16.11.2026

 img

16 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва сиёсати маорифпарварона: аз Иҷлосияи тақдирсоз то давлатдории устувор» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони сохторҳои тобеи он иштирок намуданд.

 

Ҳамоиши илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Номбурда нахуст иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки ин санаи муҳимми таърихӣ дар баробари арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишонаи эҳтиром ба давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад.

 

Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз мақоми махсус дошта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи устувор гузошт. Ҳамзамон, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ омили муҳимми рушди соҳаи маорифу илм, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст арзёбӣ гардид.

 

Сипас, маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Нахуст, доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Маркази таълимии «Сарвар» Н. Содиқӣ дар мавзуи «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фазои нави сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик», ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Н. Охунзода дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ва давлатдории миллӣ» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Ҳусейнов дар мавзуи «Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Пешвои миллат ҳамчун омили таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, масъалаҳои муҳимми сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва омилҳои рушди устувори кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар самти омӯзишу тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, он барои густариши корҳои илмию маърифатӣ ва тақвияти масъулияти кормандони соҳаи маориф дар тарбияи насли ояндасози кишвар мусоидат менамояд.

 

Дар фарҷом, ба таваҷҷуҳи ҳозирин видеоролики кӯтоҳ, ки фарогири лаҳзаҳои муҳимми фаъолияти созанда, хизматҳои таърихӣ ва корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ ва пешрафти Тоҷикистони маҳбуб буд, пешкаш гардид. Навори мазкур бозгӯкунандаи марҳилаҳои муҳими таърихи навини кишвар ва нақши арзишманди Пешвои миллат дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ буд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА: АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР img
  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА: АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР img
  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА: АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР img
  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА: АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР img
  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА: АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР img
  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА: АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти ҷомеа Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ба амнияти башар, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.   Паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсиву мафкуравӣ аз ҷониби бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пайомадҳои ҷиддии иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавӣ низ ба вуҷуд меоранд.   Мубориза бо ин зуҳурот дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва талқини ақидаҳои носолим метавонад дар муҳити маҷозӣ ба зудӣ паҳн шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори баъзе афрод таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар пешгирии он бояд дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.   Яке аз омилҳои муҳимми осебпазирии шаҳрвадон ин сатҳи нокифояи дониш ва малакаи таҳлил намудани иттилоот мебошад. Агар шахс манбаи хабарро насанҷад, далелҳоро бо маълумоти дигар муқоиса накунад ва ҳар паёми эҳсосангезро ҳамчун ҳақиқат қабул намояд, эҳтимоли осебпазирӣ ва шомилшавии ӯ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ зиёд шуда метавонад.   Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии шаҳрвадон, махсусан, ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин фазо иттилооти гуногун, аз ҷумла, овозаҳо, хабарҳои бардурӯғ, наворҳои таҳрифшуда ва паёмҳои эҳсосангез паҳн мешаванд. Баъзе таблиғгарон аз ин фурсат истифода бурда, афродро ба қабули ақидаҳои тундгароёна водор карданӣ мешаванд.   Дар чунин шароит саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, манбаи иттилоотро муайян кунанд, сана ва муҳтавои хабарро бисанҷанд, далелҳоро бо сарчашмаҳои мустақил муқоиса намоянд ва пеш аз паҳн кардани маводи шубҳанок, дурустии онро дида бароянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва қабули қарорҳои дуруст дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон хеле муҳим аст.   Дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳити оила низ дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Оила нахустин муҳити рушди ҷаҳонбинӣ ва хислати инсон аст. Муносибати самимӣ, эҳтироми ҳамдигар, гӯш кардани мушкилоти фарзанд ва дастгирии ӯ дар ҳолатҳои душвор барои эътимод ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меоранд.   Волидайн бояд бо фарзандон дар бораи арзишҳои инсонӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва хатарҳои таблиғоти хушунатомез суҳбат кунанд. Дар ин раванд, на тарсонидану айбдоркунӣ, балки фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб ва эътимод ба ҳамдигар натиҷаи беҳтар дода метавонад.   Муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Дар мактабу донишгоҳҳо гузаронидани семинарҳои илмӣ-маърифатӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва мутахассисони соҳаи иттилоот метавонад ба дарки амиқтари масъала мусоидат кунад.   Донишҷӯ ё хонанда бояд тавонад маводи шубҳанокро муайян кунад, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандии худро дарк намояд, ихтилофро бо роҳи муколама ҳал кунад ва ҳангоми дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намояд.   Ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти дахлдор метавонад барои сари вақт пешгирӣ намудани ҷавонон аз амалҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам оварад.   Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм бояд ба чанд самти асосӣ такя намуд: Якум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шиносоии шаҳрвандон бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, қонунгузории дахлдор ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои террористию экстремистӣ. Дуюм, рушди саводи расонаӣ. Омӯзонидани усулҳои санҷиши иттилоот, шинохти манбаъҳои боэътимод ва муайян кардани таблиғоти ғаразнок.   Сеюм, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри рушди ҷавонон. Дастгирӣ барои таҳсил, касбомӯзӣ, шуғл, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ.   Чорум, таҳкими ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ. Фароҳам овардани муҳити эътимод, шунидани мушкилоти ҷавонон ва дастгирии саривақтии онҳо.   Панҷум, густариши фарҳанги муколама. Тарбияи эҳтиром ба гуногунандешӣ, малакаи ҳалли осоиштаи ихтилофҳо ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигарон.   Шашум, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон. Ҳамаи чораҳои муқовимат бояд дар асоси қонун, далелҳои санҷидашуда ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амалӣ карда шаванд.   Ҳафтум, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҷомеа. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, оилаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад барои пешгирии саривақтии хатарҳо мусоидат намояд. Муқовимат бо терроризму экстремизм ҳамкории пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди насли ҷавон аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву расонаӣ ва тарбияи наврасону ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос аҳаммияти махсус дорад. Дар ин раванд ҳар як омӯзгор, волидайн, донишҷӯ, рӯзноманигор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо муносибати оқилона ва риояи қонун саҳми худро гузорад.   Афзал БОСОЛИЕВ, муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

