05.10.2026

 img

Омӯзгор дар ҳаёти ҷомеа мақоми муҳим дорад. Ӯ бо омӯзонидани хондану навиштан дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, худшиносӣ ва интихоби роҳи зиндагии инсон саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, дар тӯли таърих устодро роҳнамо ва тарбиятгари наслҳо донистаанд. Дар ашъори адибони классик ва муосири тоҷик низ симои устоду омӯзгор бо эҳтиром таҷассум ва тараннум ёфтааст. Ин қадршиносӣ ифодагари он аст, ки пешрафти ҷомеа ба сатҳи дониш ва тарбияи наслҳои он, ҳамчунин, ба ҷойгоҳи омӯзгор иртиботманд мебошад.

 

Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ рушди маориф ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва тадбирҳои дастгирии омӯзгорон аз таваҷҷуҳ ба ин соҳа шаҳодат медиҳанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» низ заминаи ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва дастгирии иҷтимоии омӯзгорро таҳким мебахшад. Дар суханрониҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба рисолати омӯзгор пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Омӯзиши ин суханрониҳо имкон медиҳад, ки симои омӯзгори муосир аз чанд ҷиҳат баррасӣ гардад: тарбиятгари инсон, роҳнамои насли нав­рас, посдори арзишҳои миллӣ, омодакунандаи мутахассисони оянда ва маърифатафзои ҷомеа. Дар баробари ин, омӯзгор бояд донишу маҳорати касбии худро пайваста такмил диҳад. Масъалаҳои шароити кор, дастгирии моддӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор низ бо иҷрои ҳамин рисолат пайванд мегирад.

 

Яке аз аҳдофи меҳварии суханрониҳо таъкиду тавзеҳи рисолати инсонсозии омӯзгор аст. Ин андеша дар суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳи соли 2024 ба таври равшан баён шудааст: кӯдак бо донишу таҷрибаи маҳдуд ба мактаб меояд ва омӯзгор дар солҳои таҳсил ба ташаккули савод, ҷаҳонбинӣ ва шахсияти ӯ мусоидат мекунад. Пешвои миллат ин заҳматро «рисолати инсонсозии омӯзгор» маънидод намуданд. Аз ин дидгоҳ, натиҷаи фаъолияти омӯзгор дар тарбияи шогирд ба қобилияти мустақилона андешидан, истифодаи дониш дар зиндагӣ, муносибати нек бо дигарон ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа низ зоҳир мегардад. Омӯзгор дар суханрониҳои Пешвои миллат ҳамчун шахсе муаррифӣ мешавад, ки ҳам ба камолоти фард ва ҳам ба пешрафти ҷомеа таъсир мерасонад.

 

Дар суханронии соли 2013 омӯзгори дилсӯзу бомаърифат «чароғи маърифат ва боигарии миллат» арзёбӣ шудааст. Ин баҳо ду ҷанбаи касбро ифода мекунад: омӯзгор ҳам донишро паҳн менамояд ва ҳам барои миллат сармояи маънавӣ ба вуҷуд меорад. Дар суханронии соли 2016 таъкид шудааст, ки омӯзгор бояд ба таълим ва тарбия баробар таваҷҷуҳ намояд, зеро ин ду ҷузъ якдигарро такмил медиҳанд. Дидгоҳи мазкур барои муайян кардани мақоми омӯзгор аҳаммияти хосса дорад. Агар таълим ба шогирд дониш ва маҳорати амалӣ диҳад, тарбия дар истифодаи дурусти он дониш роҳнамоӣ мекунад. Аз ин нигоҳ, омӯзгори муваффақ онест, ки шавқи омӯзиш, ростқавлӣ, эҳтиром ба дигарон, масъулиятшиносӣ ва қобилияти мустақилона фикр карданро дар хонанда инкишоф медиҳад. Дар суханронии соли 2015 Сарвари давлат низ ба баробар инкишоф додани таълиму тарбия ҳамчун шарти ба камол расидани шахсиятҳои солиму соҳибмаърифат ишора намудаанд.

 

Дар зимн, дар суханрониҳо нақши падару модар ва ҳамкории онҳо бо муассисаи таълимӣ таъкид мегардад. Аммо омӯзгор дар ин раванд мавқеи хос дорад, зеро ӯ фаъолияти таълимию тарбиявиро бо дониш ва маҳорати касбӣ тавъам ба роҳ мемонад, пешрафти шогирдро пайваста мушоҳида мекунад ва метавонад мушкилоти ӯро сари вақт дарк намояд.

