26.01.2026
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, аз ҷумла синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ ва инфрасохтори зарурӣ, имконият фароҳам меорад.
Қайд гардид, ки сохтмони муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тибқи нақша соли 2027 ба истифода дода мешавад. Татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш додани норасоии ҷойи нишаст, беҳтар гардидани сатҳи фарогирии хонандагон ба таҳсил ва рушди инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илм зимни боздид бо омӯзгорон ва масъулони соҳаи маориф суҳбат намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, ибрози назар кард.
Дар ҷараёни суҳбат вазир таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ самтҳои асосии рушди соҳаи маорифро муайян намуда, татбиқи босифати он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор ва роҳбари муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди вазир баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи усулҳои муосири таълим, тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст, инчунин тақвияти масъулияти касбии омӯзгорон аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад.
Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, боло бурдани мақоми иҷтимоии онҳо ва таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Вазир омӯзгоронро ба фаъолияти содиқона, татбиқи самараноки ислоҳоти соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи насли ояндасози кишвар даъват намуд.