08.04.2026
Бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи иқтисодчиён ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 - “Cолҳои рушди иқтисоди рақамӣ” санаи 8 апрели соли равон дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони “Тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсионии иқтисоди рақамӣ” ташкил ва баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур олимон ва муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ, омӯзгорон, магистрантон, докторантон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қисмати ифтитоҳии конференсияи байналмилалӣ бо суханронии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рамазон Абдуллозода оғоз гардида, бо қаноатмандию нишоти худ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва меҳмонон барои ташриф миннатдорӣ намуда, баргузории чунин конференсияҳоро қадами муҳимму устувор дар роҳи таҳкими омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи қисмати асосӣ иштирокчиёни конфронс дар мавзуҳои мубрами рӯз аз ҷумла профессори кафедари Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиёти донишгоҳ Ҳамроев Ф.М. дар мавзуи “Нақши долонҳои нақлиёти сабз дар баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати ҳамлу нақли байналмиллалӣ ва таранзитӣ”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рауфӣ Абдуғаффор дар бораи “Муҳимияти рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон”, докторант (PhD)-и курси 3-и кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идораи донишгоҳ Бердиева Н. дар мавзуи “Экономико-математическое моделирование, взаимосвязи конкурентных преимуществ промышленных предприятий с процессами цифрровизации в экономике” ва магистранти курси якуми ихтисоси 270101-17 кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идораи донишгоҳ Хайруллоева М.Б. оиди “Интеграция BIM – технологий, искусственного интеллекта имашинного обучения в процессы расчета стоимости строительства”. маърузахонӣ намуданд.
Дар рафти конференсия аз ҷониби маърузачиён таъкид гашт, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун марҳилаи сифатан нави рушд, дар заминаи ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ, додаҳои калон ва системаҳои интеллектуалӣ ташаккул меёбад. Дар шароити кунунӣ, ки рақобати ҷаҳонӣ босуръат афзоиш меёбад, кишварҳо бояд тавонанд натиҷаҳои илмӣ ва технологияҳоро ба амалия табдил диҳанд. Конфронс ин равандро дар заминаи таҳлили назариявӣ ва таҷрибаҳои байналмилалӣ муҳокима намуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни конфронс як қатор масъалаҳои марбут ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили энергетика, саноат ва сохтмон, нақлиёт, логистика ва алоқа технологияҳои инноватсионӣ, амнияти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ва сармояи инсонӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ қайд намуданд, ки натиҷаҳои конфронс метавонанд ҳамчун заминаи назариявӣ ва амалӣ барои таҳияи стратегияҳои миллии рушди иқтисоди рақамӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ хизмат кунанд. Конфронс ҳамчун платформаи муҳими мубодилаи дониш ва таҷриба имконият фароҳам овард, ки илми иқтисоди рақамӣ ва роҳҳои татбиқи он дар соҳаҳои гуногун таҳлил карда шаванд.