21.07.2026

 img

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

 

Дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.

 

Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон қабул ва эълон гардид.

 

Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:

 

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ; 

 

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо;

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати  маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш;

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;

 

- Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои маъданӣ ва нафти Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ;

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати истихроҷи маъдан ва саноати вазнини Муғулистон;

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон; 

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ;

 

- Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028.

 

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оростанд.

 

Роҳбарони давлатҳо натиҷаи музокиротро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар неку ояндадор маънидод намуданд.

 

Мавриди зикри хос аст, ки рӯзҳои 20 - 21 июл дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

  • Имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон img
  • Имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон img
  • Имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон img
  • Имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал 21 июл дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд.   Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.   “Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, - изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.   Аҳамияти махсуси фаъолияти муназзами Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳо таъкид шуд.   Ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахусус бахши чорводорӣ, саноати кӯҳӣ ва геология таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи соҳаи кишоварзӣ ба Муғулистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.   Нақши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис дода шавад.   Алоқамандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ низ таъкид гардид.

    16

    21.07.2026
  •  img
    МУВАФФАҚИЯТИ ТАЪРИХИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКА – IMO Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 67-умин Олимпиадаи байналмилалии математика (International Mathematical Olympiad – IMO), ки аз 10 то 21 июли соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштироки шоиста намуда, бо ба даст овардани натиҷаҳои арзанда обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.   Олимпиадаи байналмилалии математика яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои зеҳнии ҷаҳон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба шумор рафта, ҳамасола беҳтарин донишомӯзони зиёда аз 100 давлати ҷаҳонро ба ҳам меорад. Имсол дар олимпиада 117 даста ширкат варзида, иштирокчиён аз рӯи шаш масъалаи мураккаби математикӣ дар ду рӯзи озмун байни ҳам рақобат намуданд.   Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон иштирокчиён соҳиби 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 1 Ифтихорнома (Honourable Mention) гардиданд. Натиҷаи беҳтарини даста ба Олимҷон Тухтаров тааллуқ дошта, ӯ соҳиби медали нуқра гардид ва дар раддабандии инфиродӣ мавқеи баландро ишғол намуд. Инчунин, Юсупов Меҳрубон ва Абдуллоев Хусрав бо нишон додани донишҳои фарохи математикӣ тавонистанд сазовори медалҳои биринҷии олимпиада гарданд. Ин натиҷа аз омодагии хуби хонандагони тоҷик, рушди ҳаракати олимпӣ ва баланд гардидани сатҳи таълими фанҳои дақиқ дар кишвар шаҳодат медиҳад.   Ин дастовард идомаи иштироки босамари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математика маҳсуб ёфта, аз самаранокии тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати дастгирии хонандагони болаёқат, рушди тафаккури мантиқӣ ва таҳкими омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дарак медиҳад.

    65

    20.07.2026
  •  img
    Рушди муколамаи байни тамаддунҳо Дар ибтидои асри XXI инсоният бо маҷмуи таҳдидҳои нав, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои киберамниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб кардааст.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси принсипҳои эҳтироми соҳиб­их­тиёрии давлатҳо, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, ҳамкории судманд ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ба роҳ мондааст.   Бо ташаббуси Пешвои миллат Тоҷикистон муаллифи як қатор қатъномаҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҷумла, эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи бай­налмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва амсоли инҳо нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият бахшиданд.   Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон танҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳдуд набуда, балки ба рушди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва ҳалли мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудааст.   25 июни соли 2026 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро қабул намуд.   Ин қатънома бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби шумораи зиёди давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфт. Ҳуҷҷат аҳаммияти рушди фарҳанги сулҳ, муколамаи байни тамаддунҳо, пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва иштироки фаъоли ҷавононро дар таъмини сулҳи пойдор таъкид менамояд.   Қатънома, инчунин, ҳамаи давлатҳо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, му­ассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро ба ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалӣ даъват менамояд.   Қабули қатъномаи байналмилалӣ дар шароите сурат мегирад, ки шумораи низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон афзоиш ёфта, миллионҳо нафар маҷбур шудаанд, ки макони зисти худро тарк намоянд. Сатҳи нобоварии байни давлатҳо боло рафтааст.   Дар чунин вазъият ташаббуси Тоҷикистон метавонад ба густариши дипломатияи пешгирикунанда, рушди муколама байни тамаддунҳо, таҳкими эътимоди байни халқҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар сулҳофарӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди таҳсилоти сулҳпарварона, пешгирии ифротгароӣ ва хушунат мусоидат намояд.   Ташаккули фарҳанги сулҳ бояд маҳз аз муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори рушди сулҳи пойдор мебошад.   Ин ташаббус бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз давлатҳои фаъол ва эътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.   Бой НОДИРОВ, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ

    62

    18.07.2026