08.10.2026
8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хабарҳои дигар
-
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА 7 октябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ - асоси ҳувияти миллӣ ва омили рушди маънавию фарҳангии ҷомеа» баргузор гардид. Дар конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муҳаққиқону мутахассисони соҳаи забон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илм оғоз гардид. Вазир зимни суханронӣ таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ ва сарвати маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳифзу рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Арҷ гузоштан ба забони модарӣ арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи он мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду равнақ ва эҳёи забони тоҷикӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» низ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид. Дар идомаи конференсия Р. Зулфониён, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Бознигарии сатҳи забондониву забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои таҳсилот» маъруза намуд. Дар баромади ӯ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, Ш. Юсупов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар мавзуи «Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол» маъруза пешниҳод намуд. Зимни музокира миёни иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи покии забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар фарҷоми конференсия вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки кормандони соҳаи маориф ва илм дар самти омӯзишу ҳифзи забони тоҷикӣ масъулияти муҳим дошта, бояд барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагону донишҷӯён ва риояи меъёрҳои забони адабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Дар баробари донистани забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ барои ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
17
07.10.2026 -
АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи омӯзгорон бо мақсади шиносоӣ аз ҳолу аҳвол ва қадршиносии хизматҳои бисёрсолаи омӯзгорон ба аёдати як қатор омӯзгорони собиқадор рафт. Аз ҷумла, вазири маориф ва илм аз ҳолу аҳволи собиқадори соҳаи маориф Назаров Шоҳ дидан намуд. Номбурда 13 октябри соли 1942 ба дунё омада, соҳиби таҳсилоти олӣ буда, ихтисосаш омӯзгори математика мебошад. Назаров Шоҳ фаъолияти меҳнатии худро соли 1960 ба ҳайси омӯзгори фанни математика оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси омӯзгор, директор ва муовини мудири шуъбаи маориф фаъолият кардааст. Аз соли 1994 то соли 1996 мудири шуъбаи маорифи ноҳия буд ва баъдан то ба нафақа баромадан фаъолияти омӯзгории худро идома додааст. Дар идома вазири омӯзгори собиқадор Маҳмудова Шарофатро аёдат намуд. Номбурда 30 июни соли 1953 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро хатм кардааст. Маҳмудова Шарофат фаъолияти меҳнатии худро соли 1973 оғоз намуда, то 1 августи соли 2025 дар вазифаи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият кардааст. Давоми беш аз 50 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст. Зимни аёдат вазири маориф ва илм бо собиқадорони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, дар бораи дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои фаъолияти самараноки омӯзгорон ва таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Вазир саҳми собиқадорони соҳаи маорифро дар рушди соҳа ва тарбияи насли наврас баланд арзёбӣ намуда, таҷрибаи бисёрсолаи онҳоро мактаби бузурги касбӣ барои насли ҷавони омӯзгорон арзёбӣ кард. Собиқадорони соҳа, дар навбати худ, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки рушди соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорон натиҷаи дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳамзамон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо омӯзгорони муассиса мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот вазир бо омӯзгорон дар бораи шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат барои фаъолияти самараноки онҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон суҳбат намуд. Таъкид гардид, ки омӯзгоронро зарур аст аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, бо дарки масъулияти касбӣ барои баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати хонандагон тамоми кӯшиши худро равона созанд. Дар рафти мулоқот вазири маориф ва илм ба омӯзгори фанни забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шукурова Қурбонбӣ Нуралиевна барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илмро супорид. Вазир таъкид намуд, ки дар шароити рушди муносибатҳои байналмилалӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, аҳаммияти муҳим дошта, омӯзгоронро зарур аст, бо истифода аз усулҳои муосири таълим барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагон ва омода намудани насли рақобатпазир саҳми арзанда гузоранд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки таҷрибаи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва фаъолияти омӯзгорони ҷавону фаъол бояд ба ҳам пайваста, дар заминаи он барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
23
06.10.2026 -
ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД 6 октябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки ба масъалаҳои ҷамъбасти ду даври озмун ва омодагӣ ба баргузории даври сеюм бахшида шуд. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссияи ҷумҳуриявии озмун Равшан Каримзода, аъзои комиссия, масъулони соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳайати ҳакамон ва дигар масъулон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти даври якум ва дуюми озмун дар соли 2026, омодагӣ ба баргузории даври сеюм, тасдиқи ҷадвали рӯзҳои баргузории даври сеюм ва ҳайати ҳакамон, инчунин, масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, назорат ва таъмини шаффофияти раванди озмун баррасӣ гардиданд. Муовини вазири маориф ва илм зимни пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷаҳои ду даври озмун ва омодагӣ ба даври сеюм таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 баргузор гардида, ба яке аз иқдомҳои муҳимми фарҳангиву маърифатӣ дар кишвар табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон мебошад. Таъкид шуд, ки дар соли 2026 ду даври озмун баргузор гардида, дар даври якум 368 ҳазору 291 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 311 ҳазору 501 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 41 ҳазору 209 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 15 ҳазору 581 нафар омӯзгорон, аспирантон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд. Шумораи иштирокчиёни даври якуми озмун нисбат ба соли гузашта 16 ҳазору 249 нафар зиёд буда, дар соли 2025 ин нишондиҳанда 352 ҳазору 42 нафарро ташкил дода буд. Дар даври дуюми озмун дар соли ҷорӣ 75 ҳазору 795 нафар довталаб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд. Аз ин шумора 64 ҳазору 276 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 5 ҳазору 112 нафар донишҷӯён, 770 нафар магистранту аспирант, 4 ҳазору 628 нафар омӯзгор ва 1 ҳазору 9 нафар намояндаи дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд. Дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 нафар довталаб иштирок менамоянд. Аз ин шумора 3 ҳазору 584 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 373 нафар донишҷӯён, 38 нафар магистранту аспирант, 385 нафар омӯзгор ва 104 нафар намояндаи дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд. Шумораи занону духтарон дар ин давр 3 ҳазору 625 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки даври сеюми озмун тибқи талаботи Низомнома дар марказҳои илмию фарҳангии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо баргузор гардида, аз 7 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ҳисор оғоз меёбад. Муовини вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон ва масъулони баргузории озмунро ба масъалаи таъмини шаффофият ва баҳогузории одилонаи довталабон ҷалб намуд. Таъкид шуд, ки ба ҳар як иштирокчӣ бояд танҳо дар доираи талаботи Низомномаи озмун баҳо дода шуда, натиҷаи меҳнати довталабон холисона ва воқеъбинона арзёбӣ гардад. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи иштироки тоҷикону форсизабонони бурунмарзӣ дар озмун баррасӣ гардида, зикр шуд, ки барои иштироки онҳо тариқи маҷозӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад дар назди Вазорати маориф ва илм комиссияи баҳодиҳӣ ташкил шуда, тартиби иштирок ва ҳуҷҷатҳои марбут ба озмун дар сомонаи вазорат ҷойгир карда шудаанд. Дар фарҷоми ҷаласа масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани даври сеюми озмун, риояи талаботи Низомнома, таъмини шаффофияти раванди баҳогузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки довталабон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор гардида, ҳамасола дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок менамоянд.
6
06.10.2026