 

Яке аз андешаҳои умдаю меҳ­варӣ дар суханрониҳои Пеш­вои миллат вобастагии рушди кишвар ба сатҳи рушди маориф ва фаъолияти омӯзгор мебошад. Дар суханронии соли 2013 омадааст: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад». Ин сухан мақоми омӯзгорро ба масъалаи ояндаи миллат мепайвандад. Дарвоқеъ, барои пешрафти иқтисод, тандурустӣ, сохтмон, илм, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ мутахассисони босавод заруранд. Пояи дониш ва муносибати онҳо ба меҳнат аз мактаб ва дигар зинаҳои таҳсилот гузошта мешавад. Дар суханронии соли 2026 низ ҳамин андеша ба таври мушаххас шарҳ ёфтааст: саломатии мардум, бунёди иншоот, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёт аз фаъолияти мутахассисоне вобастаанд, ки низоми маориф онҳоро ба камол мерасонад.

 

Дар суханрониҳои Пешвои миллат ба омӯзгор ҳамчун шахси таъсиргузор дар тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ҷомеа назар карда мешавад ва пайваста таъкид мегардад, ки таҳкими истиқлол ва давлатдории миллӣ бо худшиносӣ, дониш ва ахлоқи ҳамида иртибот дошта, устодону омӯзгорон бояд дар ин самт намунаи ибрат бошанд. Ба ин маънӣ, аз омӯзгорон даъват шудааст, ки аҳаммияти сулҳу ваҳдати миллиро мунтазам дар раванди дарсҳо ва машғулиятҳои дигар ба шогирдон шарҳ диҳанд.

 

Дар суханронии соли 2026 саҳми аҳли маориф дар тақвияти истиқлол, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ ва роҳнамоии мардум ба сулҳу ваҳдат муҳим арзёбиву қадршиносӣ шудааст. Омӯзгор бояд ба шогирд фаҳмонад, ки сулҳ барои таҳсил, зиндагии осоишта ва пешрафти ҷомеа чӣ имконият медиҳад, эҳтиром ба қонун, падару модар ва арзишҳои миллӣ дар рафтори ҳаррӯза чӣ гуна зоҳир мешавад.

 

Мақоми баланди омӯзгор дар суханрониҳо бо талабот ба маҳорати касбӣ ҳамроҳ аст. Дар суханрониҳои Пешвои миллат изҳор мешавад, ки пешрафти босуръати илму техника сатҳу сифати таълимро баланд мебардорад, зарурати аз худ кардани воситаҳои техникии таълим, китобхонаҳои электронӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба миён меорад. Ин талабот аз тағйир ёфтани муҳити омӯзиш бармеояд. Хонандаи имрӯз метавонад маълумотро аз сарчашмаҳои гуногун пайдо кунад. Дар чунин шароит омӯзгор бояд дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ бошад, ба шогирд дар фаҳмидан, муқоиса кардан ва истифодаи дурусти техонологияи рақамӣ ёрӣ расонад. Истифодаи технология вақте судманд мешавад, ки ба мақсади равшани таълимӣ хидмат кунад ва омӯзгор усули мувофиқро интихоб намояд.

 

Дар суханронии соли 2023 такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон омили мутобиқ шудани фаъолияти онҳо ба талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ шудааст. Дар суханронии соли 2024 масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгорон бо ҳадафи ба камол расидани миллати босавод ва рушди илмии кишвар муҳимму калидӣ тавсиф мешавад. Дар суханронии соли 2025 бошад, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ бо иқтисоди рақамӣ, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва муосирсозии таҳсилот алоқаманд дониста шудааст. Ҳамин тавр, омӯзгор дар ин суханрониҳо ҳам омӯзонанда ва ҳам омӯзандаи доимӣ мебошад. Эҳтиром ба касби ӯ зарурати нав кардани дониш ва маҳорати касбиашро аз байн намебарад, баръакс, онро такмил мебахшад.

