23.07.2026
Маориф соҳаи калидии ҷомеа ба шумор меравад. Яъне, омӯзгорону устодон ба тарбияи инсонҳое машғуланд, ки оянда мутахассисони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мегарданд.
Давраи таҳсили ман дар замони Шуравӣ дар деҳот сипарӣ гардид. Қисми зиёди вақти таҳсилро маъракаи ғунучини пахта мегирифт. Дар муассисаҳо 95-98 фисади омӯзгорон мардҳо буданд, агар ҷинси зан бошанд, ҳама русҳо буданд. Пас аз хатми муассиса ба ягон донишгоҳ ҳуҷҷат супорем, мабодо дохил намешудем, ба соли оянда вогузор мешуд ва як соли ҳаётамон барбод мерафт. Шахсан ман бо гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ (соли 1987) 4 сол пайи ҳам ба донишгоҳ дохил шуда натавонистам, билохира, соли 1990, пас аз чорум соли комёб нагаштанам ба донишгоҳ, ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) дохил шуда, онро хатм намудам. Ду сол ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуда, сипас, соли 1994 ба факултети филологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (он замон Институти педагогии ба номи Қандил Ҷӯраев) ба шуъбаи ғоибона дохил шуда, панҷ соли дигар таҳсил кардам...
Рушд бахшидани соҳаи маориф олитарин корнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлоли давлатӣ мебошад. Шуруъ аз барқароркунӣ то сохтмонҳои навину замонавии биноҳои мактабҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, квотаи Президентӣ, имтиёзҳо, идрорпулиҳо, ҷорӣ шудани равияҳо дар муассисаҳо, сол то сол афзудани маоши омӯзгорон, ташкили озмуну чорабиниҳои фаннию фарҳангӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китоб ва мутолиаи он, таҳкими худшиносии миллӣ, арзишҳои миллӣ бозгӯи ин гуфтаҳо мебошанд.
Имрӯз ҳам барои толибилмон ва ҳам барои омӯзгорон тамоми шароит муҳайёст.
Инчунин, бисёре аз ятимон, фарзандони мардуми камбизоат, хусусан, духтарони маҳаллӣ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда, соҳиби касбу ҳунар мешаванд.
Дар ҷумҳури марҳала ба марҳала баҳри рушди соҳаи маориф корҳо ба анҷом мерасанд. Аз ҷумла, сафарбар кардани омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ, омӯхтани технологияи навин, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф аз амалҳои накуянд баҳри пешравии соҳа ва расидан ба ҳадафҳои амиқ.
Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» падидаи нек баҳри таҳкими мақоми омӯзгорон буда, сатҳу сифати фаъолияти онҳоро дучанд гардонид.
Дар муассисае, ки ман фаъолият менамоям, аз норасоии мутахассисон танқисӣ надорем. Шогирдонамон касби омӯзгориро интихоб намуда, ҳамроҳамон фаъолият доранд. Имрӯз қадру манзалати омӯзгор миёни аҳолӣ бамаротиб баланд гардида истодааст.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, директорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳар як дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот чораҳои судманд андешида, дар рушду нумуи соҳаи маорифи ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.
Нозирон ва мутахассисони шуъбаи маорифи ноҳия мунтазам ба муассиса омада, ба омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони ҷавон маслиҳатҳои методӣ медиҳанд. Ҳамкории шуъбаи маориф бо муассисаҳои таълимӣ зичу самарабахш ба роҳ монда шудааст. Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ раҳсипор гардидани ҷавонон, бо шавқу ҳаваси беандоза идома додани таҳсил аз ҷониби духтарон дар коллеҷу мактабҳои олӣ бозгӯи натиҷаи заҳматҳои аҳли маорифи ноҳия мебошад. Дар МТМУ №20 шаст омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 33 нафараш зану духтар мебошанд.
Мо, аҳли маорифи кишвар, дар замони ҷаҳонишавӣ баҳри тарбияи шоистаи насли наврас, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат тамоми қувваю неру, ақлу заковати худро истифода намуда, мутахассисони варзидаро ба камол мерасонем.
Меҳринисо ТӮХТАЕВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №20-и
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