23.07.2026
Муқаддима
Омӯзгорӣ яке аз касбҳои пуршараф, пурмасъулият ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин пеша аз инсон фидокорӣ, садоқат, сабру таҳаммул ва заҳмати пайвастаро талаб мекунад, зеро пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа ва рушди давлат ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврас вобастагии зич дорад. Аз ҳамин сабаб, дар ҷомеаи мо ба мақому манзалати омӯзгор эҳтироми хосса зоҳир гардида, ба омода намудани мутахассисони соҳибкасбу баландихтисоси соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Эҳтиёҷот ба омӯзгорон ва бартараф намудани мушкилот
Мусаллам аст, ки сол аз сол шумораи муассисаҳои таълимӣ ва теъдоди хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ин раванд зарурати бештар омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгориро ба миён меорад. Омӯзгорони ҷавон ҳамчун неруи асосии рушди соҳаи маориф бояд бо донишҳои муосир, маҳорати баланди касбӣ ва ҷаҳонбинии васеъ «мусаллаҳ» гарданд. Ҳамасола омилҳои гуногун боиси пайдо шудани ниёз ба кадрҳои омӯзгорӣ мегарданд. Аз ҷумла, ба синни нафақа расидани омӯзгорон, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак, фавт, сафар ба хориҷи кишвар, иваз намудани ҷойи кор ва дигар омилҳои объективию субъективӣ аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки эҳтиёҷотро ба омӯзгорон ба миён меорад.
Бо мақсади бартараф намудани эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ солҳои охир як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Имрӯз дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисосҳои омӯзгорӣ мавҷуд буда, ҳамасола ҳазорҳо мутахассиси ҷавон омода ва ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар мегарданд. Ба ин маънӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотии вазорат таъкид намуд, ки соли гузашта муассисаҳои таълимӣ ба 3800 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд, ки пурра бартараф гардиданд. Илова бар ин, 5 ҳазор омӯзгори дигар барои фаъолият ба муассисаҳои таълимии кишвар ҷалб карда шуданд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ зиёда аз 136 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сол аз сол бештар гардида, нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи ин равияҳо низ афзоиш меёбад. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм барои омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос тадбирҳои судманд меандешанд.
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисоси омӯзгорӣ яке аз вазифаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Иҷрои муваффақонаи ин вазифа ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия, рушди қобилияти хонандагон ва болоравии сатҳи донишандӯзии онҳо мусоидат менамояд. Ҳамасола раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба эҳтиёҷот ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод менамоянд. Дар асоси ин дархостҳо мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда мешаванд.
Бо мақсади дастгирии омӯзгорони ҷавон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул гардидааст. Дар доираи амалисозии ин қарор омӯзгорони ҷавон бо як қатор имтиёзҳои иҷтимоӣ таъмин мегарданд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 нафар, дар вилояти Хатлон 117 нафар, дар вилояти Суғд 21 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 нафар омӯзгори ҷавон аз чунин имтиёзҳо баҳравар шудаанд. Ҳамчунин, дар асоси ин қарор аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба 29 нафар омӯзгори ҷавон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.
Имтиёзот ва мақоми баланди омӯзгор дар Тоҷикистон
Масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти ҷиддии низоми маорифи ҷаҳон табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), агар тадбирҳои муассир андешида нашаванд, то соли 2030 норасоии омӯзгорон дар ҷаҳон ба 44 миллион нафар мерасад. Ҳамзамон, дар бисёр кишварҳо ҳиссаи омӯзгорони аз 50-сола боло афзоиш ёфта, тамоюли тарки касби омӯзгорӣ низ бештар мушоҳида мешавад. Ин вазъ давлатҳои гуногунро водор намудааст, ки тавассути ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҷорӣ намудани барномаҳои ҳавасмандгардонӣ мушкилоти мазкурро бартараф намоянд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо далели равшани ин сиёсат мебошад:
Якум, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон. Беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати омӯзгорон беш аз 20 маротиба зиёд гардидааст. Ба ин мазмун, аз моҳи сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф боз ба андозаи 20-25 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин тадбир барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандии омӯзгорон аҳаммияти калон дорад.
Дуюм, фароҳам овардани имтиёзҳои иҷтимоӣ барои омӯзгорон. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба касби омӯзгорӣ ва дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» барои омӯзгорон имтиёзҳои гуногунро пешбинӣ менамоянд.
Сеюм, қадрдонӣ бо ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ. Бо мақсади баланд бардоштани обрӯю нуфузи касбӣ ва ҳавасманд намудани омӯзгорони соҳибтаҷрибаю навовар, ҳамасола омӯзгорони фаъол бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд, аз ҷумла, бо медали «Хизмати шоиста» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон». Дар баробари ин, омӯзгорони лаёқатманд барои дастовардҳои назаррас бо «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф» ва «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» сарфароз мешаванд. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол омӯзгорони фаъол, соҳибтаҷриба ва навоварро бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ менамояд.
Чорум, мулоқотҳои мунтазам бо омӯзгорон. Яке аз омилҳои муҳимми баланд гардидани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли маориф мебошад. Пешвои миллат мунтазам бо омӯзгорону кормандони соҳаи маориф мулоқот намуда, нақши онҳоро дар тарбияи насли ояндасоз, соҳибмаърифату ватандӯст, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди давлатдорӣ муҳим арзёбӣ мекунанд.
Хулоса
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти муҳимми низоми маорифи ҷаҳон табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳамасола талабот ба омӯзгорони соҳибихтисос афзоиш ёфта, кишварҳои гуногун барои ҷалб, нигоҳдорӣ ва ҳавасманд намудани омӯзгорон тадбирҳои муассири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва касбиро амалӣ менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои судманд амалӣ менамоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҷумлаи муҳимтарин иқдомҳои давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкими мақоми иҷтимоӣ ва дахлнопазирии шаъну шарафи омӯзгор мебошад.
Татбиқи чунин сиёсати давлатӣ боис гардидааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба интихоби касби омӯзгорӣ бештар шавад. Ҳамасола ҳазорон нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намуда, дар асоси роҳхат ва шартномаҳои дахлдор ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар мегарданд. Дар баробари ин, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо технологияҳои муосир ва беҳтар шудани шароити таълиму тарбия имконият фароҳам овардааст, ки омӯзгорону хонандагон дар муҳити мусоиди таълимӣ фаъолияту таҳсил намоянд.
Дар баробари тадбирҳои давлату ҳукумат, ҷомеа, падару модарон, воситаҳои ахбори омма ва тамоми қишрҳои ҷомеа низ бояд дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи омӯзгор саҳми созгор гузоранд. Дарвоқеъ, эҳтиром гузоштан ва таъмини имтиёзот ба омӯзгор такмилбахши илму маърифат ва сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»