15.06.2026
Ҳар миллате, ки ояндаи худро дурахшон дидан мехоҳад, пеш аз ҳама ба мактаб ва маориф такя мекунад. Дар таърихи навини Тоҷикистон низ маҳз соҳаи маориф ба яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, таҳкими истиқлолият ва ташаккули ҷомеаи маърифатпарвар табдил ёфтааст. Имрӯз, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро истиқбол мегирад, бо ифтихор метавон гуфт, ки дар ин давра мактаби тоҷик роҳи пурифтихору пуршараферо тай намуда, аз мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то марҳилаи рушди босуръат ва рақамикунонии таҳсилот расидааст. Агар дар оғози истиқлолият муассисаҳои таълимӣ бо мушкилоти зиёди моддию техникӣ ва норасоии кадрҳо рӯ ба рӯ буданд, имрӯз мактабҳои муосир, технологияҳои рақамӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ ва ҳазорон ҷавонони соҳибмаърифатро тарбият намуда, ба ҷомеа пешниҳод намудааст.
Имрӯз мо дар бораи соҳае сухан мегӯем, ки на танҳо ояндаи як шахс, балки тақдири соҳибистиқлолии як миллатро муайян мекунад - яъне соҳаи муқаддаси маориф. Сарвари давлат барҳақ таъкид кардаанд, ки «Маориф пойдевори рушди давлат ва ояндаи миллат аст».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, маблағгузории соҳа аз 41,6 млн. сомонии соли 2000 то 13,6 млрд. сомонӣ дар соли 2026 зиёд гардидааст, ки ин 20,4% хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ва 7% маҷмуи маҳсулоти дохиларо ташкил намудааст.
Дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу илм, таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор гирифта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 16 апрели соли 2005 чунин қайд намуданд: «Рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва умуман ояндаи кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст. Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунад ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ бо сабаби нооромиҳои сиёсӣ соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба мушкилиҳо, аз ҷумла норасоии маблағгузории соҳа, ба талабот ҷавобгӯй набудани иншооти соҳа дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, муҳоҷирати мутахассисони соҳа ва норасоии кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ дучор гардиданд.
Яке аз равшантарин нишонаҳои ғамхории давлат ба рушди маориф бунёди муассисаҳои нави таълимӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи нигоҳдорӣ ва ҳифзи мактабҳои мавҷуда аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Танҳо дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар паси ҳар як бинои навсадои мактаб садҳо орзуҳои кӯдакон, заҳмати омӯзгорон ва умеди волидон нуҳуфтааст. Ин муассисаҳо натанҳо иншооти таълимӣ, балки қасрҳои дониш, марказҳои тарбияи шаҳрвандони оянда ва рамзи сиёсати маорифпарваронаи давлат мебошанд. Ҳар мактаби бунёдгардида, ки дар деҳоти дурдаст ё шаҳрҳои мамлакат қомат афрохтаанд, ҳамчун чароғи маърифат роҳи ҳазорҳо наврасонро ба сӯи дониш, фарҳанг ва созандагӣ равшан месозанд. Ин дастовардҳо бори дигар собит менамоянд, ки Тоҷикистон ояндаи худро маҳз дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва рақобатпазир мебинад.
Лозим ба зикр мебошад, ки аз оғози ислоҳот дар соҳаи маориф, аз соли 2010 фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ сол ба сол беҳтар гардид. Агар соли 2010, 58700 нафар кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шуда бошад, пас он дар соли 2026 127913 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти омори расмӣ аз 1032180 нафар кӯдакони синни томактабӣ (аҳолӣ) 310657 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 30,1 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Самти таҳсилоти умумӣ дар ташаккули тафаккури хонандагон аҳаммияти махсус дошта, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати рушди ин зинаи таҳсилот тадбирҳои муҳим андешида шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки соли таҳсили 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3179 адад бошад, ин шумора 614 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 634 адад мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 адад мактаби таҳсилоти умумӣ як адад гимназия ва 14 адад мактаб-интернат барои кӯдакони гирифтори иллати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаъолият мекард. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар ҷумҳурӣ 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 272 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 308 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3476 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Инчунин шумораи хонандагон дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 1325400 нафарро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2025-2026 2462007 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 1151807 нафар зиёд гардидааст.
Қобили тазаккур мебошад, ки дар соли таҳсили 2025-2026 шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 136 ҳазору 116 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 41 ҳазору 116 нафар зиёд шудааст.
Таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои муҳимми ихтисосманд гардидани шаҳрвандон ба шумор рафта, афзоиши шумораи муассисаҳои таълимӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аст. Агар дар соли 1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 70,6 ҳазор нафар донишҷӯй фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 51 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо зиёда аз 226 ҳазор нафар донишҷӯй фаъолият менамояд, ки аз он 18 донишгоҳ, 24 донишкада, 3 академия, 1 консерваторияи миллӣ ва 5 филиал мебошад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сармояи инсонӣ ва густариши имкониятҳои таҳсилоти байналмилалӣ он аст, ки имрӯз зиёда аз 42 ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора тақрибан 30 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда на танҳо аз болоравии сатҳи маърифат ва фаъолнокии ҷавонони кишвар дарак медиҳад, балки бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон тавонистааст барои насли ҷавон шароити мусоид фароҳам оварад, то онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷаҳон дониш ва таҷрибаи пешқадамро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва технологии Ватан саҳми арзишманд гузоранд. Ҳузури ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамзамон нишондиҳандаи афзоиши эътимоди ҷомеа ба арзиши дониш, баланд гардидани мақоми занону духтарон дар ҷомеа ва ташаккули насли нави рақобатпазир, ҷаҳонбин ва ватандӯст мебошад, ки метавонад Тоҷикистонро ба сӯи марҳилаи нави рушди устувор ва ҷомеаи донишбунёд раҳнамоӣ намояд.Айни замон дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Инчунин лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои 1997-2025 ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 28 ҳазор нафар донишҷӯй, аз ин миқдор наздики 18 ҳазор духтар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат бо дастгириҳои сиёсати маорифпараварони муҳтарам Пешвои миллат қабул гардида, донишгоҳу донишкадаҳоро мунтазам хатм ва тибқи роҳхат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар гардида дар ташакули илмӣ тоҷикӣ саҳмгузор мебошанд. Инчунин қайд кардан ба маврид мебошад, ки ҳар соле зиёда аз 1,2 ҳазор нафар донишҷӯён тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат ба донишгоҳу донишкадаҳо қабул гардида, зиёда аз 55 фоизи онҳоро духтарони аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ташкил медиҳанд.
Саноаткунонӣ ва рӯй овард ба илмҳои дақиқ .Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони технология ва зеҳни сунъӣ аст. Барои ҳамин, кишвари мо аз модели соф гуманитарӣ ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами қатъӣ гузошт. Ин танҳо тағйири барномаи дарсӣ нест; ин даъват ба насли ҷавон аст, ки аз истеъмолкунандаи оддии технология ба созанда ва ихтироъкори он табдил ёбанд. Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба мисли «Илм - фурӯғи маърифат» нишон доданд, ки дар деҳоти дурдасттарини мо чӣ қадар истеъдодҳои нодир нуҳуфтаанд.
Рақамкунонии маориф.Маорифи муосирро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз, дар мактабҳои мо ҷорӣ шудани китобҳои электронӣ, тахтаҳои интерактивӣ ва шабакаҳои ягонаи иттилоотӣ суръат гирифтааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки як хонанда дар дурдасттарин деҳаи кӯҳистон ба ҳамон манбаъҳои илмие дастрасӣ дошта бошад, ки хонандаи пойтахт дорад. Рақамкунонӣ - ин баробарии имкониятҳо барои ҳамаи фарзандони Тоҷикистон аст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ давлат пайваста барои баланд бардоштани нуфуз ва мақоми омӯзгор тадбирҳои мушаххас амалӣ намудааст. Баланд бардоштани музди меҳнат, ҷорӣ намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ, қадрдонии омӯзгорони пешқадам ва беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Нишонаи равшани ин ғамхорӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад, ки ба таҳкими ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии омӯзгорон дар ҷомеа заминаи устувор гузошт.
Қонуни мазкур омӯзгорро ҳамчун шахсияти калидии низоми маориф эътироф намуда, ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва механизмҳои ҳифзи фаъолияти касбии ӯро муайян менамояд. Дар асоси ин қонун давлат барои омӯзгорон шароити муносиб фароҳам оварда, ҳимояи иҷтимоӣ, дастгирии моддӣ ва баланд бардоштани мақоми онҳоро ҳамчун намояндагони зиёии ҷомеа таъмин менамояд.Ҳамзамон, қонун ба баланд гардидани масъулияти ҷомеа нисбат ба омӯзгор ва эҳтироми касби омӯзгорӣ мусоидат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ояндаи давлат аз фаъолияти омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи доимии давлат ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон нишон медиҳад, ки калиди пешрафти Тоҷикистон пеш аз ҳама дар дасти Муаллим қарор дорад. Имрӯз омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва арзишҳои шаҳрвандӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, сармоягузорӣ ба омӯзгор дар асл сармоягузорӣ ба рушди инсон, ба таҳкими иқтидори зеҳнии миллат ва ба ояндаи давлат аст. Ҳар қадаре ки мақоми омӯзгор баланд бошад, ҳамон қадар сифати таҳсилот беҳтар гардида, замина барои ташаккули насли соҳибмаърифат, рақобатпазир ва содиқ ба арзишҳои миллӣ фароҳам мегардад. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки омӯзгор имрӯз ва фардо низ шахсияти марказии ҷомеа ва меъмори асосии ояндаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳамин тариқ хулоса намудан ба маврид мебошад, ки мо ба ояндаи Тоҷикистон бо боварии комил нигоҳ мекунем, чунки насли нави мо - насли китобхон, забондон ва дорои донишҳои технологӣ ба воя расида истодаанд. Аз ин дидгоҳ якҷоя зери сиёсати хирандамамндонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам маърифатнок намудани ҷомеа ва дастгирии фарзандони худ саҳми бевоситаи худро гузорем.
Муфараҳ АСОЕВ,
мудири кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон