25.05.2026

 img

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, Фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об хонум Ретно Марсудӣ ва Ректори Донишгоҳи СММ - Муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи Марваларо истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд.

 

Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонони олимақом барои ташриф ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур ва дастгирии доимиашон аз “Раванди оби Душанбе” изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.

 

Дар идомаи гуфтугӯ ба ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, ба хусус дар самтҳои обу иқлим, нақлиёту логистика, нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳои “сабз” баҳои баланд доданд.

 

Таъкид гардид, ки танҳо дар соҳаи об бо ибтикори Тоҷикистон 14 қатъномаи СММ қабул шудааст.

 

Изҳори бовар карда шуд, ки конфронси кунунӣ минбари муҳими ҷаҳонӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ин самт ва рушди дипломатияи об гардида, дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба ҳалли масъалаҳои умдаи вобаста ба об ва иқлим мусоидат хоҳад кард.

 

Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи пайгирии натиҷаҳои конфронсҳои қаблӣ, босамар доир намудани ҳамоиши кунунӣ ва омодагӣ ба чунин чорабиниҳои дигар дар солҳои 2026 ва 2028 сурат гирифт.

 

Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ бо Донишгоҳи СММ, аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфуз самараҳои арзишманд хоҳад дошт.

  • Мулоқот бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид img
  • Мулоқот бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид img
  • Мулоқот бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ 25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид.   Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим супурда шуд.   Зимнан, саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафмандонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028", қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ ва пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, махсус таъкид гашт.   Ёдовар бояд шуд, ки Ҷоиза бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена 19 майи соли 2026 ба имзо расида, аз ҷониби Намояндаи доимии ин Донишгоҳ, Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид. Он барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ таъсис ёфтааст.   Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа ва талошҳояшон барои суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим аст, ки аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам муҳри тасдиқ ёфт.

    20

    25.05.2026
  •  img
    ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ НЕФТ ВА САНОАТИ ОЗАРБОЙҶОН БОЗДИД НАМУД Дар доираи иштирок дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон дидан намуд.   Зимни боздид муовини вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Идрис Исаев ва ректори Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон Руфат Азизов вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо имкониятҳои таълимӣ, инфрасохтор ва шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён дар муассисаи мазкур шинос намуданд.   Ба ҳайати Тоҷикистон синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ва зарурӣ барои омодасозии мутахассисони соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, муаррифӣ карда шуданд. Зикр гардид, ки донишгоҳ барои рушди донишҳои амалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос, бахусус дар самтҳои техникӣ ва муҳандисӣ, шароити мусоид муҳайё намудааст.   Ҳамзамон, пас аз шиносоӣ ҷонибҳо бо ҳам мулоқот намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла омодасозии мутахассисони соҳаи техникӣ, табодули устодону донишҷӯён, таҳкими ҳамкориҳои академӣ ва мубодилаи таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Аз ҷониби муовини вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Донишгоҳи давлатии нефт ва саноати Озарбойҷон даъват ба амал оварда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф, аз ҷумла технологияҳои муосир, илмҳои техникӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадам иброз намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    59

    23.05.2026
  •  img
    БАРРАСИИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО ДАР ВОХӮРӢ БО ВАЗИРИ ИЛМ ВА МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН 23 майи соли 2026 дар доираи баргузории ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмин Амруллоев мулоқот анҷом дод.   Дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар соҳаҳои маориф ва илм мусбат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки равобити ду кишвар дар заминаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ пайваста рушд ёфта истодаанд.   Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнивазоратӣ, тавсеаи робитаҳои мустақими байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, рушди барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.   Аз ҷумла, масъалаи зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Дар ин замина ҷонибҳо иброз доштанд, ки фароҳам овардани имкониятҳои бештари таҳсил барои ҷавонон ба баланд гардидани сатҳи омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи навовариҳои илмӣ-технологӣ миёни ду кишвар мусоидат менамояд.   Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самти таҳқиқоти илмӣ, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ - таҳқиқотӣ, табодули таҷриба байни олимон ва муҳаққиқон, инчунин иштироки мутахассисон дар конференсияҳо ва форумҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.   Ҷонибҳо баргузории Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соли ҷорӣ дар шаҳри Боку муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар доираи ин ҳамоиш баррасӣ намудани рушди илмҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии низоми таҳсилот, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули таҷрибаи академӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.   Ҳамзамон, масъалаи иштироки фаъоли донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Фестивал-намоишгоҳм байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифт. Таъкид гардид, ки иштирок дар чунин чорабиниҳо ба муаррифии имкониятҳои таҳсилотӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ мусоидат хоҳад кард.   Дар рафти мулоқот инчунин масъалаҳои рақамикунонии соҳаи маориф, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим, табодули таҷриба дар самти идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардиданд.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи маориф ва илм изҳор намуда, таъкид карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши шарикии мутақобилан судманди Тоҷикистону Озарбойҷон аҳаммияти муҳим дорад.   Ёдовар мешавам, ки дар доираи баргузории ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар шаҳри Боку вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24

    23.05.2026