16.10.2025

 img

16 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Президенти "Leaders of Change Foundation" хонум Агата Вержбовска ва мудири Барномаи стипендияи байналмилалии "Lane Kirkland" хонум Уршула Собетскаи аз Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид.

 

Дар оғози мулоқот муовини якуми вазир хонум Агата Вержбовска ва хонум Уршула Собетскаро хайрамақдам гуфта, аз номи ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм барои ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

 

Зимни суханронӣ муовини якуми вазир таъкид дошт, ки ҳамкориҳои миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон сол аз сол рушд ёфта, дар самтҳои мубодилаи устодону донишҷӯён, ташкил ва иштирок дар конфронсу семинарҳои илмӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории самарабахш миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пависланскии Лаҳистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи кишоварзии Краков, инчунин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Гданск зикр гардид.

 

Муовини якуми вазир иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Лаҳистон буда, барои ташкили вохӯриҳо, гуфтугӯҳо ва барномаҳои муштарак дар ҳама вақт изҳори омодагӣ менамояд.

 

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф иброз дошта, изҳори умед карданд, ки ин дидор ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар самти таҳсилоти олӣ ва барномаҳои стипендиявӣ такони тоза мебахшад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ "LEADERS OF CHANGE FOUNDATION” ВА МУДИРИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "LANE KIRKLAND" img
  • МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ "LEADERS OF CHANGE FOUNDATION” ВА МУДИРИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "LANE KIRKLAND" img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KhIMIO–2025” Дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои шоиста дар аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — “KhIMIO–2025”, ки аз 5 то 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баромад кард.   Аз миёни 96 иштирокдор аз 8 кишвари дунё, хонандагони тоҷик тавонистанд 8 ҷойи намоён ва Шоҳҷоиза - Ҷоми Хайёмро соҳиб шаванд.   Дар ин олимпиада, ки аз фанҳои математика ва информатика иборат буд, намояндагони Тоҷикистон бо дониши амиқ, зеҳни баланд ва тайёрии ҷиддӣ истеъдоди худро дар сатҳи байналмилалӣ нишон доданд.   Ғолибони тоҷик бо дипломҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин дастовард натиҷаи талоши омӯзгорон, муҳитҳои омӯзишии муассир ва дастгирии давлат дар рушди илмҳои дақиқ мебошад.   Олимпиадаи “KhIMIO–2025” на танҳо майдони рақобати зеҳнҳо, балки рамзи ифтихори миллӣ ва нишондиҳандаи сатҳи рӯзафзуни маорифи Тоҷикистон гардид.   Тоҷикистон — сарзамини истеъдодҳо ва илму хирад! 

    4

    09.11.2025
  •  img
    ҶОМИ ХАЙЁМ БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “KhIMIO-2025” СУПОРИДА ШУД! Имрӯз, 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025” бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.   Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, довталабони кишварҳои иштирокдор ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.   Дар оғоз вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, баргузории чунин олимпиадаҳоро қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти дӯстии миллатҳо арзёбӣ кард. Вазир зикр намуд, ки “KhIMIO-2025” на танҳо майдони рақобати хонандагони лаёқатманд, балки василаи муҳимми баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хонандагон дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.   Дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - “KhIMIO–2025”, ки аз 5 то 9 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 96 нафар хонанда аз 8 кишвари дунё иштирок намуданд.   Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар хонанда аз панҷ минтақа - шаҳри Душанбе ВМКБ, Суғд, Хатлон, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ширкат варзиданд.   Аз шумораи умумии иштирокдорон 39 нафар (40%) сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Натиҷаи бадастовардаи кишварҳо: Тоҷикистон - 8 ҷой, Белорус - 4 ҷой, Қазоқистон - 8 ҷой, Қирғизистон - 10 ҷой, Узбекистон - 7 ҷой, Туркманистон - 2 ҷой, Арманистон - 0 ҷой ва Шоҳигарии Камбоҷа - 0 ҷой.   Ғолибон бо дипломҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.   Дастаҳое, ки миқдори зиёди ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд, бо Шоҳҷоиза - Ҷоми Хайём, китоби “Рубоиёти Хайём”, сертификат ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА сарфароз гардонида шуданд.   Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Олимпиада ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём», Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҶДММ “11-1” ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои ҳамкории фаъолона Сертификат супорида шуд

    1

    09.11.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИ КАСБӢ 8 ноябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа намояндагони дастгоҳи марказии вазорат, ректорон, директорон ва муовинони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.   Ҷаласа бо ҳадафи баррасии иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳлили масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф баргузор гардид.   Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои омода намудани омӯзгорони баландихтисос дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, таҳияи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026–2030, таҳкими идеологияи миллӣ дар ҷомеа ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои аъзои ИДМ ва роҳандозии ҳамкорӣ бо ширкати «Электа» (Британияи Кабир) оид ба омӯзиши забони англисӣ тавассути технологияҳои маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар поёни ҷаласа, ба ҳозирин аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм бо мақсади тақвияти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар супоришҳои мушаххас дода шуд.

    2

    08.11.2025