13.07.2025

Имрӯз, 13 июли соли 2025 дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
Маросимро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ифтитоҳ намуда, довталабони озмунро ба муносибати ба даст овардани ғолибият самимона табрик ва таҳният гуфт. Зимни суханронии худ вазир таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо самараи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои хонандагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Зикр гардид, ки дар доираи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф, тайи солҳои охир садҳо муассисаҳои таълимии муосир бунёд ва азнавсозӣ гардида, низоми таълим бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин ҳама барои дарёфти истеъдодҳо ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз миёни 120 нафар довталаб, 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра гардиданд, аз ҷумла:
10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло;
39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло;
2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра;
19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло;
3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра.
Дар идомаи маросим ба ғолибон «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.
Ҳамчунин хонандагон, волидайн ва омӯзгорон эҳсосоти хурсандии худро баён намуда, пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати таҳсил ва рушду нумуи қобилиятҳои ҷавонон изҳори сипос карданд. Онҳо ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илм барои ташкили шаффофият ва сатҳи баланди баргузории озмун миннатдорӣ намуданд.