06.05.2026

 img

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои соли 2026 баргузор гардид. Ҳадафи озмун, мутолиаи асарҳои Пешвои миллат мебошад. Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳар як фарди худогоҳи миллӣ тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда пайванд созад.

 

Мавриди зикр аст, ки ҳар як асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу фардоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбият менамояд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавонон нақши басо бузургу шоиста мегузоранд.

 

Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳайати комиссия иштирокдорон ба ҷойҳои зерин сазовор дорниста шуда, ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд:

Маҳмадализода Хайрандеш Диловар - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи якум);

Миралиён Шаҳло - магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” (ҷойи дуюм);

Ҷураева Зебонисо - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи сеюм).

  • ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД img
  • ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД img
  • ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026» Имрӯз, 6 майи соли 2026 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 баргузор гардид.   Дар озмун довталабон аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ, сатҳи дониш, малакаи педагогӣ ва эҷодкории худро муаррифӣ намуданнд. Иштирокчиён бо дарсҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд.   Бо мақсади таъмини шаффофият ва баҳогузории одилона, ҳайати доварони озмун аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҷараёни озмунро мувофиқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монд.   Дар рафти чорабинӣ инчунин намояндагони иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд, ки саҳми онҳо дар ташкили чорабинӣ назаррас арзёбӣ мегардад.   Даври ноҳиявии Озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур З. Зуҳурзода оғоз гардида, зимни баромади худ ӯ аҳамияти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, рушди малакаҳои касбӣ ва дарёфти истеъдодҳои навро таъкид намуд.   Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, рушди методикаи таълим ва табодули таҷрибаи пешқадам нақши муҳим дошта, барои пешрафти соҳаи маориф мусоидат менамояд.

    5

    06.05.2026
  •  img
    ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МАРКАЗИ ИЛМ ВА ФАРҲАНГИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 5 майи соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таълимӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество), ки аз соли 2011 фаъолият дорад, ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангиву илмии ду кишвар табдил ёфтааст. Фаъолияти марказ тавассути «Русский дом» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад.   Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо, бахусус дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон, сол ба сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилотӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳамасола садҳо довталаби тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи Федератсияи Россия ба таври ройгон таҳсил намоянд.   Ҳамчунин, ба аҳаммияти ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон, аз ҷумла барномаи «Здравствуй, Россия!» ишора карда шуд.   Дар идомаи мулоқот вазири маориф ва илм ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини идомаи бемонеаи таҳсили донишҷӯён, тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду кишвар муҳим мебошад. Дар ин замина, масъалаҳои вобаста ба будубош ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён, инчунин пешгирии ҳолатҳои номатлубе, ки метавонанд ба идомаи таҳсили онҳо таъсир расонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Вазири маориф ва илм пешниҳод намуд, ки ҷиҳати такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад.   Ҳамчунин, бо мақсади баррасии саривақтии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешниҳод гардид, ки механизми ҳамоҳангсозии муштараки миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.   Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор дошта, таъкид намуданд, ки чунин ҳамкориҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    49

    05.05.2026
  •  img
    КУШОДАШАВИИ ОЗМОИШГОҲИ МУОСИРИ STEM ДАР МТМУ №35-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ Имрӯз, 5 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи муосири STEM барои муассисаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНЕСКО амалӣ шуда, ба таҳкими таълими STEM, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди таҳсилоти босалоҳият равона гардидааст.   Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвамӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони ЮНЕСКО, шарикони рушд, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, инчунин хонандагон иштирок намуданд.   Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи фаннӣ дар саҳни муассиса дидан намуда, бо дастовардҳои хонандагон аз фанҳои химия, физика ва биология, китобҳои дарсии нав, маводҳои таълимӣ ва модулҳои такмили ихтисос шинос шуданд.   Зимни суханронии худ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода таъкид намуд, ки ифтитоҳи чунин озмоишгоҳҳои муосир самараи сиёсати хирадмандона ва дарҳои бозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ як қатор корҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла таҳияи стандартҳои муосири таълимӣ, китобҳои дарсӣ бо равиши инноватсионии 5Е ва таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, “Талаботи тахассусӣ вобаста ба салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии омӯзгорон”, стандартҳои фанҳои химия, физика ва биология, инчунин 14 номгӯи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7-11 таҳия ва нашр шудаанд.   Ҳамчунин зикр шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 70 муассисаи таълимӣ ҳамчун пойгоҳи таҷрибавӣ интихоб гардида, 385 нафар омӯзгор ва ҳайати роҳбарикунанда аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо озмоишгоҳҳои муосири STEM таъмин гардидаанд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо тахтаҳои электронӣ, ноутбук, планшет, зиёда аз 40 номгӯи таҷҳизоти фанни физика, 77 номгӯи таҷҳизоти фанҳои химия ва биология, инчунин таҷҳизоти махсуси STEM муҷаҳҳаз буда, арзиши миёнаи ҳар як озмоишгоҳ тақрибан 509 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.   Дар идома вазир ба Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии молиявии лоиҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маорифи кишвар изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди устувори ҷомеа заминаи боэътимод мегузоранд.   Иштирокчиён баъдан бо имкониятҳои озмоишгоҳи муосири STEM шинос гардиданд. Таъкид шуд, ки озмоишгоҳ ҳамчун муҳити инноватсионии таълимӣ ба омӯзиши амаливу таҳқиқотӣ, иҷрои лоиҳаҳо, кор дар гурӯҳ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.   Дар доираи барнома хонандагон ва омӯзгорон як қатор намоишҳои амалӣ баргузор намуданд. Аз ҷумла, озмоишҳои химиявӣ, таҷрибаҳои физикӣ вобаста ба энергия ва ҳаракат, корҳои озмоишгоҳӣ дар самти биология бо истифода аз микроскопҳо, лоиҳаҳои робототехникӣ ва муҳандисӣ, технологияҳои “хонаи ҳушманд”, 3D-моделсозӣ ва истифодаи тахтаҳои интерактивӣ ва озмоишгоҳҳои маҷозӣ муаррифӣ гардиданд.   Ҳамчунин, платформаи рақамии “Omuzgor-Pro”, ки дар доираи лоиҳа таҳия шудааст, ҳамчун воситаи дастгирии омӯзгорон ва рушди доимии касбии онҳо муаррифӣ карда шуд.   Бояд зикр намуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 6 озмоишгоҳи филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, 7 маркази такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҷҳизоту мебелҳои муосири STEM ва ТИК муҷаҳҳаз гардидаанд.   Татбиқи чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати омӯзгорон, рушди таҳсилоти босалоҳият ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.   Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика), таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон” аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби ЮНЕСКО амалӣ мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    54

    05.05.2026