28.10.2026
28 октябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Форуми мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия, густариши робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштараки таълимию илмӣ баргузор гардид. Дар он вазирони маорифи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои гуногун, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар меҳвари муҳокимаҳо масъалаҳои рушди табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, эътирофи мутақобилаи диплом ва ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ, ҷалби грантҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсилот қарор доштанд.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки маориф яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди сармояи инсонӣ, дастгирии ҷавонон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими соҳа мебошанд. Маҳз таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои ташаккули фазои минтақавии маориф, илм ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ӯ ҳамчунин муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар соҳаи маориф ва илм муҳим арзёбӣ намуда, нақши иродаи сиёсии роҳбарони ду давлатро дар фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкориҳои судманд таъкид кард.
Дар идомаи суханронӣ вазир пешниҳод намуд, ки барои солҳои 2027-2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва мувофиқа карда шавад. Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, технологияҳои муосир, рушди таҳсилоти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ таъкид гардид. Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон барои идомаи муколамаи созанда, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои минтақавии ҳамкорӣ омода буда, чунин иқдомҳо бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимию илмӣ барои ҷавонон равона карда шаванд.
Дар ҷараёни форум дигар иштирокчиён низ оид ба дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф ва илм андешаронӣ намуда, аҳаммияти таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотиро таъкид карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарик ва таҳкими мавқеи байналмилалии донишгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирок дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ барои густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, табодули таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва илм аҳаммияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон