28.10.2026

 img

Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022, 2025 ва 2026) дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст.

 

Мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.

 

Қобили зикр аст, ки дар тамоми марҳалаҳои татбиқи мораторий ба санҷишҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дахлдор қабул гардида, муносибатҳои марбут ба мораторийҳои эълоншуда мушаххас ба танзим дароварда мешаванд.

 

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2029 мораторий эълон карда мешавад.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод менамояд.

 

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи онро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

 

Тибқи муқаррароти Қонун, амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо боздошта мешавад.

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 28 октябри соли 2026 №1237

    29

    28.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи ҶДММ Шаҳдоб дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ Шаҳдоб оғоз бахшиданд.   Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фатҳулло Соҳибов дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи дастгирии соҳибкории хусусӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли нушобаҳо ва маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.   Корхона дорои се хатти технологӣ буда, дар ду хатти аввал оби нӯшокию дигар нушобаҳо ва дар хатти сеюм маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад.   Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, аз ҷумлаи таҷҳизоти муосири каммасрафи неруи барқ мебошанд.   Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии ду хатти аввал дар як шабонарӯз 400 ҳазор зарфро ташкил медиҳад. Обу нушобаҳо дар зарфҳои ҳаҷмашон аз 500 миллилитр то 10 литр истеҳсол шуда, бо тамғаи Шаҳдобя ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.   Маҳсулоти корхона бо таъму накҳати гуногун аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои хушбӯй истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ, дар ин ҷо наздик ба 50 навъи нушобаҳо истеҳсол гардида, бо таъму сифати муносиб ба истеъмолкунандагон пешниҳод мегардад.   Сифат ва бехатарии маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир санҷида мешавад. Ин раванд бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои малакаи баланди касбӣ сурат мегирад.   Хатти сеюми технологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 3 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулот дар 15 навъу номгӯй бо тамғаи Шириниҳои Шукрона истеҳсол гардида, ба бозорҳои истеъмолӣ бароварда мешавад.   Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи Шаҳдоб барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба сокинони маҳаллӣ низ замина гузоштааст. Дар ин ҷо 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.   Бо мақсади истифодаи самараноки неруи барқ дар болои биноҳои истеҳсолӣ панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Иқтидори лоиҳавии низоми мазкур 150 киловаттро ташкил дода, имкон медиҳад, ки масрафи неруи барқ то 10 дарсад коҳиш дода шавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкор Фатҳулло Соҳибовро дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, ба фаъолият оғоз намудани чунин корхонаҳо ба зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар мусоидат намуда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Тибқи нақшаҳои соҳибкор Фатҳулло Соҳибов, дар шафати корхонаи мавҷуда сохтмони иншооти нави саноатӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаи нав дар масоҳати 1,2 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ба истифода додани иншоот ҳудуди 120 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.   Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна маҳсулотро ташкил дода, муҳлати пешбинишудаи сохтмони он 1 сол мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, иншоотро сари вақт мавриди истифода қарор диҳанд.

    36

    27.10.2026
  •  img
    Гузоштани санги асоси бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.   Бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, чун тарҳҳои муосири шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад, ки ояндаи наздик имконоту шароити муосирро аз ҷиҳати инфрасохтор ва коммуникатсия муҳайё месозанд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад, ки паҳноии ҳар як хатти ҳаракат мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сеюним метрро ташкил хоҳад дод.    Гардишҳои роҳи дусатҳа бо 3 хатти ҳаракат ва риояи талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳанд шуд.   Ҳамчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳаи дигар, ки дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров бунёд карда мешавад дар умум 4 ҳазору 300 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат тибқи стандарҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.   Дар қитъаҳои алоҳидаи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои нақлиёти истифодаи умум – автобусу тролейбус хатҳои махсуси ҳаракат ҷудо карда мешаванд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонии  2 эстакада ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки дар муҳлати 2 сол анҷом дода мешавад, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, барқ, равшанидиҳӣ, сабзкории гулгашту роҳравҳо бо сифати баланд анҷом дода хоҳанд шуд.   Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо арзиши ҳудуди 1 миллиард сомонӣ  аз ҷониби паймонкорон ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Ширкати муҳандисию сохтмонии шаҳрсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамоҳангсоз Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.   Зимни муаррифии Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ амалӣ гардида, пули мошингузар бо дарозии 115 метр ва паҳноии 40 метр аз ҳар ду самт, 8 хатти ҳаракат ва 100 тонна иқтидори вазнбардорӣ бунёд мегардад.   Дар сохтмон ва азнавсозии пули мошингузар 80 болори мустаҳкам ва босифат сохта, истифода карда мешавад, ки аз он 40 болор 24 метрӣ ва 40 тои дигар 33 метрӣ мебошанд.   Сохтмони 2 роҳи дусатҳа дар нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев ва дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, инчунин азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо мақсади амалинамоии лоиҳаҳои ҷадиди шаҳрсозӣ, бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои дусатҳаву сесатҳа, мутобиқ гардонидани роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, низоми шаҳрсозӣ ва ташаккули инфрасохтори шаҳри Душанберо шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ва роҳсозон дастур доданд, ки пеш аз ҳама ба муҳлати татбиқи лоиҳа, сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то чунин иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.

    34

    27.10.2026