    36

    16.11.2026
  •  img
    ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 16 ноябри соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.   Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, ректори донишкада Наврӯз Мирзозода иштирокдоронро ба муносибати ин санаи муҳим табрик намуд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки хизматҳои таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз ҷумла илму маориф, нақши муассир доранд. Ҳамзамон, зарурати тарбияи насли ватандӯсту худшинос, ки ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ ва идомаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро вазифаи худ медонад, таъкид карда шуд.   Сипас, иштирокдорон оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини амнияти кишвар, эҳёи сулҳу ваҳдат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маорифу илм маърузаҳо пешниҳод намуданд.   Дар идомаи ҳамоиш ба ҳозирин видеоролик дар бораи хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободониву созандагии кишвар намоиш дода шуд.   Дар фарҷом ба кормандону омӯзгорони донишкада ҳамчун нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори Пешвои миллат нишони сарисинагӣ тақдим гардид.

    32

    16.11.2026
  •  img
    Кӯдак китобхон мешавад, агар... Як рӯз хонандаи синфи ибтидоӣ ба китобхона даромада гуфт: – Муаллима, ба ман китоби хурдакак диҳед. Пурсидам: – Дар бораи чӣ бошад? Каме фикр карду гуфт: – Фарқ надорад, фақат хурд бошад. Ин ҷавоби кӯдак маро ба андеша бурд. Китобдор дар чунин ҳолат чӣ бояд кунад? Китоби хурдро диҳад ё кӯшиш намояд фаҳмад, ки ин хонанда ба чӣ шавқ дорад? Ман роҳи дуюмро интихоб кардам. Аз ӯ пурсидам, ки бештар чиро дӯст медорад? Маълум шуд, ки ба ҳайвонот шавқ дорад. Китоби кӯдаконаеро пешниҳод кардам, ки дар он ҳикояҳои кӯтоҳ дар бораи ҳайвонот буданд. Баъди чанд рӯз китобро баргардонд ва пеш аз рафтан пурсид: – Дар бораи сагҳо ҳам китоб доред? Барои китобдор чунин савол аломати хуб аст, зеро кӯдак ин дафъа на барои «китоби хурд», балки барои китоби муайян омадааст. Ҳангоми кор дар китобхонаи гимназияи хусусии «Кафолат»» бештар бовар ҳосил мекунам, ки кӯдакро ба таври маҷбурӣ китобхон кардан душвор аст. Ба ӯ бояд китоберо нишон дод, ки дар вақти муносиб ба завқу фаҳмиши ӯ мувофиқат кунад. Ҳар хонанда завқи худро дорад. Яке афсонаро дӯст медорад, дигаре саргузаштро, сеюмӣ ба таърих шавқ дорад, чорумӣ соатҳо расмҳои китобҳои табиатшиносиро тамошо мекунад. Дар китобхона кӯшиш мекунем, китобҳои нав ё ҷолибро танҳо дар рафҳо пинҳон нагузорем. Китобе, ки хонанда намебинад, бисёр вақт барои ӯ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, гӯшаҳои хурди мавзуӣ самараи хуб медиҳанд. Масалан, як ҳафта метавон гӯшаи «Саёҳат мекунем», ҳафтаи дигар «Олами ҳайвонот», «Китобҳои дӯстдоштаи кӯдакон», «Қаҳрамонони таърих» ё «Чӣ бихонем дар рӯзҳои истироҳат?»-ро ташкил кард. Баъзан барои ҷалби диққат назди китоб танҳо як савол мегузорем: – Агар ту дар ҷазираи беодам мемондӣ, чӣ кор мекардӣ? Дар паҳлуи он китоби саргузаштӣ қарор дорад. Кӯдак аввал саволро мехонад, баъд китобро ба даст мегирад. Барои китобдор ҳамин ба даст гирифтани китоб қадами аввал аст. Усули дигаре, ки ба кӯдакон писанд меояд, тавсияи худи хонандагон аст. Пас аз баргардондани китоб аз баъзе хонандагон хоҳиш мекунем, дар бораи он танҳо як ҷумла гӯянд. – Ба дӯстат ин китоб­ро тавсия медиҳӣ? Агар ҷавоб «ҳа» бошад, мепурсем: – Барои чӣ? Ҷавобҳо баъзан хеле содаанд: «Хандаовар буд». «Қаҳрамонаш ба ман писанд омад». «Дар бораи динозавр­ҳо бисёр чиз фаҳмидам». Аммо маҳз ҳамин ҷумлаҳои кӯдакона барои хонандаи дигар таъсирбахшанд. Барои хонандагони хурдсол китобро каме «муаррифӣ» кардан лозим аст. Масалан, китобро гирифта мегӯем: – Қаҳрамони ин ҳикоя як сирро меёбад. Ман намегӯям, ки чӣ сир аст. Агар хоҳед, ки фаҳмед, китобро хонед. Баъзан хондани чанд саҳифаи аввал низ натиҷаи хуб медиҳад. Хусусан, хонандагони хурдсол дӯст медоранд, ки калонсолон ба онҳо бо овоз ҳикоя хонад. Дар ҷойи ҷолиб саҳифаи китобро мепӯшем: – Давомаш чӣ мешавад? Агар кӯдак ҷавобро донистан хоҳад, худи ӯ китобро мегирад. Дар баробари ин, китобхонаи мактаб бояд ҷойе бошад, ки кӯдак бо хоҳиши худ ба он ворид шавад. Фарида СОДИҚОВА, китобдори гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе

    31

    16.11.2026