24.11.2025
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвари азизамон бо бошукӯҳи хосса таҷлил мегардад, моро боз ҳам муттаҳидтар сохта, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми бепоён ба арзишҳои давлати соҳибистиқлоламонро тақвият мебахшад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Воқеан, парчам дар тӯли таърих барои миллати тоҷик яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб ёфта, аз ибтидо то имрӯз рамзи номус, шараф, иродаи қавӣ ва ормонҳои неки мо ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки дорои фарҳанги бузурги давлатдорӣ ва таърихи чандинҳазорсола аст, парчам ҳамеша ҷойгоҳи хосса доштааст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ парчам ҳамчун рамзи муттаҳидкунанда хидмат кардааст ва имрӯз низ чунин мақому манзалатро дорост.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардид, таҷассуми ормонҳои деринаи миллати соҳибтамаддуни мо мебошад. Рангҳои сурх, сафед ва сабзи парчам дар худ таъриху фарҳанг, ормонҳои мардум, орзуҳои сулҳу субот ва рушди давлатро таҷассум мекунанд.
Имрӯз Парчами давлатӣ барои ҳар як сокини кишвар танҳо як рамз нест. Он барои ҳар як ҷавону наврас маънои ватандӯстӣ, худшиносӣ ва амри волои давлатдориро дорост. Бардоштани парчам дар озмунҳо, чорабиниҳои давлатӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ на танҳо як амали расмӣ, балки изҳори садоқат ба Ватан ва миллати худ аст.
Мо, тоҷикистониён, имрӯз бо ифтихору сарбаландӣ шоҳидем, ки парчами давлатии мо дар паҳлӯи парчамҳои кишварҳои ҷаҳон дар долонҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ партавафшон аст. Ҳамчунин, парчами мо имрӯз дар майдонҳои варзишии ҷаҳон бо ифтихор бардошта мешавад. Ҳар он лаҳзае, ки варзишгарони мо дар чемпионатҳо, мусобиқаҳои қитъавӣ ва ҷаҳонӣ бо ғолибият Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, дар дилҳои миллионҳо ҳамватан ҳисси ифтихор ва бедории худшиносии миллӣ бедор мегардад. Ин парчам аст, ки ҳисси ягонагӣ ва ифтихори моро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Дар ин рӯзҳои таърихӣ мо, аҳли маориф ва пажӯҳиш, масъулияти бузурги тарбияи наслеро, ки ба арзишҳои миллӣ содиқ бошад, ба парчам, забон, фарҳанг ва давлат эҳтироми бузург дошта бошад, бар дӯш дорем. Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ин самт саҳми худро мегузорад, аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то тарғиби худшиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон.
Имрӯз моро зарур аст, ки дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, давлатдории миллиамонро таҳким бахшем ва мисли Парчами партавфишонамон ҳамеша рӯ ба боло ва пешрафт дошта бошем. Зери ин Парчам мо Ватанро обод мекунем, илму фарҳангро рушд медиҳем ва барои наслҳои оянда Тоҷикистонро ба сарзамини пешрафта табдил медиҳем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, самимона тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик мегӯям. Орзумандам, ки Парчами муқаддаси мо ҳамеша болои сарҳои мо парафшон бошад, сулҳу субот пойдор гардад ва Тоҷикистони азизамон ҳар рӯз ободу зебо шавад.
СИРОҶИДДИН Ниёзӣ,
директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.