22.07.2026

 img

22 июли соли 2026 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳии намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони вазорат баргузор гардид.

 

Вохӯриро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, дар таҳкими арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту исрофкорӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим дорад.

 

Муовини якуми вазир ҳамчунин иброз дошт, ки кормандони соҳаи маориф ҳамчун тарғибгарони фарҳанги миллӣ бояд дар татбиқи муқаррароти қонун намунаи ибрат бошанд ва дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ тақвият бахшанд.

 

Дар вохӯрӣ мутахассиси пешбари Раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Абдулазиззода иштирок намуда, оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ пешниҳод намуд.

 

Зимни баромад намояндаи кумита моҳият ва аҳаммияти қонуни мазкур, нақши он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии исрофкорӣ ва таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузориро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи моддаҳои 8, 9, 10, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Тартиби баргузории ҷашну маросим, маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонун ва масъулияти шаҳрвандон барои риояи талаботи он ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.

 

Ҳамзамон, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, оид ба татбиқи амалии муқаррароти қонун дар фаъолияти хизматӣ ва ҳаёти рӯзмарра мубодилаи афкор намуданд.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузории чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини иҷрои дақиқи талаботи қонунгузорӣ ва ташаккули муносибати масъулиятнок нисбат ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат менамояд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО img
  • ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО img
  • ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РАФТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ БАРРАСӢ ГАРДИД Имрӯз, 22 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музафарзода ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.   Дар ҷаласа директорону менеҷерони лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории вазорат ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.   Дар ҷаласа рафти татбиқи лоиҳаҳои “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” (марҳилаи 5), “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ва “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (марҳилаи II) баррасӣ шуд.   Зимни ҷаласа директорону менеҷерони лоиҳаҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда, ҳаҷми маблағҳои азхудгардида, рафти корҳои сохтмонӣ ва иҷрои нақшаҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.   Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” дар 22 иншооти таълимӣ корҳои сохтмону азнавсозӣ идома дошта, фарогирии 10 ҳазор корманди соҳаи маориф ба курсҳои такмили ихтисос ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, арзёбии байналмилалии PIRLS – 2026 бо иштироки 6945 нафар хонандаи синфи чорум баргузор гардид.   Дар доираи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” дар 11 иншооти таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, зиёда аз 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Ҳамзамон, Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “Рушди мактабҳо” ба имзо расонида шудааст.   Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи рушди таҳсилоти STEM дар 18 муассисаи таълимӣ биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин, таъсиси платформаи омӯзиши фосилавӣ ва рушди салоҳиятҳои рақамии омӯзгорону хонандагон пешбинӣ гардидааст.   Дар доираи лоиҳаи “Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф” сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 53 муассисаи таълимӣ барои фароҳам овардани шароити муосир ба 17 ҳазору 736 хонанда ба нақша гирифта шудааст.   Дар ҷараёни муҳокимаҳо ба масъалаҳои сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки маблағҳо, иҷрои саривақтии нақшаҳо ва тақвияти назорат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.   Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифати лоиҳаҳо ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    35

    22.07.2026
  •  img
    БАРРАСИИ РУШДИ МАҲОРАТИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ Имрӯз, 22 июли соли 2026 дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи фарогирии мураббиён ва омӯзгорони марказу гурӯҳҳои инкишофи барвақтии кӯдак ба курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва тренингҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки рушди таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин зинаи таҳсилот омили муҳимми таъмин намудани сифати таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон мебошад.   Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи тарбия ва инкишофи барвақтии кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки сармоягузорӣ ба таҳсилоти томактабӣ сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илм барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди мунтазами касбии мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.   Дар ҷаласа ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба фаъолияти донишкада дар самти такмили ихтисоси кормандони таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла мураббиён ва омӯзгорони марказу гурӯҳҳои инкишофи барвақтии кӯдак маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намуд.   Ректори донишкада таъкид кард, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дар донишкада ҷиҳати рушди касбии кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ як қатор тадбирҳои мақсаднок роҳандозӣ гардидаанд.   Қайд гардид, ки бо мақсади фарогирии бештари кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ барномаҳои таълимӣ такмил дода шуда, шаклҳои гуногуни омӯзиш васеъ гардонида, ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф тақвият бахшида шуд. Ҳамчунин, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ва истифодаи имкониятҳои курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои махсус, тренингҳо ва коучингҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.   Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар донишкада ва филиалҳои он дар маҷмуъ 5542 нафар кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба шаклҳои гуногуни рушди касбӣ фаро гирифта шуданд.   Дар ҷаласа таъкид гардид, ки рушди мунтазами касбии кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии кӯдакон ба шумор меравад.   Аз рӯйи натиҷаи баррасии масъала қарор қабул гардид, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати фарогирии пурраи мураббиён ва омӯзгорони марказу гурӯҳҳои инкишофи кӯдак ба шаклҳои гуногуни рушди касбӣ чораҳои иловагӣ андешад.   Ҳамчунин, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардиданд, ки ҳамкориро бо донишкада тақвият бахшида, тибқи нақшаҳои тасдиқшуда фарогирии пурраи кормандони мазкурро ба курсҳо, семинарҳо ва тренингҳо таъмин намоянд.   Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, то охири соли 2026 фарогирии 6000 нафар мудир, мураббӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак ба курсҳо, семинарҳо ва тренингҳо дар назар дошта шудааст.

    48

    22.07.2026
  •  img
    МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ТАКМИЛИ НИЗОМИ АРЗЁБИИ ҶАМЪБАСТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 21 июли соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Гузариш ба арзёбии ҷамъбастии ба салоҳиятҳо нигаронидашуда: аз озмоиш то татбиқи низом» баргузор гардид.   Дар чорабинӣ намояндагони соҳаи маориф, шарикони рушд, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, методистон ва омӯзгорон иштирок намуданд. Ҳадафи асосӣ баррасии масъалаҳои гузариш ба арзёбии ҷамъбастии ба салоҳиятҳо нигаронидашуда, такмили заминаҳои меъёриву методӣ ва муаррифии натиҷаҳои озмоиши маводи имтиҳонӣ аз фанҳои математика ва забони тоҷикӣ барои хонандагони синфи 5 буд.   Мизи мудавварро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, аҳаммияти арзёбии дуруст ва мутобиқ ба ҳадафҳои таҳсилоти салоҳиятмеҳварро таъкид кард. Сипас, намояндаи ЮНИСЕФ Н. Хосака ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Ш. Каримзода суханронӣ намуданд.   Дар ҷараёни чорабинӣ намунаҳои супоришҳои имтиҳонӣ, натиҷаҳои озмоиш ва имкониятҳои истифодаи платформаи рақамии Donishsanj.tj муаррифӣ шуданд. Иштирокчиён оид ба меъёрҳои баҳогузорӣ, омодасозии омӯзгорон ва паҳн намудани таҷрибаи синфи 5 ба дигар фанҳо ва синфҳо мубодилаи афкор намуданд.   Дар ҷамъбаст барои идомаи корҳои методӣ, такмили маводи арзёбӣ ва марҳала ба марҳала татбиқ намудани низоми нави арзёбии ҷамъбастӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

    3

    21.07.2026