17.10.2025

 img

Имрӯз, 17 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо вобаста ба таҳкими фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо иштироки директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласа баргузор гардид.

 

Дар оғоз муовини вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ошно намуда, таъкид дошт, ки тақвияти фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳама сатҳҳо аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба шумор меравад. Зикр шуд, ки дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд зарур аст, ки фаъолияти марказҳо ба таври муассиртар ба роҳ монда шуда, кор бо хонандагони болаёқат, омӯзгорони эҷодкор ва волидайни онҳо ҷоннок гардад.

 

Дар идомаи ҷаласа фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳисоботи роҳбарони ин муассисаҳо шунида шуда, ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025, масъалаҳои ташкилӣ, татбиқи барномаҳои таълимӣ, сатҳи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва инчунин, фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд.

 

Муовини вазир таъкид намуд, ки роҳбарони марказҳо бояд ҷиҳати такмили заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон, омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷалби бештари хонандагони лаёқатманд ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ бо муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Дар охир вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

  • ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО img
  • ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО img
  • ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар муассисаҳои таълимии томактабии №4, №5, №8, №12, №15, №17, №40, №41, №45, №59, №78, №110, №121 ва №149-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва реҷаи тобистона ба таври муташаккилона ҷараён дорад.   Бо мақсади таҳкими саломатии кӯдакон, ташкили истироҳат ва фароғати шавқовар дар муассисаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳо, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда мунтазам баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифату серғизо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар давраи солимгардонӣ ба ҳисоб мераванд.   Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати ташкили босифати давраи солимгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, раванди мазкурро зери назорати доимӣ қарор додааст.

    12

    16.07.2026
  •  img
    ДАСТОВАРДИ НАВИ МАОРИФИ ТОҶИК: МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР IPhO 2026 Аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колимбиа сабқати бузурги илмӣ – Олимпиадаи байналмилалии физика-2026 (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабро аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст.    Дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати зерин:   •  Мамуров Муҳаммадёсин;   •  Қодиров Аъзам;   •  Амиров Муҳаммадамин;   •  Маюсупов Хусрав;   •  Одинаев Рамзиддин бо роҳбарии Ҷамшеди Рустам ва Далер Пиров дар Олимпиада ширкат варзиданд.   Боиси хушнудист, ки хонандаи синфи 11-и Литсей интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO 2026) сазовори медали биринҷӣ гардид.   Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш – амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки ҳайати Кумитаи тадорукотро ҷоизадорони ҷоизаи Нобел дар бахши физика - Серж Арош, Алберт Ферт, Анна Л'Юйе, Пйер Агостини, Ален Аспект ва Жерар Муру ҳамроҳӣ менамоянд, ки нуфузи Олимпиадаро боз ҳам баландтар мебардорад.

    12

    15.07.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ ВАЗОРАТ: НАТИҶАГИРӢ ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ 14 июли соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, директорони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ва Президентӣ иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 маъруза намуда, аз дастовардҳои соҳа, раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.   Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, рушди инфрасохтори соҳа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда муҳокима гардиданд.   Дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Н. Зиёратшоҳ ва директори Маркази таълимии занон «Сарвар» Н. Содиқӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа ва роҳҳои такмили фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими масъулияти роҳбарону кормандони соҳа ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда то охири соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар анҷоми ҷаласа лоиҳаи қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокдорон қабул гардида, вазифаҳои асосии соҳа барои давраи минбаъдаи соли 2026 муайян карда шуданд.   Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.   Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    108

    14.07.2026