08.04.2026
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Россияву Тоҷикистон ба номи К.Д. Ушинский форуми кормандони соҳаи маориф ва муҳассилин таҳти унвони «Забони русӣ дар Тоҷикистон: забон дар масири рақамӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори раёсати таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода, ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай Лазаренко И.Р., директори муассисаи мазкур Восифджонзода Р.В., муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Камолзода Ш.В. ва директори Институти коммуникатсияҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия Маркина П.В., инчунин омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ суханронии меҳмонон сурат гирифта, аз ҷумла, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни баромади худ аҳаммияти омӯзиши забони русиро ҳамчун воситаи муҳимми муоширати байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ таъкид намуд. Ӯ инчунин зикр кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, мавсуф омӯзгоронро ба истифодаи усулҳои муосири таълим, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фаъол ва рушди тафаккури эҷодӣ даъват намуд.
Ҳамчунин, сардори раёсати таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ иброз дошт, ки рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи маориф ба шумор меравад. Ӯ таъкид намуд, ки забони русӣ ҳамчун воситаи иртиботи илмӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои васеъро барои дастрасӣ ба донишҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам меорад.
Дар идомаи суханронӣ номбурда ба масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки истифодаи васеи платформаҳои таълимии электронӣ, захираҳои рақамӣ ва усулҳои инноватсионӣ метавонад сатҳу сифати таълимро ба марҳилаи нав бардорад. Ӯ ҳамзамон омӯзгоронро ба такмили ихтисос, аз худ кардани малакаҳои рақамӣ ва истифодаи усулҳои муосир дар таълим даъват кард.
Дар идома дигар меҳмонон низ вобаста ба аҳамияти рушди забони русӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф андешаҳои худро баён доштанд.
Дар ҷараёни форум семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ ва майдончаҳои методӣ ташкил гардида, иштирокчиён масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, усулҳои интерактивӣ ва роҳҳои рушди нутқи хонандагонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Форуми мазкур ба як майдони муҳимми табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфта, нақши забонро ҳамчун воситаи пайвандгари фарҳангҳо бори дигар собит намуд. Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён сертификатҳо тақдим гардиданд.