17.07.2025

 img

17 июл дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар кори маҷлис масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

 

Зимни суханронӣ Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он боз як соли муҳим ва аз лиҳози сиёсӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад.

 

Таъкид гардид, ки дар оғози сол маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид. Сатҳу сифати баргузории ин чорабинӣ ва ширкати фаъолонаи мардум дар он бори дигар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандони кишварро равшан нишон дод.

 

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар ин чорабинии сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намуд.

 

Раиси ҳизб иброз доштанд, ки ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷалб кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар ин раванд, барномаҳои зиёди илман асоснок ва воқеан амалишавандаи ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва мардуми кишвар созгорро таҳия, қабул ва муваффақона татбиқ гардид, ки натиҷаҳои то имрӯз бадастомада дар самтҳои суботи сиёсӣ дар кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар гувоҳи ҳақиқати ҳол мебошанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаи дар зеҳну шуури шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон тарбия кардани ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ бояд минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб ва сохторҳои маҳаллии он қарор дошта бошад.

 

Таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар низ нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти замони нав ва шиддати бесобиқа пайдо кардани равандҳои номатлуби сиёсиву низомӣ дар сайёра - мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ин ҳолат аз ҳар яки мо барои ҳалли масъалаҳои пешомада масъулият ва муносибати ҷиддӣ талаб мекунад.

 

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳои созанда амалӣ месозад.

 

Дар кори маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар асоси Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низомномаҳои ҳизбӣ дар таҳрири нав тасдиқ гардид.

 

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва сохторҳои он вазифадор гардиданд, ки фаъолияти ҳизбиро ба муқаррароти санадҳои мазкур мутобиқ намоянд.

 

Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуд.

 

Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.

 

Манфиатҳои миллию давлатиро мунтазам ҳимоя намуда, кор бо мардумро тавре ба роҳ монанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад. Дар ҳамкории доимӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин ва танзими ҷашну маросим, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ ва мудофиа фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар деҳот ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ба таври доимӣ ва фарогир ба роҳ монанд.

 

Ҳамзамон, ҳамаи ташкилоти ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида,  дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳамкории доимиву муштаракро бо тамоми субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ тавассути ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва боло бурдани эътимод ба низоми давлативу давлатдорӣ равона намоянд.

 

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъулон дар баробари пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ таҳия гардида, баҳри таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо ҷалби сокинон корҳои ободониро дар маҳалҳо вусъат бахшанд.

 

Баъди суханронии Раиси ҳизб Неъматзода Дилрабо - мудири бахши маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шоҳинзода Ансор - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа, Раҳимов Темур - ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, Каримзода Мунира - сартабиби беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, Ҳофиззода Фарзона - мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон ва Саъдуллоев Диловар - омӯзгори фанни забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара суханронӣ намуданд.

 

Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки бо мардуми ватандӯсти он бо қадамҳои устувор ва дилу нияти нек ба суи пешрафту шукуфоӣ ҳаракат менамоянд, ҳамаи роҳбарону масъулини ҳизбро лозим аст, ки тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир сафарбар намояд.

  • Иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон img
  • Иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТ: ДАСТОВАРДҲО ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ 14 июли соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар шаш моҳи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо то охири сол муайян гардиданд.   Дар ҷаласаи мазкур вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаҳои вазорату идораҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ҳамчун бахши калидии сиёсати иҷтимоии давлат таъмин гардида, дар ҳамаи самтҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд.   Гуфта шуд, ки сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, ду сафари охири Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд, бозгӯйи таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии давлат ба соҳаи маориф буда, зимни ин сафарҳо даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба истифода дода шуда, муҳити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас фароҳам оварда шуд.   Таъкид гардид, ки дар баробари таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбари давлат мо вазифадорем, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо масъалаҳои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани бештари кӯдакон, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, такмили инфрасохтори таълим ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимиро ҳадафмандона бартараф намоем.   Дар қисмати музокираҳо сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Миёншо Назаршоев Комилбек Амид ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кучарзода Ҳусния суханронӣ намуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи шашмоҳаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.   Дар қисмати ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастовардҳо моро зарур аст, масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии зич дорад, вазифаи ҷонии ҳар корманди соҳа ба шумор меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    128

    14.07.2025
  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА, АТТЕСТАТИ АЪЛОИ РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА Имрӯз, 13 июли соли 2025 дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.   Маросимро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ифтитоҳ намуда, довталабони озмунро ба муносибати ба даст овардани ғолибият самимона табрик ва таҳният гуфт. Зимни суханронии худ вазир таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо самараи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои хонандагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.   Зикр гардид, ки дар доираи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф, тайи солҳои охир садҳо муассисаҳои таълимии муосир бунёд ва азнавсозӣ гардида, низоми таълим бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин ҳама барои дарёфти истеъдодҳо ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз миёни 120 нафар довталаб, 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра гардиданд, аз ҷумла: 10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло; 39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло; 2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра; 19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло; 3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра.   Дар идомаи маросим ба ғолибон «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.   Ҳамчунин хонандагон, волидайн ва омӯзгорон эҳсосоти хурсандии худро баён намуда, пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати таҳсил ва рушду нумуи қобилиятҳои ҷавонон изҳори сипос карданд. Онҳо ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илм барои ташкили шаффофият ва сатҳи баланди баргузории озмун миннатдорӣ намуданд.

    104

    13.07.2025
  •  img
    Ифтитоҳи бинои нави тарабхонаи “Кайҳон” дар шаҳри Бӯстон 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати Маҷмааи муосири “Кайҳон”-и ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои нави тарабхонаро  ифтитоҳ намуданд.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир боз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардиданд.   Иншооти навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 1500 метри мураббаъ сохта шудааст.   Дар ошёнаи якуми бинои муосир ошхонаи замонавӣ бо 300 ҷойи нишаст фароҳам гардидааст. Инчунин бинои навбунёд дорои таҳхона барои нигоҳдории маҳсулот ва айвони калону барҳаво мебошад.   Хизматрасонӣ дар тарабхонаи Маҷмааи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки давоми 24 соат мизоҷон метавонанд аз он истифода намуда, истироҳати худро комил гардонанд.   Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кул ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом мулоқот намуданд.   Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ бенасибшуда бозгӯ аз маариди таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби Ҳукумати кишвар арзёбӣ мешавад.   Зимни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои зарурӣ, саривақтӣ ва муассир меандешад.   Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Пешвои миллат барои ятимон хони пурнозу неъмат ороста гардида, ҳамчунин, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Туҳфаҳо аз сару либос ва лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва кумакҳои пулӣ иборат буд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бобати нигоҳубини хуби ятимон дастуру тавсияҳо дода, худи онҳоро ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

    89

    13.07.2025