17.07.2026
Фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи соҳавӣ ба роҳ монда мешавад. Давлат барои таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷониба заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Дар ташкили фаъолияти истироҳатгоҳҳо нақши муассис, роҳбарият, кормандони педагогӣ ва дигар мутахассисон муҳим мебошад.
Вазифаҳои асосии роҳбарияти истироҳатгоҳҳо аз инҳо иборатанд:
- таъмини бехатарии кӯдакон;
- ташкили ғизои босифат;
- таҳияи барномаҳои тарбиявӣ;
- интихоб ва омодасозии кадрҳо;
- назорати ҳолати санитарӣ;
- ташкили фаъолияти фарҳангӣ ва варзишӣ.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ташкили истироҳатгоҳҳо, таъмини дастрасии баробар ба истироҳати босифат мебошад. Ба ин раванд, кӯдакони ятим, бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, инчунин, хонандагони фаъол ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо бештар фаро гирифта мешаванд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методиро амалӣ намуда, барои таҳияи барномаҳои таълимию тарбиявӣ, омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани сифати фаъолияти истироҳатгоҳҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Таътили тобистона на танҳо фурсати истироҳат аз раванди таълим, балки имконияти муҳим барои барқарор намудани неруи ҷисмонӣ ва равонӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ, ташаккули малакаҳои иҷтимоӣ ва ғанӣ гардонидани таҷрибаи зиндагии кӯдакону наврасон мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳатгоҳҳои тобистона ҳамчун яке аз шаклҳои муҳимми таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуда, барои ташкили муҳити солими таълимию тарбиявӣ ва фароғатӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар ин муассисаҳо хонандагон дар баробари истироҳат ба чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ, экологӣ ва эҷодӣ ҷалб гардида, имконият пайдо мекунанд, ки истеъдод ва қобилиятҳои худро рушд диҳанд, муносибатҳои нави иҷтимоиро аз худ намоянд ва фарҳанги ҳамкориро тақвият бахшанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми муҳити истироҳатгоҳӣ, ташкили фазои мусоиди иҷтимоӣ мебошад. Дар як гурӯҳ ҷамъ омадани кӯдакон аз минтақаҳо муҳити иҷтимоӣ ва оилаҳои гуногун барои ташаккули малакаҳои муошират, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар чунин муҳит кӯдак таҷрибаи нави иҷтимоӣ андӯхта, муносибатҳои байниҳамдигариро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Самти муҳими дигари фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистона, солимгардонии кӯдакону наврасон мебошад. Дар давоми соли таҳсил хонандагон зери таъсири сарбории ҷисмонӣ ва равонӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки таътили тобистона барои барқарор намудани неруи ҷисмонӣ, равонӣ ва таҳкими саломатӣ мусоидат мекунад.
Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, ки одатан дар минтақаҳои дорои иқлими мусоид, ҳавои тоза ва муҳити табиии солим ҷойгир шудаанд, барои амалӣ намудани барномаҳои солимгардонӣ имкониятҳои васеъ доранд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ, бозиҳои серҳаракат, мусобиқаҳои варзишӣ, сайругашт ва саёҳатҳои экологӣ вазъи ҷисмонию равонии хонандагонро беҳтар месозанд.
Дар ҷумҳурӣ як қатор истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаъолият доранд: Аз ҷумла, истироҳатгоҳҳои «Шарора», «Зимчуруд», «Ҳамсафар», «Файзи истиқлол».
Дар вилояти Суғд истироҳатгоҳҳои «Гагарин», дар шаҳри Исфара «Парасту», дар шаҳри Конибодом «Бародархон», дар ноҳияи Ашт, Маркази солимгардонии Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ғайра фаъолият менамоянд.
Дар вилояти Хатлон низ истироҳатгоҳҳои «Шарора» ва «Офтобак» дар истироҳати тобистонаи хонандагон саҳм мегузоранд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарназардошти хусусиятҳои табиии минтақа истироҳатгоҳҳои «Сағирдашт», «Зинг» ва «Саодат» барои истироҳат ва солимгардонии кӯдакон шароити мусоид доранд.
Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ташкили истироҳатгоҳҳои солимгардонии наздимуассисавии тобистона ташкил карда мешаванд. Ин нишон медиҳад, ки истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таълимӣ ҳамчун шакли дастрас ва самараноки ташкили истироҳати кӯдакон аҳаммияти калон пайдо намудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки дар боло қайд кардем, истироҳатгоҳҳо асосан ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд: истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии солимгардонӣ ва истироҳатгоҳҳои солимгардонии наздимуассисавӣ.
Ҳар ду навъи истироҳатгоҳҳо ҳадафи умумӣ доранд-таъмини истироҳати ҳифзи саломатӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва ташаккули малакаҳои иҷтимоии хонандагон. Бо вуҷуди ин, онҳо аз рӯйи ҷойгиршавӣ, муҳити фаъолият, давомнокии бастҳо ва муҳтавои барномаҳои тарбиявӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ шакли маъмули ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон мебошанд. Онҳо одатан дар минтақаҳои дорои иқлими мусоид ва ҳавои тоза ҷойгир гардида, барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи хонандагон мусоидат менамоянд.
М. ДАВЛАТЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии
муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