04.05.2026

 img

Имрӯз, 4 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи миссияи корӣ оид ба арзёбии рафти амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

 

Вохӯриро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни вазорат ва Бонки Умумиҷаҳонӣ нақши муҳим доранд.

 

Зикр шуд, ки лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» яке аз лоиҳаҳои калидии соҳаи маориф ва илм ба шумор рафта, барои татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 заминаи устувор фароҳам меорад.

 

Дар доираи татбиқи лоиҳа як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрӣ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати таълим, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин роҳнамоҳо ва методикаҳои дахлдор таҳия ва ба тасвиб расонида шуданд.

 

Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи тартиби нави арзёбии сифати таҳсилот барои кормандони сохторҳои марбута ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 120 нафар тренерон омода гардида, зиёда аз 3500 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки доираи лоиҳа 2 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 9 муассисаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

 

Таъкид карда шуд, ки соли 2025 озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо иштироки хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, айни замон марҳилаи асосии он аз 14 апрел то 6 майи соли 2026 дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳия идома дорад.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба таври муфассал масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ, баланд бардоштани сифати банақшагирӣ ва лоиҳакашии иншооти таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири байналмилалӣ, инчунин суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти умумиро баррасӣ намуданд.

 

Ҳамзамон, ба масъалаи таъмин ва васеъ намудани дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, тақвияти инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорону хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

 

Иштирокдорон инчунин оид ба такмили механизмҳои мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, густариши таҷрибаҳои пилотӣ, истифодаи усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳо, тақвияти иқтидори кадрӣ ва идоракунӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи маориф таъкид намуданд.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва илм, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳамкориҳо дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дар кишвар нақши калидӣ мебозанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.   Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният, Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, масоили вобаста ба бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, идомаи бомароми сохтмони биною иншооти зарурӣ дар сарҳадот, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа баррасӣ шуд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши роҳбарони масъулро доир ба ин ва дигар масоили ҳалталаб шунида, барои бартараф намудани мушкилу камбудиҳои мавҷуда дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

    19

    04.05.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7–8 Рӯзҳои 1–2 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7–8 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории олимпиадаҳои фаннӣ дарёфт ва дастгирии хонандагони лаёқатманд, рушди қобилияти зеҳнӣ, тақвияти шавқу рағбат ба омӯзиши фанҳо ва омодасозии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.

    36

    04.05.2026
  •  img
    СЕМИНАР – МАШВАРАТ: АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2044 Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар доираи амалишавии «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» семинар-машварат баргузор гардид.   Семинар бо иштироки сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Холиқзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Қутбиддин Фатҳуллозода, мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Муҳсиддин Саидшозода, муовинони ректор оид ба корҳои таълим, сардорони раёсати таълим, мудирони шуъба ва бахшҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд доир шуд.   Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин меҳмононро ба ин боргоҳи илму дониш хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба такмили низоми маориф бо мақсади таъмини сифати таҳсилот тавассути ба роҳ мондани низоми арзёбӣ равона шудааст.   Сипас, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Айниддин дар мавзуи «Амалишавии «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд» ба сухан баромада, ҳадафи асосии семинар-машваратро мутобиқсозии низоми арзёбии миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот ва ба танзим даровардани низоми арзёбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ унвон намуд.   Гуфта шуд, ки сифати таҳсилот бо назардошти таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёту воситаҳои таълимӣ, маводи методию айёнӣ, азхудкунии барномаҳои таълимиву тарбиявии мутобиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва салоҳияти касбии омӯзгорон арзёбӣ мегардад. Амалишавии ҳадафҳои Стратегия дар раванди арзёбии сифати таҳсилот ислоҳоти воқеиро ворид намуда, барои такмили стандарт, нақшаву барномаҳои таълимӣ, мазмуни китобҳои дарсӣ ва курсҳои баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат мекунад.   Дар охир, иштирокчиён байни ҳам таболуди андеша карда, баргузории семинар-машваратро барои ҳалли мушкилоти арзёбии сифати таҳсилот ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳим шумориданд.

    33

    04.05.2026