26.01.2026

 img

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод аз фаъолияти якчанд муассисаҳои таълимӣ шиносӣ пайдо намуд. 

Дар ин сафар муовини вазир аввалан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13 ва №17 ва ҳамчунин ба Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳия ташриф оварда, бо муҳити таълимӣ, шароит ва дастовардҳои хонандагон ва омӯзгорон аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид муовини вазир ба вазъи таълиму тарбия, давомоти хонандагон, тартиботи раванди дарсҳо, дастрасии лавозимоти таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ, насби шиору овезаҳо таваҷҷуҳ намуд. Мавсуф бо омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ намуда, дар бораи роҳҳои беҳтар кардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи саводи илмӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои беруназсинфии фаннӣ табодули назар намуд.

Муовини вазир ҳамчунин ба масъулини муассисаҳои таълимӣ дастур дод, ки барои рушду такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ ва таҳкими малакаҳои компютерии хонандагон чораҳои амалӣ андешанд. 

Дар ҷараёни боздид муовини вазир ба роҳбарону омӯзгорон тавсия дод, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо муҳити таълимиро ҷоннок сохта, ҳамзамон назорати қатъӣ бар риояи қоидаҳои тартибот ва таълиму тарбияро таъмин намоянд.

 

  • ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД img
  • ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МТМУ №26-И НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.  Иншооти мазкур бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифат мебошад. Қайд гардид, ки бинои нави муассисаи таълимӣ тибқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешавад. Иҷрои ин лоиҳа имкон медиҳад, ки мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардида, сатҳи фарогирии хонандагон ба таҳсил беҳтар шавад ва инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал рушд ёбад. Бояд гуфт, сохтмон бинои мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» ба нақша гирифта шудааст.  

    36

    26.01.2026
  •  img
    ДАР НАЗДИ МТМУ №30-И НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ СОХТА МЕШАВАД Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода  дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фаррухуддин Набизода аз қитъаи замини ҷудогардида ҷиҳати сохтмони иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст боздид намуданд Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар назар аст сохтмони он дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ оғоз ёбад. Сохтмон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар муҳлати муқарраргардида бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида хоҳад шуд. Ҳамчунин, зимни ин боздид масъалаи таъмиру азнавсозии бинои кӯҳнаи назди муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, баъди анҷоми корҳои таъмирӣ дар ин мавзеъ таъсиси муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар назар дошта шудааст, ки ба ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат хоҳад кард. Вазири маориф ва илм дар ҷараёни суҳбат аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа дар тамоми кишвар мунтазам роҳандозӣ мегардад. Дар идома вазири маориф ва илм вобаста ба пайваста зиёд гардидани музди маош ва болоравии мақоми омӯзгорон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ҳамасола дар заминаи таваҷҷуҳи Сарвари давлат музди маоши омӯзгорон марҳила ба марҳила боло бурда мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати таҳкими мақоми иҷтимоии омӯзгор дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул гардидааст.  

    20

    26.01.2026
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МТМУ №25 ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, аз ҷумла синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ ва инфрасохтори зарурӣ, имконият фароҳам меорад. Қайд гардид, ки сохтмони муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тибқи нақша соли 2027 ба истифода дода мешавад. Татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш додани норасоии ҷойи нишаст, беҳтар гардидани сатҳи фарогирии хонандагон ба таҳсил ва рушди инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм зимни боздид бо омӯзгорон ва масъулони соҳаи маориф суҳбат намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, ибрози назар кард. Дар ҷараёни суҳбат вазир таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ самтҳои асосии рушди соҳаи маорифро муайян намуда, татбиқи босифати он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор ва роҳбари муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди вазир баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи усулҳои муосири таълим, тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст, инчунин тақвияти масъулияти касбии омӯзгорон аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад. Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, боло бурдани мақоми иҷтимоии онҳо ва таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Вазир омӯзгоронро ба фаъолияти содиқона, татбиқи самараноки ислоҳоти соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи насли ояндасози кишвар даъват намуд.  

    23

    26.01.2026