҳатто чунин иддао низ садо медиҳад, ки гӯё психологҳои Донишгоҳи Ҳарвард танҳо дар солҳои охир ба хулосае расидаанд, ки ҳанӯз беш аз чордаҳ аср пеш маълум будааст.

 

Аммо саволи асосӣ ин аст: оё тарбияи кӯдакро метавон танҳо бо чунин қоида сода шарҳ дод? Оё рушди кӯдак воқеан, ба се марҳалаи ҳафтсола тақсим мешавад? Ва муҳимтар аз ҳама, омӯзгорон ва падару модарон аз ин назария чӣ метавонанд биомӯзанд?

 

Посух ба ин саволҳо таҳлили амиқи илмӣ, педагогӣ ва психологиро талаб мекунад. Илми муосир собит намудааст, ки рушди кӯдак раванди бисёрҷанба буда, ба омилҳои ирсӣ, муҳити оилавӣ, сифати таълим, муносибати омӯзгор, фарҳанги ҷомеа ва ҳатто вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар гуна қоида бояд бо эҳтиёт арзёбӣ карда шавад.

 

Бо вуҷуди ин, агар ба моҳияти андешаи «бозӣ – омӯзиш – дӯстӣ» назар андозем, мебинем, ки он бо бисёр назарияҳои маъруфи педагогика ва психология ҳамоҳангии ҷолиб дорад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ сабаб шудааст, ки ин андеша то имрӯз аҳаммияти худро гум накардааст.

 

Имрӯз, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи муносибати босалоҳият, рушди тафаккури интиқодӣ, ташаккули малакаҳои ҳаётӣ ва тарбияи шахсияти созанда равона гардидааст, масъалаи дуруст дарк намудани хусусиятҳои синнусолии кӯдак беш аз ҳар вақти дигар аҳаммия­ти амалӣ касб мекунад. Омӯзгоре, ки хусусиятҳои психологӣ ва имконоти рушди ҳар давраи синнусолиро намедонад, ҳатто бо дониши баланди фаннӣ низ наметавонад ба натиҷаҳои устувори таълимию тарбиявӣ ноил гардад.

 

Ҳамзамон, то имрӯз ягон пажуҳиши расмии Донишгоҳи Ҳарвард мавҷуд нест, ки айнан ҳамин қоидаи «се марҳилаи ҳафтсола»-ро ҳамчун модели универсалии рушди кӯдак тасдиқ карда бошад. Вале ин маънои онро надорад, ки худи ғоя арзиш надорад.

 

Дар илми педагогика ва психология ақидае вуҷуд дорад, ки тарзи муносибат бо кӯдак бояд мутобиқи синну соли ӯ тағйир ёбад. Гарчанде қоидаи маъруфи «То 7-солагӣ бо кӯдак бозӣ намоед, аз 7 то 14-солагӣ ӯро омӯзонед ва аз 14 то 21-солагӣ дӯсташ бошед» ҳамчун қонуни илмӣ эътироф нашудааст, аммо муҳтавои он бо бисёр назарияҳои муосири рушди кӯдак ҳамоҳанг аст.

 

То 7-солагӣ кӯдак ҷаҳонро, пеш аз ҳама, тавассути бозӣ мешиносад. Бозӣ танҳо воситаи фароғат нест, балки роҳи ташаккули нутқ, тафаккур, эҷодкорӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии падару модар ва мураббӣ дар ин марҳала муҳайё сохтани муҳити солим, бехатар ва пурмуҳаббат аст.

 

Аз 7 то 14-солагӣ кӯдак ба омӯзиши ҳадафманд ва азхудкунии мунтазами дониш омода мегардад. Дар ин давра эҳсоси масъулият, интизом, меҳнатдӯстӣ ва малакаҳои омӯзишӣ ташаккул меёбанд. Нақши омӯзгор маҳз дар ҳамин марҳала бисёр муҳим аст. Ӯ бояд на танҳо дониш омӯзонад, балки шавқи омӯзиш, тафаккури мустақил ва эҳсоси масъулиятро низ дар хонанда парвариш намояд.

 

Аз 14-солагӣ боло наврас тадриҷан мустақилияти фикриро соҳиб мешавад. Дар ин синну сол муносибати фармондеҳона самаранокии худро аз даст медиҳад. Муколама, эҳтироми андешаи наврас ва эътимод ба ӯ бештар натиҷа медиҳанд. Ин маънои онро надорад, ки назорат пурра аз байн равад, балки усули тарбия бояд аз фармон додан ба роҳнамоӣ ва ҳамкорӣ гузарад.

 

Педагоги маъруф Василий Сухомлинский таъкид мекард, ки тарбия муносибати инсонии омӯзгор бо кӯдак аст. Ба ҳамин монанд, Абуалӣ ибни Сино низ муҳити солими ахлоқӣ ва намунаи шахсии калонсолонро омили муҳимми камолоти кӯдак медонист.

 

Қоидаи «бозӣ – омӯзиш – дӯстӣ» шояд қоидаи қатъии илмӣ набошад, аммо як ҳақиқати муҳимми педагогиро инъикос мекунад: тарбия бояд бо синну сол ва эҳтиёҷоти рушди кӯдак ҳамқадам бошад. Вақте ки падару модар ва омӯзгор хусусиятҳои ҳар марҳалаи рушдро ба назар мегиранд, барои ташаккули шахсияти донишманд, масъулиятшинос ва худогоҳ заминаи устувор фароҳам меояд.

 

Юнус ҲАСАНЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи инноватсия

ва психологияи таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

  • ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал 21 июл дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд.   Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.   “Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, - изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.   Аҳамияти махсуси фаъолияти муназзами Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳо таъкид шуд.   Ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахусус бахши чорводорӣ, саноати кӯҳӣ ва геология таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи соҳаи кишоварзӣ ба Муғулистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.   Нақши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис дода шавад.   Алоқамандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ низ таъкид гардид.

    29

    21.07.2026
  •  img
    Имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.   Дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.   Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон қабул ва эълон гардид.   Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:   - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;    - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо;   - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати  маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;   - Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои маъданӣ ва нафти Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ;   - Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати истихроҷи маъдан ва саноати вазнини Муғулистон;   - Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон;    - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ;   - Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028.   Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оростанд.   Роҳбарони давлатҳо натиҷаи музокиротро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар неку ояндадор маънидод намуданд.   Мавриди зикри хос аст, ки рӯзҳои 20 - 21 июл дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

    38

    21.07.2026
  •  img
    МУВАФФАҚИЯТИ ТАЪРИХИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКА – IMO Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 67-умин Олимпиадаи байналмилалии математика (International Mathematical Olympiad – IMO), ки аз 10 то 21 июли соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштироки шоиста намуда, бо ба даст овардани натиҷаҳои арзанда обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.   Олимпиадаи байналмилалии математика яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои зеҳнии ҷаҳон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба шумор рафта, ҳамасола беҳтарин донишомӯзони зиёда аз 100 давлати ҷаҳонро ба ҳам меорад. Имсол дар олимпиада 117 даста ширкат варзида, иштирокчиён аз рӯи шаш масъалаи мураккаби математикӣ дар ду рӯзи озмун байни ҳам рақобат намуданд.   Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон иштирокчиён соҳиби 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 1 Ифтихорнома (Honourable Mention) гардиданд. Натиҷаи беҳтарини даста ба Олимҷон Тухтаров тааллуқ дошта, ӯ соҳиби медали нуқра гардид ва дар раддабандии инфиродӣ мавқеи баландро ишғол намуд. Инчунин, Юсупов Меҳрубон ва Абдуллоев Хусрав бо нишон додани донишҳои фарохи математикӣ тавонистанд сазовори медалҳои биринҷии олимпиада гарданд. Ин натиҷа аз омодагии хуби хонандагони тоҷик, рушди ҳаракати олимпӣ ва баланд гардидани сатҳи таълими фанҳои дақиқ дар кишвар шаҳодат медиҳад.   Ин дастовард идомаи иштироки босамари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математика маҳсуб ёфта, аз самаранокии тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати дастгирии хонандагони болаёқат, рушди тафаккури мантиқӣ ва таҳкими омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дарак медиҳад.

    66

    20.07.2026