29.10.2025
29 октябри соли равон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи навбатӣ оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти ғайридавлатӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини вазир зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бахши хусусӣ дар соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, шумора ва сатҳи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ афзуда, саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф назаррас мебошад.
Таъкид гардид, ки муассисаҳои хусусӣ ҳамчун бахши ҷудонашавандаи низоми ягонаи маориф бояд фаъолияти худро пурра мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва стандартҳои давлатии таҳсил ба роҳ монда, сифати таълим, сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди касбии омӯзгорон дар меҳвари фаъолияти ҳар як муассисаи таълимии хусусӣ қарор дошта бошад.
Дар ҷаласа ҳисоботи нуҳмоҳаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Амид” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Муассисаи таълимии хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шунида шуд.
Дар ҳисоботҳо натиҷаҳои умумии фаъолияти таълимӣ, сатҳи иштироки хонандагон дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин натиҷаҳои дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ таҳлил гардид. Таъкид шуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, аз қабили беҳтар гардидани шароити таълим, истифодаи усулҳои муосири педагогӣ ва ҷалби муаллимони соҳибтаҷриба, ҳамоно дар фаъолияти баъзе муассисаҳо камбудиҳо мушоҳида мешаванд.
Зимни муҳокимаҳо изҳор гардид, ки зарур аст таваҷҷуҳи бештар ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби фаъоли хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ равона карда шавад. Гуфта шуд, ки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо на танҳо нишондиҳандаи сатҳи дониш, балки нишондиҳандаи сифати фаъолияти педагогӣ ва иқтидори таълимии муассиса мебошад. Бо дарназардошти ин, роҳбарони муассисаҳои таълимии хусусӣ вазифадоранд, ки нақшаи мушаххаси корӣ барои ҷалби хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо таҳия намуда, раванди омодасозии онҳо ба чунин чорабиниҳоро таҳким бахшанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи татбиқи низоми баҳогузории даҳҳола баррасӣ гардид. Муовини вазир зикр намуд, ки баҳодиҳии воқеӣ ва объективӣ ба дониш ва малакаи хонандагон заминаи асосии таъмини сифати таҳсилот буда, муассисаҳои ғайридавлатӣ бояд ба татбиқи пурраи ин низом диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар анҷоми ҷаласа аз роҳбарону масъулони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ даъват гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, барои таҳкими сифати таълим, рушди муҳити созандаи омӯзиш ва боло бурдани сатҳи рақобатпазирии хонандагон дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ кӯшиш намоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон