29.10.2025

 img

29 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба бознигарии Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ бо назардошти диди ягонаи муносибати босалоҳият дар таҳсил баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Исломии Рушд, Шурои маорифи ҷаҳонӣ (GPE), ЮНИСЕФ, намояндагони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар масъулон иштирок намуданд.

 

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илм оғоз ёфт. Зимни суханронӣ мавсуф ба аҳаммияти бознигарии стандартҳои давлатӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи замон таъкид намуд.

 

Сипас, ҳисобот оид ба фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти бознигарии Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ бо назардошти диди ягонаи муносибати босалоҳият пешниҳод гардид.

 

Дар идома, иштирокдорон доир ба таҷрибаҳо, мушкилот ва роҳҳои минбаъдаи такмили стандартҳои таълимӣ мубодилаи афкор намуданд. Пешниҳодҳои судманд ҷиҳати такмили сохтори нави Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд.

 

Дар анҷоми чорабинӣ зарурати идомаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот таъкид шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ img
  • МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ img
  • МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҲИЯИ МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ Таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳияи меъёрҳои арзёбии сифати таҳсилот баргузор гардид.   Дар оғози ҷаласа муовини вазир таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф пайваста афзун гардида, ҳадафи асосӣ аз ин ҳама иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи таълим, таҳияи низоми муосири арзёбии дониш ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.   Муовини вазир қайд кард, ки бо мақсади иҷрои талаботи банди 58 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №240 тасдиқ шудааст. Дар асоси он “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” ва нақшаи амали солҳои 2025-2027 низ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №141 қабул гардидааст.   Ҳадафи асосии таҳия ва татбиқи ин ҳуҷҷатҳо баланд бардоштани сифати таҳсилот, ба танзим даровардани низоми миллии арзёбӣ ва мутобиқсозии низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуъбаҳои сифати таҳсилот фаъолият доранд, ки мунтазам мониторинг гузаронида, натиҷаҳои онро ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамоянд.   Ҳамзамон, тибқи нақшаи амали солҳои 2025-2027 Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044, дар оянда таъсиси маҳзани ягона (платформаи рақамӣ) барои таҳлил ва арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон дар назар дошта шудааст.   Дар анҷоми ҷаласа муовини вазир таъкид намуд, ки татбиқи пурраи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот имкон медиҳад, ки низоми таҳсилоти рақобатпазир ва инноватсионии кишвар ташаккул ёбад, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    39

    29.10.2025
  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ ДАР МЕҲВАРИ ҶАЛАСА 29 октябри соли равон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи навбатӣ оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти ғайридавлатӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазир зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бахши хусусӣ дар соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, шумора ва сатҳи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ афзуда, саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф назаррас мебошад.   Таъкид гардид, ки муассисаҳои хусусӣ ҳамчун бахши ҷудонашавандаи низоми ягонаи маориф бояд фаъолияти худро пурра мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва стандартҳои давлатии таҳсил ба роҳ монда, сифати таълим, сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди касбии омӯзгорон дар меҳвари фаъолияти ҳар як муассисаи таълимии хусусӣ қарор дошта бошад.   Дар ҷаласа ҳисоботи нуҳмоҳаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Амид” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Муассисаи таълимии хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шунида шуд.   Дар ҳисоботҳо натиҷаҳои умумии фаъолияти таълимӣ, сатҳи иштироки хонандагон дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин натиҷаҳои дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ таҳлил гардид. Таъкид шуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, аз қабили беҳтар гардидани шароити таълим, истифодаи усулҳои муосири педагогӣ ва ҷалби муаллимони соҳибтаҷриба, ҳамоно дар фаъолияти баъзе муассисаҳо камбудиҳо мушоҳида мешаванд.   Зимни муҳокимаҳо изҳор гардид, ки зарур аст таваҷҷуҳи бештар ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби фаъоли хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ равона карда шавад. Гуфта шуд, ки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо на танҳо нишондиҳандаи сатҳи дониш, балки нишондиҳандаи сифати фаъолияти педагогӣ ва иқтидори таълимии муассиса мебошад. Бо дарназардошти ин, роҳбарони муассисаҳои таълимии хусусӣ вазифадоранд, ки нақшаи мушаххаси корӣ барои ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо таҳия намуда, раванди омодасозии онҳо ба чунин чорабиниҳоро таҳким бахшанд.   Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи татбиқи низоми баҳогузории даҳҳола баррасӣ гардид. Муовини вазир зикр намуд, ки баҳодиҳии воқеӣ ва объективӣ ба дониш ва малакаи хонандагон заминаи асосии таъмини сифати таҳсилот буда, муассисаҳои ғайридавлатӣ бояд ба татбиқи пурраи ин низом диққати ҷиддӣ диҳанд.   Дар анҷоми ҷаласа аз роҳбарону масъулони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ даъват гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, барои таҳкими сифати таълим, рушди муҳити созандаи омӯзиш ва боло бурдани сатҳи рақобатпазирии хонандагон дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ кӯшиш намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    28

    29.10.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ 29 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба вазъи иҷрои бандҳои Нақшаи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 баргузор гардид.   Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки татбиқи самараноки Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти вазорат ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълим, рақамисозии равандҳои таълимӣ ва таҳкими заминаи техникии муассисаҳои таълимӣ равона гардидааст.   Зимни ҷаласа ҳисоботи директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ» К. Муҳаммадраҷабзода оид ба корҳои анҷомдода дар доираи иҷрои барнома шунида шуд.   К. Муҳаммадраҷабзода иброз намуд, ки дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои солҳои 2024-2028, аз ҷониби марказ ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2500 нусха дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва 390 адад барномаҳои зиддивирусӣ (антивирус) ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас гардидаанд. Ба ҳолати нуҳ моҳи соли 2025 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо 100 ҳазору 950 компютер, 7146 тахтаи электронӣ ва 8267 видеопроектор муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамзамон, 2756 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд, ки қисми зиёди онҳо тариқи модем фаъолият мекунанд. Бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи нави пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет таҳия гардида, тибқи он дар назар аст, то соли 2028 40 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст карда шаванд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори вазоратро дар самти татбиқи саривақтии барнома таъкид намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ва пурзӯр намудани назорат дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, як қатор пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани раванди иҷрои барнома ва густариши истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф ироа гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    29.10.2025