 

Таҳлили мақоми омӯзгор бе баррасии шароити зиндагӣ ва фаъолияти ӯ пурра намешавад. Дар суханрониҳо ин масъала низ ҷойгоҳи муҳим дорад. Аз соли 2009 дар бораи сохтмони биноҳои таълимӣ ва манзил барои омӯзгорон то таъкидҳои соли 2026 оид ба беҳтар намудани имконоти моддии аҳли маориф, ғамхорӣ нисбат ба омӯзгор ҳамчун ҷузъи рушди соҳа матраҳ шудааст.

 

Соли 2024 Пешвои миллат бо ишора ба кафолати қонунии шаъну шарафи омӯзгор таъкид намудаанд: «Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст». Дар ҳамин суханронӣ зарурати таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба миён гузошта шуд. Соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид.

 

Ин омилҳои созанда нишон медиҳанд, ки баланд бардоштани мақоми омӯзгор тадриҷан вусъат ёфта, ҳифзи шаъну шараф, шароити муносиби кор, дастгирии иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва имкони рушди касбӣ низ ҳамвора дар мадди назари Давлат ва Ҳукумат қарор дорад. Дар баробари ин, суханронии соли 2024 ба масъулияти худи омӯзгор ишора мекунад: муҳаббат ба касб, ирода, касбият ва рафтори намунавӣ ба обрӯи ӯ дар ҷомеа таъсир доранд. Яъне, мақоми омӯзгор аз ҳамкории ду ҷониб устувор мегардад – дастгирии давлату ҷомеа ва фаъолияти содиқонаву босифати худи омӯзгор.

 

Дар суханронии соли 2025 омӯзгорон «машъалафрӯзони ҷомеа» номида шуда, ба ҳайати бузурги омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолияти олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ишора шудааст. Дар ин таъкид омӯзгорон қувваи бузурги зеҳнӣ ва маънавии кишвар муаррифӣ мешаванд. Аҳаммияту тавонмандии ин неру ба сатҳи дониш, ҳамкории устодон, пайванди мактаб бо оила ва ба он вобаста аст, ки ҳар омӯзгор то чӣ андоза метавонад қобилияти шогирдро бишиносад ва рушд диҳад. Ҳамзамон, қадр кардани омӯзгор маънои ба қадри вақт, дониш ва таҷрибаи ӯ расиданро дорад. Ҷомеае, ки аз омӯзгор натиҷаҳои баландро интизор аст, бояд барои иҷрои босифати ин вазифа шароити зарурӣ низ фароҳам оварад.

 

Дар асоси суханрониҳои Пешвои миллат мақоми омӯзгорро метавон чунин муайян кард: омӯзгор шахси донишманду масъулест, ки бо таълим ва тарбия инсонро ба камол мерасонад, барои ҳамаи соҳаҳои ҷомеа заминаи интеллектуалӣ ва сармояи инсониро фароҳам месозад ва дар ҳифзу рушди арзишҳои миллӣ саҳм мегузорад. Ин мақом ҳам эҳтироми ҷомеаро тақозо мекунад, ҳам дастгирии давлатӣ ва ҳам такмили пайвастаи маҳорати худи омӯзгорро.

 

Қазовати меҳварии суханрониҳо он аст, ки ояндаи миллат аз сатҳу сифати тарбияи насли имрӯз вобаста буда, омӯзгор дар меҳвари ин раванд қарор дорад. Ҳар қадар дониш, масъулият ва имконоти фаъолияти омӯзгорон бештар бошад, ҳамон андоза барои пешрафти ҷомеа ва ояндаи кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад».

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.   Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.   Тавре зикр гардид, ин захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.   Аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содиротӣ, тақвияти устувории занҷираҳои таъминоти минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба дар мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ, карбонӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.   Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин, бо назардошти ниёзҳои тамоми минтақа таъкид гардид.   Ҳамчунин, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.   Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи масирҳои омехта, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, барои тақвияти пайвастагии нақлиётии минтақа аҳамияти калон дорад. Дар ин робита, Сарвари давлати мо зарурати кори самаранокро барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуданд.   Мавзӯи рақамисозиро идома дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуданд ва изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти он имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат мебахшад.   Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳишёбии захираҳои об ва хокборишот, ки ба муҳити зист ва амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд, ривоҷ дода шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.   Дар ниҳояти сухан таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ карда,  ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат намояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки эътимод ба ҳамдигар ва рӯҳияи шарикӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба сӯи ҳадафҳои муштарак пайваста пеш раванд.

    9

    08.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    20

    08.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

    10

    08.10.2026