04.05.2026
Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар доираи амалишавии «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» семинар-машварат баргузор гардид.
Семинар бо иштироки сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Холиқзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Қутбиддин Фатҳуллозода, мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Муҳсиддин Саидшозода, муовинони ректор оид ба корҳои таълим, сардорони раёсати таълим, мудирони шуъба ва бахшҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд доир шуд.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин меҳмононро ба ин боргоҳи илму дониш хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба такмили низоми маориф бо мақсади таъмини сифати таҳсилот тавассути ба роҳ мондани низоми арзёбӣ равона шудааст.
Сипас, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Айниддин дар мавзуи «Амалишавии «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд» ба сухан баромада, ҳадафи асосии семинар-машваратро мутобиқсозии низоми арзёбии миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот ва ба танзим даровардани низоми арзёбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ унвон намуд.
Гуфта шуд, ки сифати таҳсилот бо назардошти таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёту воситаҳои таълимӣ, маводи методию айёнӣ, азхудкунии барномаҳои таълимиву тарбиявии мутобиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва салоҳияти касбии омӯзгорон арзёбӣ мегардад. Амалишавии ҳадафҳои Стратегия дар раванди арзёбии сифати таҳсилот ислоҳоти воқеиро ворид намуда, барои такмили стандарт, нақшаву барномаҳои таълимӣ, мазмуни китобҳои дарсӣ ва курсҳои баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат мекунад.
Дар охир, иштирокчиён байни ҳам таболуди андеша карда, баргузории семинар-машваратро барои ҳалли мушкилоти арзёбии сифати таҳсилот ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳим шумориданд.