05.05.2026

 img

Имрӯз, 5 майи соли 2026 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои соли таҳсили 2026-2027 баргузор гардид.

 

Дар тақсимоти мутахассисон сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия И. Иброҳимзода, намояндагони вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ҷавон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус омӯзгорони ҷавон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, рушди неруи инсонӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорро омили асосии пешрафти давлат ва ҷомеа арзёбӣ мекунанд.

 

Ҳамзамон, зикр гардид, ки омӯзгорони ҷавон ҳамчун неруи пешбарандаи соҳа дар татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст нақши муҳим доранд. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки бо эҳсоси баланди масъулият, дониш ва маҳорати касбии худро барои рушди соҳаи маорифи кишвар равона созанд.

 

Дар ҷараёни тақсимот 141 нафар хатмкунандае, ки тариқи буҷавӣ донишгоҳро хатм менамоянд, мутобиқ ба ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои соли 2026 баргузор гардид. Ҳадафи озмун, мутолиаи асарҳои Пешвои миллат мебошад. Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳар як фарди худогоҳи миллӣ тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда пайванд созад.   Мавриди зикр аст, ки ҳар як асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу фардоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбият менамояд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавонон нақши басо бузургу шоиста мегузоранд.   Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳайати комиссия иштирокдорон ба ҷойҳои зерин сазовор дорниста шуда, ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд: Маҳмадализода Хайрандеш Диловар - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи якум); Миралиён Шаҳло - магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” (ҷойи дуюм); Ҷураева Зебонисо - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи сеюм).

    7

    06.05.2026
  •  img
    БЕШ АЗ 9000 НАФАР ХАТМКУНАНДАИ СИНФҲОИ 9-УМ ДАР ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШИИ ММТ ДАР НОҲИЯИ СИНО ИШТИРОК НАМУДАНД Дар 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имтиҳонҳои озмоишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони синфҳои 9-ум баргузор гардида, хатмкунандагон сатҳи омодагии худро барои идомаи таҳсил ва интихоби гурӯҳҳои ихтисосӣ санҷиданд.   Мақсад аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ муайян намудани сатҳи дониш ва омодагии хатмкунандагон вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобнамуда, инчунин шиносо намудани онҳо бо тартиб ва раванди имтиҳонсупорӣ мебошад.   Имтиҳони озмоишӣ ба довталабон имкон медиҳад, ки бо муҳити воқеии имтиҳон аз наздик шинос шуда, тарзи дурусти пур кардани варақаҳои ҷавобҳо, истифодаи самараноки вақт ва дигар ҷанбаҳои муҳими имтиҳонсупориро аз худ намоянд.   Ҳамзамон, натиҷаҳои бадастомада барои муайян намудани сатҳи омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, вазъи сифати таҳсил аз фанҳои таълимӣ ва натиҷаи фаъолияти омӯзгорони фаннӣ мусоидат менамояд.   Қайд гардид, ки холҳои бадастовардаи довталабон ба маълумоти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, роҳбарони синфҳо ва падару модарон расонида шуда, барои тақвияти ҳамкории оила ва муассисаи таълимӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил замина фароҳам меорад.   Масъулон баргузории чунин имтиҳонҳои озмоиширо воситаи муҳими баланд бардоштани сатҳи омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои асосии Маркази миллии тестӣ арзёбӣ намуданд.

    33

    05.05.2026
  •  img
    КУШОДАШАВИИ ОЗМОИШГОҲИ МУОСИРИ STEM ДАР МТМУ №35-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ Имрӯз, 5 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи муосири STEM барои муассисаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНЕСКО амалӣ шуда, ба таҳкими таълими STEM, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди таҳсилоти босалоҳият равона гардидааст.   Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвамӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони ЮНЕСКО, шарикони рушд, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, инчунин хонандагон иштирок намуданд.   Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи фаннӣ дар саҳни муассиса дидан намуда, бо дастовардҳои хонандагон аз фанҳои химия, физика ва биология, китобҳои дарсии нав, маводҳои таълимӣ ва модулҳои такмили ихтисос шинос шуданд.   Зимни суханронии худ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода таъкид намуд, ки ифтитоҳи чунин озмоишгоҳҳои муосир самараи сиёсати хирадмандона ва дарҳои бозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ як қатор корҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла таҳияи стандартҳои муосири таълимӣ, китобҳои дарсӣ бо равиши инноватсионии 5Е ва таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, “Талаботи тахассусӣ вобаста ба салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии омӯзгорон”, стандартҳои фанҳои химия, физика ва биология, инчунин 14 номгӯи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7-11 таҳия ва нашр шудаанд.   Ҳамчунин зикр шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 70 муассисаи таълимӣ ҳамчун пойгоҳи таҷрибавӣ интихоб гардида, 385 нафар омӯзгор ва ҳайати роҳбарикунанда аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо озмоишгоҳҳои муосири STEM таъмин гардидаанд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо тахтаҳои электронӣ, ноутбук, планшет, зиёда аз 40 номгӯи таҷҳизоти фанни физика, 77 номгӯи таҷҳизоти фанҳои химия ва биология, инчунин таҷҳизоти махсуси STEM муҷаҳҳаз буда, арзиши миёнаи ҳар як озмоишгоҳ тақрибан 509 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.   Дар идома вазир ба Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии молиявии лоиҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маорифи кишвар изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди устувори ҷомеа заминаи боэътимод мегузоранд.   Иштирокчиён баъдан бо имкониятҳои озмоишгоҳи муосири STEM шинос гардиданд. Таъкид шуд, ки озмоишгоҳ ҳамчун муҳити инноватсионии таълимӣ ба омӯзиши амаливу таҳқиқотӣ, иҷрои лоиҳаҳо, кор дар гурӯҳ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.   Дар доираи барнома хонандагон ва омӯзгорон як қатор намоишҳои амалӣ баргузор намуданд. Аз ҷумла, озмоишҳои химиявӣ, таҷрибаҳои физикӣ вобаста ба энергия ва ҳаракат, корҳои озмоишгоҳӣ дар самти биология бо истифода аз микроскопҳо, лоиҳаҳои робототехникӣ ва муҳандисӣ, технологияҳои “хонаи ҳушманд”, 3D-моделсозӣ ва истифодаи тахтаҳои интерактивӣ ва озмоишгоҳҳои маҷозӣ муаррифӣ гардиданд.   Ҳамчунин, платформаи рақамии “Omuzgor-Pro”, ки дар доираи лоиҳа таҳия шудааст, ҳамчун воситаи дастгирии омӯзгорон ва рушди доимии касбии онҳо муаррифӣ карда шуд.   Бояд зикр намуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 6 озмоишгоҳи филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, 7 маркази такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҷҳизоту мебелҳои муосири STEM ва ТИК муҷаҳҳаз гардидаанд.   Татбиқи чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати омӯзгорон, рушди таҳсилоти босалоҳият ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.   Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика), таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон” аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби ЮНЕСКО амалӣ мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    53

    05.05.2026