22.07.2026
Имрӯз, 22 июли соли 2026 дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи фарогирии мураббиён ва омӯзгорони марказу гурӯҳҳои инкишофи барвақтии кӯдак ба курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва тренингҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки рушди таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин зинаи таҳсилот омили муҳимми таъмин намудани сифати таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон мебошад.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи тарбия ва инкишофи барвақтии кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки сармоягузорӣ ба таҳсилоти томактабӣ сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илм барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди мунтазами касбии мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар ҷаласа ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба фаъолияти донишкада дар самти такмили ихтисоси кормандони таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла мураббиён ва омӯзгорони марказу гурӯҳҳои инкишофи барвақтии кӯдак маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Ректори донишкада таъкид кард, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дар донишкада ҷиҳати рушди касбии кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ як қатор тадбирҳои мақсаднок роҳандозӣ гардидаанд.
Қайд гардид, ки бо мақсади фарогирии бештари кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ барномаҳои таълимӣ такмил дода шуда, шаклҳои гуногуни омӯзиш васеъ гардонида, ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф тақвият бахшида шуд. Ҳамчунин, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ва истифодаи имкониятҳои курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои махсус, тренингҳо ва коучингҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар донишкада ва филиалҳои он дар маҷмуъ 5542 нафар кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба шаклҳои гуногуни рушди касбӣ фаро гирифта шуданд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки рушди мунтазами касбии кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, татбиқи усулҳои муосири омӯзиш ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии кӯдакон ба шумор меравад.
Аз рӯйи натиҷаи баррасии масъала қарор қабул гардид, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати фарогирии пурраи мураббиён ва омӯзгорони марказу гурӯҳҳои инкишофи кӯдак ба шаклҳои гуногуни рушди касбӣ чораҳои иловагӣ андешад.
Ҳамчунин, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардиданд, ки ҳамкориро бо донишкада тақвият бахшида, тибқи нақшаҳои тасдиқшуда фарогирии пурраи кормандони мазкурро ба курсҳо, семинарҳо ва тренингҳо таъмин намоянд.
Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, то охири соли 2026 фарогирии 6000 нафар мудир, мураббӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак ба курсҳо, семинарҳо ва тренингҳо дар назар дошта шудааст.