28.07.2026
28 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
Озмунро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти онро дар ҳавасмандгардонии хонандагон ба таҳсили амиқ, дарёфти донишҳои муосир ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон таъкид кард.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвар эътироф гардида, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли донишманд ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муовини вазир иброз дошт, ки дар озмуни танҳо он хатмкунандагоне иштирок доранд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо натиҷаҳои аъло хатм намуда, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гузаштан аз санҷиши комиссияи Вазорати маориф ва илм ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд.
Қайд гардид, ки солҳои охир шумораи гирандагони медалҳои тилло ва нуқра мунтазам афзоиш меёбад. Агар соли 2017 ҳамагӣ 8 нафар хатмкунанда соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошад, ин нишондиҳанда соли 2021 ба 53 нафар ва соли 2025 ба 73 нафар расидааст. Ин тамоюл аз беҳтар гардидани сифати таҳсил, болоравии масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба донишомӯзӣ шаҳодат медиҳад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли ҷорӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявӣ 178 нафар довталаб барои иштирок дар озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ пешниҳод гардидаанд.
Дар идомаи суханронӣ Равшан Каримзода таваҷҷуҳи масъулони соҳаи маорифро ба масъалаи дуруст омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабон ҷалб намуда, иброз дошт, ки риояи талаботи санадҳои меъёрӣ барои таъмини шаффофият ва адолати озмун аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки озмуни мазкур на танҳо сатҳи дониш ва омодагии хонандагонро муайян месозад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда, рушди қобилияти зеҳнӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ҳавасманд менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки аз миёни иштирокчиёни имсола олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳибкасби оянда ба камол расида, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Озмуни аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ҳамасола бо мақсади муайян намудани хонандагони болаёқат, ҳавасмандгардонии ҷавонон ба таҳсили аъло, рушди рақобати солим ва қадршиносии дастовардҳои беҳтарин хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардида, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон