16.10.2025

 img

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ”, омӯзишҳои амалӣ барои омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардиданд.

 

Омӯзишҳо ба мутахассисони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шуда, ҳадафи асосии он — таъмини татбиқи пурраи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Дар ҷараёни дарсҳо иштирокчиён бо усулҳои муосири истифодаи система, таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, идоракунии равандҳои дохилии муассисаҳо ва кор бо маълумоти оморӣ шинос гардиданд.

 

Мутахассисони омодашуда минбаъд ҳамчун тренерони минтақавӣ ва миллӣ барои омӯзонидани кормандони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар карда мешаванд. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки ҷараёни татбиқи EMIS дар ҳамаи зинаҳои маориф бо самаранокии баланд ба роҳ монда шавад.

 

Ин омӯзиш ҳамчун як қадами муҳим дар таҳкими иқтидори кадрӣ, боло бурдани савияи рақамии мутахассисон ва таҳкими пояҳои устувори рақамисозии низоми маорифи вилояти Хатлон арзёбӣ мегардад.

  • РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АМАЛ: ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОНИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img
  • РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АМАЛ: ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОНИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img
  • РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АМАЛ: ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОНИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KhIMIO–2025” Дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои шоиста дар аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — “KhIMIO–2025”, ки аз 5 то 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баромад кард.   Аз миёни 96 иштирокдор аз 8 кишвари дунё, хонандагони тоҷик тавонистанд 8 ҷойи намоён ва Шоҳҷоиза - Ҷоми Хайёмро соҳиб шаванд.   Дар ин олимпиада, ки аз фанҳои математика ва информатика иборат буд, намояндагони Тоҷикистон бо дониши амиқ, зеҳни баланд ва тайёрии ҷиддӣ истеъдоди худро дар сатҳи байналмилалӣ нишон доданд.   Ғолибони тоҷик бо дипломҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин дастовард натиҷаи талоши омӯзгорон, муҳитҳои омӯзишии муассир ва дастгирии давлат дар рушди илмҳои дақиқ мебошад.   Олимпиадаи “KhIMIO–2025” на танҳо майдони рақобати зеҳнҳо, балки рамзи ифтихори миллӣ ва нишондиҳандаи сатҳи рӯзафзуни маорифи Тоҷикистон гардид.   Тоҷикистон — сарзамини истеъдодҳо ва илму хирад! 

    5

    09.11.2025
  •  img
    ҶОМИ ХАЙЁМ БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KhIMIO-2025” СУПОРИДА ШУД! Имрӯз, 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025” бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.   Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, довталабони кишварҳои иштирокдор ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.   Дар оғоз вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, баргузории чунин олимпиадаҳоро қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти дӯстии миллатҳо арзёбӣ кард. Вазир зикр намуд, ки “KhIMIO-2025” на танҳо майдони рақобати хонандагони лаёқатманд, балки василаи муҳимми баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хонандагон дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.   Дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025”, ки аз 5 то 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 96 нафар хонанда аз 8 кишвари дунё иштирок намуданд.   Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар хонанда аз панҷ минтақа - шаҳри Душанбе ВМКБ, Суғд, Хатлон, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ширкат варзиданд.   Аз шумораи умумии иштирокдорон 39 нафар (40%) сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Натиҷаи бадастовардаи кишварҳо: Тоҷикистон - 8 ҷой, Белорус - 4 ҷой, Қазоқистон - 8 ҷой, Қирғизистон - 10 ҷой, Узбекистон - 7 ҷой, Туркманистон - 2 ҷой, Арманистон - 0 ҷой ва Шоҳигарии Камбоҷа - 0 ҷой.   Ғолибон бо дипломҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.   Дастаҳое, ки миқдори зиёди ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд, бо Шоҳҷоиза - Ҷоми Хайём, китоби “Рубоиёти Хайём”, сертификат ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА сарфароз гардонида шуданд.   Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Олимпиада ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём», Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҶДММ “11-1” ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои ҳамкории фаъолона Сертификат супорида шуд

    2

    09.11.2025
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KHIMIO-2025” Имрӯз, 8 ноябри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни баргузории Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025” дидан намуд.   Дар рафти боздид вазири маориф ва илм бо шароити ташкилии баргузории олимпиада, сатҳи иштироки хонандагон ва муҳити баргузорӣ аз наздик шинос гардид. Зимни боздид вазир изҳори қаноатмандӣ кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ имконият медиҳад, то хонандагони болаёқат таҷрибаи арзанда андӯхта, зеҳн ва маҳоратҳои илмии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон диҳанд. Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо василаи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни давлатҳои дӯст, балки қадами муҳим дар муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи илму маорифи миллӣ ба ҳисоб меравад.   Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии “KhIMIO-2025 бо иштироки хонандагон аз кишварҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркменистон ва Белорус баргузор гардида истодааст.

    2

    08.11.2025